Оинномаи муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" аз 29 декабри соли 2017 № 598

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2017, № 598

 

ОИННОМАИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКФИЛМ"

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

1. Оиннномаи мазкур асосҳои фаъолияти истеҳсолӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии муассисаи давлатии "Тоҷикфилм"-ро (минбаъд "Тоҷикфилм") муайян мекунад.

2. "Тоҷикфилм" дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кино", қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин Оинномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.

3. Муассиси "Тоҷикфилм" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

4. "Тоҷикфилм" тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилоти соҳаи кинематогрфия ба роҳ мемонад.

5. "Тоҷикфилм" шахси ҳуқуқӣ буда, аз рӯзи бақайдгирии давлатии он таъсисёфта ба ҳисоб меравад.

6. "Тоҷикфилм" чун мақоми фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатиро дар соҳаи кино амалӣ гардонида, фаъолияти филмофарии худро ба забони давлатӣ ва дар ҳолати зарурӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҷумаи филмҳоро ба забонҳои русӣ ва англисӣ ба роҳ мемонад.

7. "Тоҷикфилм" дорои молу мулки давлатӣ бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ буда, дар сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои суратҳисоби буҷетӣ ва махсус, муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ ба забони давлатӣ ва русӣ, нишона, аломати нашрӣ ва тамғаи молӣ, харҷнома ва тавозуни мустақил мебошад.

8. "Тоҷикфилм" ҳуқуқ дорад, ки аз номи худ шартномаҳо бандад, ҳуқуқҳои молумулки ва шахсии ғайримолумулкиро ба даст оварда, онҳоро амалӣ намояд, уҳдадорӣ ба зимма гирад, дар суд ба ҳайси даъвогар ва ҷавобгар баромад намояд.

9. "Тоҷикфилм" аз нигоҳи эҷоди мустақил ва дар назди муассис ҳисоботдиҳанда мебошад. Назорати фаъолияти филмофарии "Тоҷикфилм" аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

10. Суроғаи ҳуқуқии "Тоҷикфилм": Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод, 25.

2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ "ТОҶИКФИЛМ"

11. Мақсад ва вазифаҳои асосии "Тоҷикфилм" аз инҳо иборатанд:

- амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи кино;

- тарғиби асосҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона тавсиф карда, сиёсати он ба фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон, талқини ғояҳои ваҳдати миллӣ, волоияти арзишҳои умумибашарӣ, демократӣ, сулҳ ва инсондӯстӣ равона карда шудааст;

- мусоидат ба равандҳои рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар асоси эҳтироми ҳуқуқ ва озодии шахсият, ки бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ муайян гаштаанд;

- тарғиби самтҳои сиёсати давлат дар соҳаи филмофарӣ, усулҳои татбиқи он дар асоси такмили фаъолияти касбӣ ва хоҷагидорӣ;

- мусоидат ба рушди фарҳанги ҳуқуқӣ, дастгирӣ ва тарғиби ташаббусҳое, ки ба рушди дӯстиву ҳамкории ҳамаи миллату халқиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд;

- баланд бардоштани сатҳи тарбияи ватандӯстӣ, интернатсионалистӣ, эстетикӣ, ҷисмонии аҳолӣ;

- инкишофи фаъолияти эҷодии кӯдакон ва ҷавонон;

- мусоидат ба эҳёи анъанаҳои фарҳанги миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ;

- баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ;

- ҳамоҳангии ҳамкорӣ дар соҳаи филмофарӣ ва рушди маркетингу менеҷменти кинои тоҷик;

- паҳнкунӣ ва намоиши кино ва видео, ҷустуҷӯи роҳҳои нав ва дар амал татбиқ намудани онҳо;

- таъмини рушди кинематография ва санъати аудиовизуалии миллӣ;

- таҳкими заминаи ҳуқуқии сохторҳои кинову видео;

- баҳодиҳӣ ва додани хулосаҳо барои нашру нусхабардории минбаъда;

