Низомномаи калкуляцияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дар корҳонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 маи соли 1999 № 210

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.10.2023 № 505 аз эътибор соқит дониста шуд

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 майи 1999 соли № 210

тасдиқ шудааст

Низомномаи калкуляцияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дар корҳонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.12.2002 № 487, аз 25.11.2021, №504)

1. Тартиби муайян кардани калкуляция

1. Калкуляция кардан - ҳисобкунии илман асосноккардашудаи арзиши аслии маҳсулот бо мақсади идоракунии истеҳсолот, аз ҷиҳати иқтисоди асоснок кардани нархҳо ва пешниҳодҳои лоиҳавӣ.

Калкуляцияи арзиши аслии маҳсулот бо мақсади таъмини инъикоси боэътимоди хароҷоти истеҳсол, фурӯши маҳсулот ва маснуоти ҷудогона дар муқоиса бо нақша (агар он вуҷуд дошта бошад) мутобиди меъёрҳои ҷорӣ, анҷом дода мешавад.

Калкуляцияи хароҷоти истеҳсоли молҳо ё ки хизматрасонии ба арзиши аслӣ дохилкардашаванда бо мақсади муайян намудани заминаи андози ва бо мақсади идоракуии истеҳсолот гузаронида мешавад.

Дар ҳама истеҳсолот объекти калкуляцияи арзиши аслии маҳсулот, маҳсулоти ҳамин истеҳсолот мебошад.

2. Вобаста ба технология ва хусусияти маҳсулот объектҳои калкуляция инҳо шуда метавонанд:

маҳсулот, қисми он, гурӯҳи маҳсулоти (супориши) якҷинса аз рӯи хароҷоти пурраи корхона ва ё аз рӯи хароҷоти воҳидҳои алоҳидаи сохторӣ:

маҷмӯи маҳсулот (ё ки як намуди маҳсулот) аз рӯи даврҳои истеҳсол ё аз зӯи равандҳои (доираҳои ҷудогона, марҳила фазаи онро ташкилдиҳанда;

навъи корҳо - дар корхонаҳои ба иҷрои навъҳои алоҳидаи корҳо махсусгардонидашуда.

3. Маҳсулоти тайёр ё нимтайёри дараҷаи гуногуни тайёрӣ вобаста ба мақсадҳои субъектҳои идоракунӣ объекти калкуляцияи арзиши аслии маҳсулот мебошад. Арзиши аслии маҳсулоти тайёр умуман маҳсулнокии фаъолияти корхонаро ифода намуда, арзиши маҳсулоти нимтайёр бошад, дар марҳилаҳои гуногуни тайёрӣ натиҷаи кори воҳидҳои алоҳидаи сохтории корҳонаҳо нишон медиҳад. Бинобар ин, калкуляцияи арзиши аслии маҳсулоти тайёр нимтайёро ҳамчун раванди ягодае арзёбӣ кардан зарур аст, ки дар рафти он натиҷаҳо дақиқ карда шуда, алоқамандии натиҷаҳои истеҳсолот бо истифодаи захираҳои сарфгардида мақаррар карда шуда, дар ин замина захираҳои сарфаҷӯи ва усулҳои сафарбаркунии онҳо муайян карда мешавад.

Воҳиди калкуляционӣ - ченаки ҳаҷми калкуляция буда ҳаҷми пурраи мушаххасоти маҳсулотро ифода мекунад. Ба сифати воҳиди калкуляция, воҳидҳои натуралии миқдории маҳсулот, воҳидҳои шартӣнатуралӣ, воҳидҳои шартии калкуляциякунонӣ, воҳидҳои меҳнатӣ, воҳидҳои кор ва воҳидҳои арзиш истифода бурда мешаванд.

Варақаи калкуляция нусхае мебошад, ки дар он ҳадди ақали (минимум) нишондиҳандаҳои зарурӣ барои кори иқтисодӣ нишон дода мешавад.

Нишондиҳандаҳои калкуляция-нишондиҳандаҳои муқоисавӣ (арзиши аслии воқеӣ, арзиши аслии давраи гузашта, арзиши аслӣ аз рӯи меъёрҳои ҷорӣ) мебошанд.

Нишондиҳандаҳои таркиб ва сохтори арзиши аслӣ-моддаҳои калкуляция.

Нишондиҳандаҳои ҷузъӣ маънидод кардани (фаҳмонидани) моддаҳои ҷудогонаи калкуляция аст.

