Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017 № 595 "Дар бораи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2. Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва номгӯи муассисаю ташкилотҳои системаи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).

3. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 99 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 48 воҳид муқаррар карда шавад.

4. Ба Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 3 муовини раис, аз ҷумла як муовини якум дошта бошад ва ҳайати мушовараро иборат аз 7 нафар ташкил намояд.

5. Барои Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомошинаҳои сабукрави хизматӣ 4 адад муқаррар карда шавад.

6. Маблағгузории Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ ва маблағҳои дигар дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.

7. Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдори соҳа дар муҳлати ду моҳ тибқи тартиби муқарраргардида оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намоянд.

8. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:

- аз 3 апрели соли 2007, № 182 "Дар бораи Хадамоти назорати давлатии байторӣ";

- аз 2 майи соли 2007, № 247 "Дар бораи Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ";

- аз 1 августи соли 2008, № 372 "Дар бораи Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ".

9. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2018 мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

аз 29 декабри соли 2017 № 595

ш.Душанбе