- иштирок дар муайян намудани сиёсати нархгузории билетҳои кино ва тартиби кори толорҳои намоиши кино ва видео;

- ташкил намудани шароити зарурӣ оид ба ҳифз ва намоиши наворҳои миллӣ;

- ташкили назорати фаъолияти толорҳои видеоӣ ва нуқтаҳои нусхабардорӣ, фурӯш ва ба кироя додани видеокассетаҳо ва аудиокассетаҳо, пешгирӣ намудан ва роҳ надодан ба намоиш ва фурӯши филмҳои порнографӣ, талқинкунандаи ваҳшонияту зӯроварӣ ва тарғиботи дигар, ки ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои ахлоқии мардуми Тоҷикистон мухолифанд;

- тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон додани иҷозатномаҳо ва гувоҳномаҳо ба фаъолият дар соҳаи намоиши оммавии кино, фурӯши дискҳо, нуқтаҳои бозиҳои компютерӣ, сабти мусиқӣ, видеобозиҳо, истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ ва видеофилмҳо;

12. Мувофиқи мақсадҳои зикршуда "Тоҷикфилм" вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

- истеҳсол ва намоиши филмҳои бадеӣ ва мустанаду таърихие, ки ба инъикоси фаъолияти Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои ҳуқуқу вазифаҳои конститутсионии онҳо дар соҳаи амнияту ободии кишвар, беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди фарҳанги миллӣ равона карда шудаанд;

- тарғиби арзишҳои фарҳангии пешрафтаи милливу умумибашарӣ, ғояҳои ватандӯстӣ ва эҳтироми ҳуқуқҳои инсон;

- истеҳсол ва намоиши филмҳои бадеӣ, таърихӣ, мустанад ва маърифатӣ, ки дастовардҳои замони истиқлолиятро инъикос менамоянд ва рушди ғояҳои ватандӯстӣ, маърифатнокӣ ва арзишҳои милливу ҷаҳониро тарғиб менамоянд;

- хизматрасонии дизайнерӣ;

- ташкили студияи дубляжи филмҳо ва дигар студияҳо, инчунин таҷдид ва танзими бойгонии "Тоҷикфилм" (филмотека, фонотека ва видеотека);

- дар асоси шартнома ба роҳ мондани ҳамкориҳои эҷодӣ, истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ бо дигар ташкилоту муассисаҳои байналмилалӣ ва ватанӣ дар соҳаи филмофарӣ (кироя);

- харидорӣ намудани филмҳои ҳунарӣ, мустанад ва тасвирӣ барои рушди ҳамкориҳои соҳавӣ;

- татбиқи амалии дигар намудҳои фаъолияти истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ва молиявие, ки ба мақсаду вазифаҳои "Тоҷикфилм" мувофиқат намуда, бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нагаштаанд.

3. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ "ТОҶИКФИЛМ"

13. "Тоҷикфилм" ҳуқуқ дорад:

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти даромаднок машғул шавад;

- аз ҳисоби фаъолияти тиҷоратии худ маблағҳои муайян ба даст оварда, онро тибқи тартиби муқарраргардида харҷ намояд;

- фаъолияти иқтисодии хориҷии худро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монад, маҳсулоти кинои худро берун аз кишвар паҳн намояд ва муомилоти дигарро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур манъ накардааст, ба ҷо орад;

- дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагиҳо ва нуқтаҳои филмофарӣ кушояд;

- арзиши хизматрасонӣ ва маҳсулоти худро дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намояд;

- намоиши оммавии филмҳо (дистрибутсия) ва фурӯши маводи аудаовизуалиро дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз он ба роҳ монда, аз ҳисоби даромади бадастомада ҳар сол на кам аз 3 филми мустанад ва 2 филми бадеӣ таҳия ва маоши кормандони вобасташударо, новобаста аз теъдодашон пардохт намояд;

- ҳуқуқҳои дигарро, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассисаҳои ғайритиҷоратӣ муайян карда шудаанд, доро бошад.