4. Усулҳои калкуляцияи арзиши аслии маҳсулот ба технологияи таъсиррасонӣ ба воситаҳои меҳнат вобаста мебошанд.

Дар истеҳсолоти як намуди маҳсулотро истеҳсолкунанда харҷи истеҳсолот (бо назардошти тағйир ёфтани харҷи маҳсулоти нотамом ё ба ҳисоб нагирифтани он) маънои арзиши аслии ҳамин намуди маҳсулотро дорад.

Бо роҳи таксим кардани харҷи истеҳсолот ба гуруҳҳо ва моддаҳо (ё ба унсурҳо) ба миқдори маҳсулоти тайёршуда арзиши воҳиди маҳсулот муайян карда мешавад.

Дар истеҳсолоти комплекси (маҷмуавӣ) ва мураккаб, ки дар онҳо дар як раванди технологӣ аз як ашёӣ хом ва маводи ибтидоӣ, дар як вақт номгӯи васеи маҳсулот тайёр карда мешавад, аз он ҷумла ашёи меҳнат, барои калкуляция кардани арзиши намудҳои ҷудогонаи маҳсулот усулҳои зерин: баровардани хароҷот, тақсим кардани хароҷот ва усули омехта истифода мегарданд.

5. Мутобиқи усули ҳисобкунӣ хароҷоти истеҳсоли маҳсулот ҳатман ба арзиши ҳамон даврае, ки онҳо ба таври воқеӣ истеҳсол шудаанд, сарфи назар аз вақти пардохташон (пешакӣ ё ки баъдтар) бояд дохил карда шавад. Дар баҳисобгирии ҳисобдорӣ (умумӣ) харҷи давраҳои минбаъда, асосан ба харчи ҳамон давраҳо навишта мешавад, ки маҳсулот истеҳсол карда шудааст (масалан, дар давраҳои мавриди истифода қарор додани конҳои канданиҳои фоиданок, ҳамвор кардани замин ва ё дар давраи истеҳсолоти мавсимӣ).

Дар ҳисоби бухгалтерӣ усули ягонар нархгузории захираҳои моддеш дар истеҳсолот аз ҳисоб баровардашаванда аз рӯи арзиши аслии воқеӣ (миёна) истифода бурда мешавад.

II. Таркиби хароҷоти истеҳсол ва фурӯши молҳо, хизматрасониҳои ба арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дохилкардашаванда

6. Нишондиҳандаҳои сохтор ва таркиби хароҷоти ба арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасониҳо) дохилкардашаванда

Арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) гуфта, (баҳои) арзиши молҳои (кору хизматрасонӣ) захираҳои тиббии, ашёи хом, мавод, сӯзишворӣ, барқ, фондҳои асосӣ, захираҳои меҳнатии дар ҷараёни истеҳсолот истифодашуда ва инчунин дигар хароҷоти истеҳсол ва фурӯши маҳсулотро дар назар дорад.

Бо мақсади андозбандӣ хароҷоти анҷомдодаи ташкилот бо дарназардошти тартиби мақаррарнамудаи лимитҳо, меъёр ва санадҳои меъёрӣ тасҳеҳ карда мешавад.

Субъектҳои хоҷагӣ бо назардошти Низомномаи мазкур ва хусусияти истеҳсолу фурӯши маҳсулот (кору хизматрасонӣ) низомномаҳои соҳавиро оиди калкуляция кардани арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) бо мувофиқаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти зиддиинҳисории назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ мекунанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.12.2002 № 487, аз 25.11.2021, №504).

Арзиши аслии маҳсулоти молӣ тамоми хароҷоти корҳонаро барои истеҳсол ва ба фурӯш баровардани маҳсулоти моли дар қисми моддаҳои калкуляциякунонии хароҷот инъикос мекунад.

