Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2017 № 972 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:

1. Аз муқаддимаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, № 143 "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва банди 2 Низомномаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, № 143 тасдиқ шудааст, калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

2. Ба Низомномаи адои хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2008, № 457 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи адои хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар бандҳои 5, 10 ва сархати нуҳуми банди 11 калимаҳои "яроқ" ва "яроқи" мувофиқан ба калимаҳои "силоҳ" ва "силоҳи" иваз ва калимаи "Сарқонуни" хориҷ карда шавад;

- аз сарсатри сеюми банди 24 аломат ва калимаҳои ", бо тариқи гузаштан аз аттестатсия" хориҷ карда шаванд;

- аз банди 28 аломат, рақам ва калимахои ", ки собиқаи умумии меҳнатии 20 - сола дорад," хориҷ карда шаванд;

- дар сарсатри панҷуми банди 52 калимаҳои "олии таҳсили 5-сола" ба калимаҳои "таҳсилоти олии касбӣ" иваз карда шаванд;

- дар ҷадвали банди 53:

- дар сутуни "Вазифа"-и сатри 2 калимаҳои "сардори Сарраёсат" ба калимаҳои "сардорони сарраёсатҳо" иваз карда шуда, калимаҳо ва аломати "пешгирии коррупсия," хориҷ карда шаванд;

- дар сутуни "Вазифа"-и сатри 3 калимаҳо ва аломати "сардорони Раёсатҳои молиявию хоҷагӣ, ҳифзи ҷисмонӣ" ба калимаҳои "Сардори раёсати молиявию хоҷагӣ", калимаи "Сарраёсат" ба калимаҳои "сарраёсатҳо ва муовинони онҳо" иваз карда шуда, пас аз калима ва аломати "Хатлон," калимаҳо ва аломати "сардори шуъбаи минтақавӣ дар водии Зарафшон," илова карда шаванд;

- дар сутуни "Вазифа"-и сатри 4 калимаҳо ва аломати "Раёсатҳои тобеъи Сарраёсат," хориҷ карда шуда, калимаҳои "фаврӣ" ва "фаврии" мутобиқан ба калимаҳои "оперативӣ" ва "оперативии" иваз карда шаванд;

- дар сутуни "Вазифа"-и сатрҳои 5 ва 6 калимаҳои "фаврӣ" ва "фаврии" мутобиқан ба калимаҳои "оперативӣ" ва "оперативии" иваз карда шаванд;

- дар банди 59:

- дар сархати якум рақами "50" ба рақами "53" иваз карда шавад;

- дар сархати дуюм рақами "55" ба рақами "58" иваз карда шавад;

- дар сархати сеюм рақами "60" ба рақами "63" иваз карда шавад;

- банди 61 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"61. Ба кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ ҳангоми аз хизмат ҷавоб шудан ва ба нафақа баромадан барои то 25 соли собиқаи хизмат ба андозаи 3 маоши таъминоти пулӣ ва барои зиёда аз 25 соли собиқаи хизмат 4 маоши таъминоти пулӣ ёрдампулии якдафъаина дода мешавад.".

3. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро бо фармони мазкур мутобиқ намояд.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ Раҳмон

 

ш.Душаанбе

27 декабри соли 2017 № 972

 

 

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в указ Президента Республики Таджикистан

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" постановляю:

1. Внести в Положение о прохождении службы в правоохранительных подразделениях Агентства по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан, утверждённое указом Президента Республики Таджикистан от 13 мая 2008 года, №457 "Об утверждении Положения о прохождение службы в правоохранительных подразделениях Агентства по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан", следующие изменения и дополнения:

- второе предложение абзацного отступа второго пункта 24 исключить;

- абзацный отступ третий пункта 24 дополнить вторым предложением следующего содержания:

"По окончанию этого срока сотрудники, находящиеся в распоряжении кадров Агентства, назначаются на должность или увольняются из органов Агентства.";

- из пункта 28 знак, цифру и слова ", имеющий 25-летний общий трудовой стаж работы," исключить;

- в абзацном отступе пятом пункта 52 слова "5- летнего высшего учебного заведения" заменить словами "учреждения высшего профессионального образования";

- в таблице пункта 53:

- в столбце "Должность" строки 2 слова "начальнику Главного управления" заменить словами "начальникам главных управлений", слова и знак "профилактики коррупции," исключить;

- в столбце "Должность" строки 3 слова "Главном Управлении" заменить словами "главных управлениях", слова и знак "начальникам финансово-хозяйственного Управления, физической защиты" заменить словами "начальнику финансово-хозяйственного управления", после слова и знака "области," дополнить словами и знаком "начальнику регионального отдела в долине Зарафшон,";

- в столбце "Должность" строки 4 слова и знак "при Главном управлении," исключить;

- в пункте 59:

- в первом абзаце цифру "50" заменить цифрой "53";

- во втором абзаце цифру "55" заменить цифрой "58";

- в третьем абзаце цифру "60" заменить цифрой "63";

- пункт 61 изложить в следующей редакции:

"61. Сотрудникам правоохранительных подразделений Агентства при увольнении со службы и выходе на пенсию выплачивается единовременное пособие при стаже службы до 25 лет в размере 3 окладов денежного содержания и при стаже службы свыше 25 лет в размере 4 окладов денежного содержания.".

2. Агентству по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан привести свои нормативные правовые акты в соответствие с настоящим указом.

Президент

Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 27 декабря 2017 года, №972