14. "Тоҷикфилм" уҳдадор аст:

- талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи фарҳангу филмофарӣ риоя намояд;

- супоришу дастурҳои муассисро тибқи тартиби муқаррарнамуда ба иҷро расонад.

4. МОЛУ МУЛКИ "ТОҶИКФИЛМ"

15. Молу мулки "Тоҷикфилм" аз фондҳои асосӣ ва воситаҳои гардон, инчунин молу мулки дигар, ки бо қарори муассис ба тавозуни мустақили "Тоҷикфилм" аз ҳисоби якҷояшавии корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои "Тоҷиккино" ворид шудааст, иборат мебошад.

16. Молу мулки "Тоҷикфилм" моликияти давлатӣ буда, ба "Тоҷикфилм" бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ вобаста карда шудааст.

17. Манбаъҳои ташаккули молу мулки манқул ва ғайриманқули "Тоҷикфилм" инҳоянд:

- маблағҳои пулие, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо карда мешаванд;

- воситаҳои маблағгузории мақсадноки барномаҳои лоиҳавию соҳавӣ;

- даромадҳое, ки аз фаъолияти тиҷоратии "Тоҷикфилм" ба даст омадаанд;

- маблағҳои грантӣ ва қарзҳои хазинаҳои ёрирасони байналмилалӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва фондҳои хайриявӣ.

5. ИДОРАКУНИИ "ТОҶИКФИЛМ"

18. Идоракунии "Тоҷикфилм" мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оиннома амалӣ карда мешавад.

19. Роҳбари бевоситаи "Тоҷикфилм" директор аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

20. Мақоми олии идоракунии "Тоҷикфилм" ҳайати мушовара мебошад, ки ба он директор, муовини якум ва муовини директор, роҳбарони зерсохторҳои идоравӣ, дигар кормандони масъул ва эҷодкор дохил мешаванд. Рӯйхати ҳайати мушовара аз ҷониби директори "Тоҷикфилм" дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

21. Ваколатҳои муассис:

- даректор ва муовинони онро бо тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- масъалаи барҳамдиҳӣ ва азнавташкилдиҳии "Тоҷикфилм"-ро баррасӣ мекунад.

22. Ваколатҳои ҳайати мушовара:

- оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи "Тоҷикфилм" таклифҳо пешниҳод мекунад;

- дар бораи фаъолияти эҷодии минбаъдаи "Тоҷикфилм" қарорҳо мебарорад;

- ҷиҳати бетаъхир истеҳсол намудани филмҳои "Тоҷикфилм" ва рақобатпазирии онҳо дар бозори ҷаҳонӣ тадбирҳои иловагӣ меандешад;

- қарорҳои ҳайати мушовараро ҷиҳати бо фармони директор ба расмият даровардан пешниҳод мекунад.

23. Ваколатҳои директор:

- фаъолияташро аз номи "Тоҷикфилм" мустақилона амалӣ мекунад, молу мулк ва маблағҳои "Тоҷикфилм"-ро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон идора менамояд, манфиатҳои "Тоҷикфилм"-ро аз рӯи масъалаҳои ба салоҳияташ дахлдошта дар назди созмонҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳимоя менамояд, қарордоду созишномаҳо мебандад, дар бонкҳо суратҳисоб ва дигар ҳисобҳо мекушояд;

- уҳдадориҳои вазифавии муовинони худ ва роҳбарони дигар воҳидҳои сохториро муқаррар менамояд;

- ҷадвали воҳидҳои кории кормандон ва сметаи хароҷоти "Тоҷикфилм", низомномаи зерсохторҳои идоравии "Тоҷикфилм"-ро тасдиқ мекунад;

- дар доираи салоҳияти худ амру дастурамалҳо мебарорад, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаву қарордоди меҳнатӣ мебандад ва кормандони "Тоҷикфилм"-ро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, чораҳои ҳавасмандӣ ва маъмуриро нисбат ба онҳо татбиқ менамояд, тартиб ва намудҳои ҳавасмандгардонии онҳоро муқаррар менамояд;

- иҷрои нақшаҳои ҷориву дурнамо, ҳамчунин қарорҳои ҳайати мушовараро тасдиқ менамояд;

- ба кори ҳайати мушовара ва фаъолияти ҳамарӯзаи кормандони "Тоҷикфилм" роҳбарӣ менамояд;

- номзадии муовинонро ҷиҳати ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- барои иҷрои вазифа ва уҳдадориҳои ба зиммаи "Тоҷикфилм" вогузошта масъулияти шахсӣ дорад.

6. АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ "ТОҶИКФИЛМ"

24. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии "Тоҷикфилм" мутобиқи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурш Тоҷикистон амалӣ мегардад.

 

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2017, № 598

 

Сохтори муассисаи давлатии "Тоҷикфилм"

1. Дастгоҳи идоракунӣ

Директор

Муовини якуми директор оид ба корҳои эҷодӣ

Муовини директор оид ба намоиш ва паҳнкунии филмҳо

Сармуҳандис

Шуъбаи кадрҳо ва коргузорӣ

Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ

Маркази такмили ихтисос

Шуъбаи аудиторӣ

Шуъбаи хизматрасонӣ

Шуъбаи хоҷагидорӣ

Шуъбаи бойгонӣ

Шуъбаи посбонон

2. Раёсати молия, ҳисобдорӣ, банақшагирӣ ва истеҳсолот

Шуъбаи молия ва ҳисобдорӣ

Шуъбаи банақшагирӣ ва истеҳсолот

3. Сарраёсати маркази техникӣ ва истеҳсоли филмҳо

Шуъбаи наворбардорон

Шуъбаи садобардорон

Шуъбаи равшандиҳандагон

Шуъбаи танзим ва дубляж

Шуъбаи нақлиёт

Шуъбаи механикӣ

Шуъбаи ороиши саҳна

Шуъбаи филмҳои ҳунарӣ ва ҳуҷҷатӣ

Шуъбаи филмҳои тасвирӣ

Шуъбаи намоиши аввал

Майдончаи наворбардории Симиганҷ

4. Сарраёсат оид ба паҳнкунӣ, намоиши филмҳо, иҷозатномадиҳӣ ва назорати маводи аудиовизуалӣ

Шуъбаи назорат оид ба паҳнкунӣ ва намоиши филмҳо

Шуъбаи маркетинг

Шуъбаи тиҷорат ва нусхабардорӣ

Шуъбаи бақайдгирии филмҳо

Шуъбаи иҷозатномадиҳӣ

Шуъбаи нозирот ва назорати маводи аудиовизуалӣ

Шуъбаи ташхис

5. Раёсати истеҳсол, паҳнкунӣ, намоиши филмҳо, иҷозатномадиҳӣ ва назорати маводи аудиовизуалӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

6. Раёсати истеҳсол, паҳнкунӣ, намоиши филмҳо, иҷозатномадиҳӣ ва назорати маводи аудиовизуалӣ дар вилояти Хатлон

7. Раёсати истеҳсол, паҳнкунӣ, намоиши филмҳо, иҷозатномадиҳӣ ва назорати маводи аудиовизуалӣ дар вилояти Суғд

8. Раёсати истеҳсол, паҳнкунӣ, намоиши филмҳо, иҷозатномадиҳӣ ва назорати маводи аудиовизуалӣ дар шаҳри Душанбе

 

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 29 декабря 2017 года, №598

УСТАВ ГОСУДАРСТВЕННОГО УЧРЕЖДЕНИЯ "ТОЧИКФИЛМ"

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Настоящий устав определяет основы производственной, организационной, правовой, и социально - экономической деятельности государственного учреждения "Точикфилм" (далее - "Точикфилм").

2. В своей деятельности "Точикфилм" руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, Закон Республики Таджикистан "О кино", законами Республики Таджикистан, указами и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, постановлениями Правительства Республики Таджикистан, нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, а также настоящим Уставом.

3. Учредителем "Точикфилм" является Правительство Республики Таджикистан.