7. Ба арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) инҳо дохил мешаванд:

а) хароҷоти бевоситаи ба истеҳсоли маҳсулот (кору хизматрасонӣ), ба технология ва ташкили истеҳсолот алоқаманд, аз ҷумла хароҷоти моддӣ ва хароҷоти музди меҳнати кормандони ба истеҳсоли маҳсулот, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ машғулбуда хароҷоти назорат ба ҷараёни истеҳсол ва сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда, роҳнамоӣ кардан ва назорати замонатии маҳсулот ва барҳам додани камбудихои дар ҷараёни истифодабарии онҳо ошкоргардида:

б) хароҷоти марбут ба истифодабарии ашёи хоми истеҳсолӣ, аз ҷумла хароҷоти ҳамвор кардани заминҳо, пардохти дарахтҳои решаканкардашуда ва инчунин пардохти обе, ки ташкилот аз системаи хоҷагиҳои об дар ҳудуди меъёри мақарраршуда мегиранд:

в) хароҷоти тайёр ва азхудкунии истеҳсолот:

хароҷоти корҳои омадагӣ дар соҳаҳои саноати истихроҷ: инкишофи пурраи конҳо, кандани чоҳҳо, тоза кардани гирду атрофи минтақаҳои кушоди конҳои маъдан, майдончаҳо барои нигоҳдории қабати ҳосилхези хок, ки барои кишти минбаъдаи замин хизмат мекунад, бунёд кардани роҳҳои муваққатии омаду рафт ва роҳҳо барои кашонидани ашёи хоми истихроҷшаванда, васл кардан ва азҳамҷудокунии дастгоҳҳои бармакунӣ, дигар намуди корҳо:

хароҷоти азхудкунии истеҳсолоти нав, коргоҳҳо ва дастгоҳхо, (хароҷоти бакорандозӣ), тафтиши омадагии ташкилотҳо, коргоҳҳо ва дастгоҳҳои нав барои ба истифода додани онҳо бо роҳи санҷиши маҷмӯии (ҳангоми кор) ҳамаи намуди мошинҳо ва механизмҳо (истифодабарии санҷиши) бо истеҳсол кардани маҳсулоти санҷишии дар лоиҳа пешбинишуда, ҷобаҷокунии таҷҳизот:

хароҷоти тайёр ва азхудкунии истеҳсоли маҳсулотҳои барои истеҳсоли оммавӣ ё истеҳсоли умумӣ пешбинӣ нашуда, ки ба истифодабарии ашёи хом алоқаманд аст, дар қисми гузаронидани маблағ барои пӯшонидани хароҷоти корҳои геологӣ ва иктишофи геологӣ:

хароҷоти вобаста ба омодагии корҳо оиди пешгирӣ кардани паҳншавии партовҳои радиоактивӣ, гузаронидани демонтажи таҷҳизоти шуоъгирифта ва бо радионуклеидҳо олудашуда, биноҳо ва иншоотҳо, таъмин кардани ҳифзи аҳолӣ, персонал ва муҳити атроф аз радиация.

Ба хароҷоти азхудкунии ташкилот, истеҳсолот, коргоҳҳо ва дастгоҳҳои нав (хароҷоти бакорандозӣ) ва ба арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) хароҷоти зерин дохил намешаванд:

хароҷоти озмоиши алоҳидаи намудҳои ҷудогонаи мошину механизмҳо, ва барои санҷиши маҷмӯии (ҳаракати бемаҳсули) ҳамаи намуди таҷҳизот ва ҷобаҷокунии дастгоҳҳои техникӣ ба мақсади санҷидани сифати васлкунии онҳо;

хароҷоти шефмонтаж, ки ташкилотҳо таҳвилгарони таҷҳизот ё ки бо супориши онҳо ташкилоти махсусгардондашуда анҷом медиҳад:

хароҷоти марбут ба нигоҳдории мудирияти корхонаҳои сохташаванда ва дар сурати набудани онҳо-гуруҳҳои назорати техникӣ (хароҷоти нигоҳдории онҳо дар ҳисобҳои сметавии арзиши сохтмон пешбинӣ шудааст), инчунин хароҷоти марбут ба қабули корхона ва объектҳои нави барои истифодабарӣ супурдашуда;

хароҷоти марбут ба тайёр кардани кадрҳо барои кор дар корхонаҳои азнавбаистифодашаванда:

хароҷоти вобаста ба барҳам додани камбудиҳои лоиҳаҳо ва корҳои сохтмону васлкунӣ, дуруст кардани нуқсони таҷҳизот бинобар айби ташкилоти истеҳсолкунанда, инчунин ҷойҳои зарардида ва қатшудаи онҳо, ки ҳангоми то ба анбори объект овардан ба онҳо расонида шудааст, хароҷоти марбут ба тафтиши (қисм - қисм ҷудокунӣ) таҷҳизот, ки бо сабаби нуқсонҳои ҳифзи зидди зангзанӣ ба амал омадааст ва дигар хароҷоти ба ин монанд аз ҳисоби ташкилоте, ки шартҳои борфиристонӣ ва иҷрои корҳоро вайрон карда аст;

г) хароҷоти дорои хислати ғайриасосӣ вобаста ба мукаммалсозии технология ва ташкили истеҳсолот, инчунин беҳтар кардани сифати махсулот. баланд бардоштани боэътимодии он хислатҳои дарозумрӣ ва дигар хислатҳои истифодабарии онҳо алоқаманд, ки дар раванди истеҳсолӣ амалӣ мешаванд.

