Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии "Тоҷикфилм"
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" ҳамчун сохтори алоҳида дар заминаи киностудияи "Тоҷикфилм" ва корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои "Тоҷиккино" таъсис дода шавад.
2. Оиннома ва сохтори муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
3. Шумораи ниҳоии кормандони муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" 312 воҳид аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ муқаррар карда шавад.
4. Ба муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" иҷозат дода шавад, ки 2 муовини директор, аз ҷумла як муовини якум ва инчунин ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи банди 3 қарори мазкур аз 1 январи соли 2018 фонди музди меҳнат ва маблағгузории дигар хароҷоти вобаста ба фаъолияти муассисаи давлатии "Тоҷикфилм"-ро таъмин намояд.
6. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаи давлатии "Тоҷикфилм", киностудияи "Тоҷикфилм" ва корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои "Тоҷиккино"-ро ҳал намояд.
7. Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон банақшагирӣ ва пешбинӣ намудани маблағҷудокуниро дар нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ барои соли 2019 ва солҳои оянда ҷиҳати таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ оид ба ҳифз ва рушди кинематографияи миллӣ амалӣ намоянд.
8. Аз Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 610 "Дар бораи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ карда шудааст, сархатҳои панҷум ва шашум хориҷ карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 29 декабри соли 2017 № 598
ш.Душанбе