4. "Точикфилм" в соответствии с установленными нормативными правовыми актами Республики Таджикистан осуществляет свою деятельность во взаимодействии с центральными и местными исполнительными органами государственной власти, международными и общественными организациями и другими организациями в сфере кинематографии.

5. "Точикфилм" является юридическим лицом и считается созданным со дня государственной регистрации.

6. "Точикфилм", как культурный орган Правительства Республики Таджикистан осуществляет государственную политику в области кино и свою деятельность по производству фильмов на государственном языке и по необходимости обеспечивает перевод фильмов на русский и английский языки в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

7. "Точикфилм" имеет государственную имущество на правах оперативного управления, бюджетный и специальные счета в Главном управлении казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан, печать с изображением Государственного герба Республики Таджикистан и своего названия на государственном и русском языках, логотип, эмблему, издательский и товарный знаки, смету и самостоятельный баланс.

8. "Точикфилм" вправе заключать от своего имени договора, приобретать и осуществлять личные имущественные и неимущественные права, принимать обязательства, выступать истцом и ответчиком в суде.

9. "Точикфилм" с творческой точки зрения самостоятелен и подотчетен учредителю. Контроль за деятельностью "Точикфилма" по производству фильмов осуществляется Правительством Республики Таджикистан.

10. Юридический адрес "Точикфилма": Республика Таджикистан, город Душанбе, улица Бехзод, 25.

2. ОСНОВНЫЕ ЦЕЛИ И ЗАДАЧИ "ТОЧДКФИЛМ"

11. Основными целями и задачами "Точикфилма" являются:

- пропаганда основ Конституции Республики Таджикистан, характеризующих Республику Таджикистан как суверенное, демократическое, правовое, светское, унитарное и целостное государство политика которой направлена на создание благоприятных условий для достойной жизни и свободного развития каждого человека, пропаганда идей национального единства, верховенства общечеловеческих, демократических ценностей, мира и гуманизма;

- содействие процессам политического, социально - экономического и культурного развития Таджикистан на основе уважения прав и свобод личности, определенных Конституцией Республики Таджикистан и другими международными правовыми актами;

- пропаганда направлений политики государства в сфере производства фильмов, методов его реализации, основанных на совершенствовании профессиональной и хозяйственной деятельности;

- содействие развитию правовой культуры, поддержка и пропаганда инициатив, направленных на развитие дружбы и сотрудничества всех наций и народностей Республики Таджикистан;

- повышение уровня патриотического, интернационального, эстетического и физического воспитания населения;

- развитие творческой деятельности детей и молодёжи;

- содействие в деле возрождения традиций национальной культуры, защиты национальных ценностей в условиях глобализации;

- повышение уровня просвещения и правовых знаний населения;

- координирование сотрудничества в сфере фильмопроизводства и развитие маркетинга и менеджмента таджикского кино;

- прокат и показ кино и видео, поиск новых путей и их реализация на практике; обеспечение развития кинематографии и национальных, аудиовизуальных искусств;

- укрепление правовой базы структур кино и видео;

- оценка и выдача заключений для дальнейшего издания и копирования;

- участие в определении политики установления цен на билеты кино и порядок работы кино и видеодемонстрационных залов;

- создание необходимых условий для защиты и показа национальной кинопродукции;

- организация контроля за деятельностью видеозалов и пунктов копирования, продажи и проката видеокассет, аудиокассет, предотвращение и запрет показа и продажи порнографических фильмов, фильмов, пропагандирующих жестокость, насилие и другую агитацию, противоречащих требованиям законодательства Республики Таджикистан и нравственным нормам населения Таджикистана;

- выдача лицензий и свидетельства на деятельность в сфере массового показа кино, продажа дисков, точек компьютерных игр, записи музыки, видеоигр, производства аудиовизуальной продукции и видеофильмов в соответствии с действующим законодательством Республики Таджикистан.