Хароҷоти сохтани технологияи нав ва такмилсозии технологияҳои истифодашаванда ва инчунин баландбардории сифати маҳсулот барои гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таҷрибавӣ-конструкторӣ, тайёр кардани намудҳои нави ашёи хом ва маводҳо, азнвчиҳозонии истеҳсолот алоқаманд ба арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дохил карда намешаванд:

д) хароҷоти марбут ба ихтироъкорӣ ва сарфакорӣ, гузаронидани корҳои таҷрибавӣ-санҷиши (озмоишӣ), тайёр кардан ва санҷидани моделҳо ва намунаҳо аз рӯи пешниҳодоти ихтироъкорӣ ва сарфакорӣ, ташкил кардани намоишҳо, озмунҳо ва чорабиниҳои дигар аз рӯи ихтироъкорӣ ва сарфакорӣ, пардохти подоши ҳаққи муаллифӣ ва дигар хароҷот:

е) хароҷоти хизматрасонии раванди истеҳсолӣ:

барои таъмин кардани истеҳсолот бо ашёи хом, мавод, сузишворӣ, барқ, асбобу олот ва дигар воситаҳо ва ашеҳои меҳнат:

барои дар ҳолати кори нигоҳ доштани фондҳои асосии истеҳсолӣ (хароҷоти гузаронидани санҷиши техникӣ ва нигоҳубин кардан, гузаронидани таъмири ҷорӣ ва миёна).

Нав кардани таҷҳизот ва инчунин таҷдиди объектҳои фондҳои асосӣ ва ҳисоби маблағҳои барои тараққи ва мукаммалгардонии истеҳсолот равонакардашаванда ва хароҷоти гузаронидани онҳо ба арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дохил карда намешаванд:

ж) хароҷоти таъмин кардани иҷрои талаботи санитарӣ-гигиенӣ, бо иловаи хароҷоти нигоҳдории ҷой (бино) ва асбобу анҷомҳо, ки корхонаҳо ва ташкилотҳо ба муассисаҳои тиббӣ барои ташкил кардани нуқтаҳои тиббӣ дар дохили ҳудуди ташкилот ҷудо кардаанд, барои нигоҳдории тозагӣ ва тартибот дар истеҳсолот, таъмин кардани ҳифзи зидди сӯхтор ва ҳифзи тартибот ва дигар талабҳои махсусе, ки қоидаҳои истифодабарии техникӣ барои ташкили назорату тафтиши фаъолияти онҳо пешбинӣ намудаанд:

з) харҷи нигоҳубини (нигоҳдории) ҷой (бино), ки корхона ба идораҳои хӯроки умумӣ барои хизматрасонии коллективҳои меҳнатӣ бепул дода мешаванд (аз ҷумла маблағҳои амортизация, хароҷоти гузаронидани ҳамаи намуди таъмири биноҳо (ҷой), хароҷоти таъмини рӯшноӣ, об, сӯзишворӣ, барқ барои таёркунии хӯроки гарм:

и) хароҷоти таъминкунии шароити мӯътадили меҳнат ва техникаи бехатарӣ;

ҷобаҷокунӣ ва нигоҳдории эмини мошинҳо ва қисмҳои ҳаракатдиҳандаи онҳо, палконаҳо (люк), сӯрохиҳо, сигнализатсия, намудҳои сохтҳои дигари характери ғайриасосӣ дошта, ки бехатарии техникиро таъмин менамоянд:

