Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2014, № 187
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистои "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Тартиби ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2014, № 187 "Дар бораи Тартиби ташкил ва гузароиидани экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ" тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
- сархатҳои якум ва дуюми банди 2 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"- аризадиҳанда - шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба мақоми экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ барои гузаронидани экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсози муроҷиат кардааст;
- мақоми экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ (минбаъд - мақоми экспертизаи давлатӣ) - раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуқуқи гузаронидаии экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозиро дорад;";
- дар банди 3 калимаҳои "Мақоми экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ (минбаъд - мақоми экспертизаи давлатӣ)" ба калимаҳои "Мақоми экспертизаи давлатӣ" иваз карда шаванд;
- дар банди 7 калимаҳои "Экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ" ба калимаҳои "Экспертизаи давлатӣ" иваз карда шаванд;
- дар бандҳои 26 ва 28 калимаҳои "мақоми экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ" ба калимаҳои "мақоми экспертизаи давлатӣ" иваз карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 6 январи соли 2018 № 2
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 13 марта 2014 года, №187
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Внести в Порядок организации и проведения государственной экспертизы градостроительной документации, утверждённый постановлением Правительства Республики Таджикистан от 13 марта 2014 года, №187 "О порядке организации и проведения государственной экспертизы градостроительной документации", следующие изменения:
- абзацы первый и второй пункта 2 изложить в следующей редакции:
"- заявитель - физическое и юридическое лицо, обратившееся в орган государственной экспертизы градостроительной документации для проведения государственной экспертизы градостроительной документации;
- орган государственной экспертизы градостроительной документации (далее - орган государственной экспертизы) управление вневедомственной государственной экспертизы градостроительной документации Комитета по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан, которое в соответствии с нормативными правовыми актами имеет право проводить государственную экспертизу градостроительной документации;";
- в пункте 3 слова "Орган государственной экспертизы градостроительной документации" (далее - орган государственной экспертизы)" заменить словами "Орган государственной экспертизы";
- в пункте 7 слова "Государственная экспертиза градостроительной документации" заменить словами "Государственная экспертиза";
- в пунктах 26 и 28 слова "органом государственной экспертизы градостроительной документации" и "орган государственной экспертизы градостроительной документации" соответственно заменить словами "органом государственной экспертизы" и "орган государственной экспертизы".
Председатель
Правительства Pecпублики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 6 января 2018 года, №2