12. В соответствии с указанными целями "Точикфилм" выполняет следующие задачи:

- производство и демонстрация художественных и документально-исторических фильмов, направленных на освещение деятельности Президента и Правительства Республики Таджикистан по выполнению их конституционных прав и задач в областях безопасности и благоустройства страны, улучшения уровня жизни населения, развития национальной культуры;

- пропаганда передовых национальных и общечеловеческих культурных ценностей, идей патриотизма и уважения прав человека;

- производство и демонстрация художественных, исторических, документальных и просветительских фильмов, освещающих достижения периода независимости и пропагандирующих развитие идей патриотизма, просвещения, национальных и мировых ценностей;

- оказание дизайнерских услуг;

- создание студии дубляжа фильмов и других студий, а также обновление и упорядочение архива "Точикфилм" (фильмотеки, фонотеки и видеотеки);

- осуществление на основе договора творческого, производственного и торгового сотрудничества с другими отечественными и международными организациями и учреждениями в сфере производства (проката) фильмов;

- закупка художественных, документальных и анимационных фильмов для развития отраслевого сотрудничества;

- практическое осуществление иных видов производственной, торговой и финансовой деятельности, соответствующих целям и задачам "Точикфилм", не запрещённых законодательством Республики Таджикистан.

3. ПРАВА И ОБЯЗАННОСТИ "ТОЧИКФИЛМ"

13. "Точикфилм" имеет право:

- заниматься прибыльной деятельностью в соответствии с порядками установленными законодательством Республики Таджикистан;

- в установленном порядке получать за счёт своей коммерческой деятельности определённые денежные средства и расходовать их;

- осуществлять свою внешнеэкономическую деятельность в соответствии с законодательством Республики Таджикистан и распространять свою кинопродукцию за пределами страны, осуществлять иные действия, не запрещённые законодательством Республики Таджикистан и настоящим Уставом;

- в соответствии с законодательством Республики Таджикистан открывать представительства и пункты по производству фильмов на территории Республики Таджикистан и за её пределами;

- по согласованию с Антимонопольным агентством при Правительстве Республики Таджикистан определять стоимость своих услуг и продукций;

- осуществляет дистрибуцию фильмов на территории республики и за её пределами, за счёт вырученного дохода ежегодно производит не менее 3 документальных и 2 художественных фильмов и выплачивает заработную плату сотрудникам занимающихся дистрибуцией, независимо от их количества;

- обладать иными правами, определенными законодательством Республики Таджикистан для некоммерческих организаций.

14. "Точикфилм" обязан:

- соблюдать требования нормативных правовых актов Республики Таджикистан в сфере культуры и производства фильмов;

- в установленном порядке выполнять поручения и указания учредителя.

4. ИМУЩЕСТВО "ТОЧИКФИЛМА"

15. Имущество "Точикфилма" состоит из основных фондов и оборотных средств, а также другого имущества, находящего по решению учредителя на самостоятельном балансе "Точикфилма" за счёт присоединения государственного унитарного предприятия кино и видео "Точиккино".

16. Имущество "Точикфилм", являясь государственной собственностью, закреплено за "Точикфилм"-ом на правах оперативного управления.

17. Источники формирования движимого и недвижимого имущества "Точикфилм"-а:

- денежные средства, выделенные за счёт государственного бюджета;

- средства целевого финансирования отраслевых и проектных программ;

- прибыль, полученная от коммерческой деятельности "Таджикфильма";

- грантовые средства и кредиты международных вспомогательных фондов, юридических лиц и благотворительных фондов.

5. УПРАВЛЕНИЕ "ТОЧИКФИЛМОМ"

18. Управление "Точикфилм"-ом осуществляется в соответствии с законодательством Республики Таджикистан и настоящим Уставом.

19. Непосредственным руководителем "Точикфилма" является директор, назначаемый и освобождаемый от должности Правительством Республики Таджикистан.

20. Высшим органом управления "Точикфилм" является коллегия, в которую входят директор, первый заместитель и заместителя директора, руководители подведомственных структур другие ответственные и творческие работники. Члены коллегии, за исключением директора и его заместителей, входящих в ее состав по должности, утверждаются Правительством Республики Таджикистан по представлению директора.

