Низомномаи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017 № 595

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2017 № 595

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2017 № 595

тасдиқ шудааст

Низомномаи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, функсияҳои махсуси иҷроиявӣ, назоратӣ, иҷозатдиҳӣ ва функсияҳои дигари дар соҳаҳои байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо, ҳимояи растаниҳо, тухмӣ ва зотпарварӣ муқарраргардидаро анҷом медиҳад.

2. Кумита фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад.

3. Кумита фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо, идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ анҷом медиҳад.

4. Кумита шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забони давлатӣ, муҳру штампҳо ва бланкҳои намунаи муқарраргардида, бланкҳои нишондор, инчунин суратҳисоби дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашуда мебошад.

БОБИ 2. ВАКОЛАТҲОИ КУМИТА

5. Дар соҳаи байторӣ:

- таҳия ва тасдиқи стандартҳо, муқаррарот, дастурамалҳо ва тавсияҳо оид ба масъалаҳои байторӣ;

- ҳифзи ҳудуди мамлакат аз воридшавии барангезандаҳои бемориҳои карантинии ҳайвонот;

...

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 29 декабря 2017 года, № 595

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 29 декабря 2017 года, № 595

Положение о Комитете продовольственной безопасности при Правительстве Республики Таджикистан

ГЛАВА 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Комитет продовольственной безопасности при Правительстве Республики Таджикистан (далее - Комитет) является центральным исполнительным органом государственной власти, выполняющим специальные исполнительные, контролирующие, разрешительные и другие функции, установленные в области ветеринарии, фитосанитарии и карантина растений, защиты растений, семеноводства и племенного дела.

2. Комитет осуществляет свою деятельность на основании Конституции Республики Таджикистан, нормативных правовых актов Республики Таджикистан и международно-правовых актов, признанных Республикой Таджикистан, а также настоящего Положения.

3. Комитет осуществляет свою деятельность во взаимодействии с центральными исполнительными органами государственной власти, местными исполнительными органами государственной власти, организациями, ведомствами, общественными и международными организациями

4. Комитет является юридическим лицом, имеет печать с изображением Государственного герба Республики Таджикистан и своим наименованием на государственном языке, печати, штампы и бланки установленного образца, гербовые бланки, а также открытый в соответствии с законодательством Республики Таджикистан расчетный счёт.

ГЛАВА 2. ПОЛНОМОЧИЯ КОМИТЕТА

5. В области ветеринарии:

- разработка и утверждение стандартов, положений, инструкций и рекомендаций по вопросам ветеринарии;

- защита территории республики от заноса возбудителей карантинных болезней животных;

...