сохтмон ва нигоҳдории камераҳои дезинфексионӣ, дастшӯякҳо, душхона, ҳаммом ва либосшуйхонаи истеҳсолот (он ҷойҳое, ки чунин намудҳои хизматрасониҳо ба кормандони машғули кор дар робита бо хусусияти кор ва мувофиқи шартномаи коллективона пешбинӣ шудааст), таҷҳизонидани ҷойҳои корӣ бо дастгоҳҳои махсус (хусусияти ғайриасосӣ дошта), бо либоси махсус, пойафзоли махсус, асбобу анҷомҳои муҳофизатӣ таъмин кардан ва дар ҳолатҳое, ки санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст бо хӯроки махсус, нигоҳдории дастгоҳҳои газнок кардани об, дастгоҳи яхкунонӣ, обҷӯшонакҳо, зарфи калони обгирӣ (бак), либосовезак, ҷевонҳои хурд барои нигоҳдории либоси махсус, либосхушккунак, ҳуҷраҳои истироҳатӣ (тафреҳӣ): ташкили шароитҳои дигар мутобиқи талаботи махсус ва инчунин харидани маълумотномаҳо ва плакатҳо барои ҳифзи меҳнат, ташкил кардани маърӯзаҳо, баромадҳо доир ба бехатарии техникӣ.

Хароҷоти гузаронидани чорабиниҳо оид ба ҳифзи саломатӣ ва ташкили истироҳат, ки ба иштироки бевоситаи кормандон дар раванди истеҳсолот алоқаманд намебошад, ба арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дохил карда намешавад, аммо аз ҳисоби маблағҳои барои ниёзҳои иҷтимои ҷудокардашуда амалӣ карда мешавад:

к) хароҷоти нигаҳдорӣ ва баистифодадиҳии фондҳои дорои аҳамияти ҳифзи табиат: иншоотҳои тозакунӣ, филтрҳои (тасфиякунаки) дуд ва дигар обектҳои ҳифзи табиат, хароҷоти гуронидани партовҳои барои муҳит хатарнок, пардохти хизматрасонии ташкилотҳои бегона барои қабул, нигоҳдорӣ ва несту нобуд кардани партовҳои барои муҳити атроф хатарнок, тоза кардани обҳои ганда, дигар намуд хароҷоти ҷории ба ҳифзи табиат алоқаманд.

Пардохтҳо барои партовҳои ба меъёри лозимӣ баробари моддаҳои ба муҳити гирду атроф зарарнок аз ҳисоби арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) ва пардохтҳо барои партовҳои аз меъёри лозимӣ зиёди онҳо аз ҳисоби даромадҳои дар ихтиёри истифодабарандагони табиат гузошташаванда амалӣ карда мешавад:

л) хароҷоти марбут ба идоракунии истеҳсолот:

таъминоти кормандони дастгоҳи идораи ташкилот ва воҳидҳои сохтории онҳо, хизматрасонии моддию техникӣ ва нақлиётии фаъолияти онҳо, аз ҷумла хароҷоти нигаҳдории нақлиёти сабукрави хизматӣ ва ҷуброн кардани истифодабарии нақлиёти сабукрави шахсӣ дар сафарҳои хизматӣ;

маблағҳо барои нигаҳдории ташкилотҳои болоӣ аз ҳисоби фоидаи софи дар ихтиёри корҳонаю ташкилотҳо мондашуда пардохта мешаванд;

хароҷоти истифодабарӣ "ва нигоҳдории бино, иморат, иншоот, таҷҳизот, асбобу анҷом ва монанди онҳо;

хароҷоти марбут ба сафарҳои хизматии ба фаъолияти истеҳсолӣ алоқаманд (мувофиқи меъёрҳои санадии Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз ҷумла хароҷоти барасмиятдарории паспортҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои ба хориҷаравӣ алоқаманд;

хароҷоти нигоҳдорӣ ва хизматрасонии воситаҳои техникии идоракунӣ: марказҳои ҳисоббарорӣ, шуъбаҳои алоқа, воситаҳои сигнализатсия. дигар воситаҳои техникии идоракунӣ; хизматҳои ташкилотҳои бегона оид ба идоракунии истеҳсолот; пардохти хизматҳои машваратӣ, ахборӣ ва аудиторӣ:

ба арзиши аслии маҳсулот хароҷотҳои намояндагӣ ва дигар хароҷоти ба он монанд (барои гузаронидани тантанаҳо, ҷобаҷокунии меҳмонҳо ва ғ.) дохил намешаванд, ба ғайр аз корҳонаю ташкилотҳое, ки фаъолияти соҳибкориашон дорои хусусияти шавқангезӣ дорад ва агар ин хароҷот дар доираи чунин амалиёт ҷо дошта бошанд ва аз меъёрҳои аз тарафи санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун набароянд. пардохти ҳаққи хизмати тарҷумонҳои дар штати ташкилот набуда:

Бо мақсади андозбандӣ хароҷоти нигоҳдории нақлиёти хизматӣ, ҷуброни истифодабарии воситаҳои шахсии нақлиёт барои сафарҳои хизматӣ, хароҷоти намояндагӣ дар ҳудуди муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақаррар карда мешаванд.