21. Полномочия учредителя:

- в установленном порядке назначает на должность и освобождает от должности директора и его заместителей;

- рассматривает вопросы ликвидации и реорганизации "Точикфилм",

22. Полномочия коллегии:

- вносит предложения по внесению изменений и дополнений в Устав "Точикфилм";

- принимает решения о дальнейшей творческой деятельности "Точикфилм";

- принимает дополнительные меры по безотлагательному производству фильмов "Точикфилм" и их конкурентоспособности на мировом рынке;

- представляет решения коллегии для их официального оформления приказом директора.

23. Полномочия директора:

- самостоятельно осуществляет деятельность от имени "Точикфилм", управляет имуществом и денежными средствами "Точикфилм" согласно действующему законодательству Республики Таджикистан, защищает интересы "Точикфилм" по вопросам, касаемым его компетенции перед зарубежными и международными организациями, юридическими и физическими лицами, заключает договоры и соглашения, открывает в банках расчётный и другие счета;

- устанавливает должностные обязанности своих заместителей и руководителей других подведомственных структур;

- утверждает штатное расписание работников и смету расходов "Точикфилм", положения о подведомственных структурах "Точикфилм";

- издаёт распоряжения и руководства в рамках своей компетенции, заключает трудовые соглашения и договоры в соответствии с законодательством Республики Таджикистан, назначает на должность и освобождает от должности работников "Точикфилм"-а, применяет к ним поощрительных и административные меры, устанавливает порядок и виды поощрения для них;

- утверждает выполнение текущих и перспективных планов, а также решения коллегии;

- руководит работой коллегии и ежедневной деятельностью работников "Точикфилм";

- представляет кандидатуры заместителей для назначения на должность и освобождения от должности в Правительство Республики Таджикистан;

- несёт персональную ответственность за выполнение задач и обязанностей, возложенных на "Точикфилм".

6. РЕОРГАНИЗАЦИЯ И ЛИКВИДАЦИЯ "ТОЧИКФИЛМ"

24. Реорганизация и ликвидация "Точикфилм" осуществляется постановлением Правительства Республики Таджикистан в соответствии с требованиями Гражданского кодекса Республики Таджикистан.

Приложение 2

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан 

от 29 декабря 2017 года, №598

Структура государственного учреждения "Точикфилм"

1. Аппарат управления

Директор

Первый заместитель директора по творческой работе

Заместитель директора по прокату и показу фильмов

Главный инженер

Отдел кадров и делопроизводства

Отдел международных отношений

Центр повышения квалификации

Аудиторский отдел

Отдел обслуживания

Хозяйственный отдел

Отдел архива

Отдел охраны

2. Управление финансов, бухгалтерского учёта, планирования и производства

Отдел финансов и бухгалтерского учёта

Отдел планирования и производства

3. Главное управление по техническому обслуживанию и производству фильмов

Отдел операторов

Отдел звукорежиссёров

Отдел осветителей

Отдел монтажа и дубляжа

Отдел транспорта

Механический отдел

Отдел сценической декорации

Отдел художественных и документальных фильмов

Отдел анимационных фильмов

Отдел дебюта

Съёмочная площадка Симигандж

4. Главное управление по прокату, показу фильмов, лицензированию и контролю над аудиовизуальной продукцией

Отдел контроля над прокатом и показом фильмов

Отдел маркетинга

Отдел коммерции и тиража

Отдел регистрации фильмов

Отдел лицензирования

Отдел инспекции и контроля над аудиовизуальной продукцией

Отдел экспертизы

5. Управление по производству, прокату, показу фильмов, лицензированию и контролю над аудиовизуальной продукцией в Горно-Бадахшанский автономный области

6. Управление по производству, прокату, показу фильмов, лицензированию и контролю над аудиовизуальной продукцией в Хатлонской области

7. Управление по производству, прокату, показу фильмов, лицензированию и контролю над аудиовизуальной продукцией в Согдийский области

8. Управление по производству, прокату, показу фильмов, лицензированию и контролю над аудиовизуальной продукцией в городе Душанбе.