Хароҷоти марбут ба тафтиш ва санҷиши аудитории фаъолияти молиявию хоҷагии ташкилот (корхона), ки бо ташаббуси яке аз иштирокчиёни (муассисони) ҳамин ташкилот (корхона) гузаронида мешавад, ба арзиши аслии махсулот (кору хизматрасонӣ) дохил карда намешавад.

Хароҷот барои ташкил кардан ва мукаммалсозии система ва воситаҳои идоракунии дорои характери асосӣ (инвеститсионӣ) ба арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дохил карда намешаванд;

м) хароҷоти вобаста ба тарбия ва бозомузонии кадрҳо;

пардохти музди миёнаи меҳнати кормандони ташкилот дар ҷои кори асосӣ ҳангоми таҳсили аз кор озоди онҳо дар системаи такмили ихтисос ва бозомӯзонии кадрҳо:

хароҷот барои таълими шогирдон ва такмили ихтисоси коргарон, аз ҷумла пардохти музди меҳнати коргарони баландихтисоси аз ҷои кори асосӣ озодкарданашуда:

пардохти рухсатиҳо (истироҳати меҳнатӣ) бо ҳифзи музди меҳнати пурра ё қисмани он мутобиқи кодекси меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунгузорию санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ашхоси дар донишкадаҳои олӣ, миёнаи махсус, рӯзона таҳсилкунанда ва ё ғоибона таълимгиранда, дар аспирантура ғоибона дар мактабҳои маълумоти умумии шабона ва ё шӯъбаҳои муассисаҳои таълимии касбию техникӣ таҳсилкунанда ва инчунин ба аспирантура бо тарзи аз кор озод будан ва ё аз истеҳсолот озод карда нашуда дохил мешаванд:

пардохти роҳкироии онҳо то мавқеъи ҷойгиршудаи муассисаи таълимӣ (таҳсил) ва роҳи бозгашт мутобиқи муқаррароти қонунгузориҳо ё санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тбҷикистон:

хароҷоти марбут ба тарбия, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо, хароҷоти пардохти стипендия, ҳаққи таълим аз рӯи шартномаҳо бо муассисаҳои таълимӣ барои таълим, такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо, хароҷоти ташкилотҳои пойгоҳӣ (базавӣ) оид ба пардохти музди меҳнати кормандони техникию инженерӣ ва коргарони баландихтисоси аз ҷои кори асосӣ, ҷиҳати роҳбари ба таълим дар шароити истеҳсолот ва таҷрибаи истеҳсолии хонандагони муассисаҳои таълимии маълумоти умумӣ, мактабҳои миёнаи махсуси касбию техникӣ, миёнаи махсус, донишҷуёни мактабҳои олӣ, аз кор озод карда шудаанд.

Хароҷоти таълим, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо дар мавриди бастани шартномаҳо бо муасисаҳои ғайридавлатии таълимӣ, ки барои ин кор иҷозатномаи (литсензия) давлатӣ доранд, инчунин бо муассисаҳои таълимии хориҷӣ, ба арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонҳо) ҳатман дохил карда мешаванд.

Бо мақсади андозбанди хароҷоти таълим аз рӯи шартномаҳо бо муассисаҳои таълимӣ барои тарбия, азнавомӯзи ва такмили ихтисоси кадрҳо аз рӯи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арзиши аслии маҳсулот (корҳо хизматрасоҳо) дохил карда мешавад.

Хароҷоти марбут ба нигаҳдории муассисаҳои таълимӣ ва расонидани кӯмакҳо (хизматҳои) бепул, инчунин хароҷоти марбут ба истихдоми қувваҳои корӣ, аз ҷумла пардохтпулиҳои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии миёнаи махсус, касбию техникӣ ва мутахассисони ҷавони таълимгоҳҳои маълумоти олӣ ва миёнаи махсусро хатмкунанда, роҳкиро то ҷои кор, ба арзиши аслии маҳсулот (корҳо хизматрасонҳо) дохил карда намешаванд;

н) хароҷоти марбут ба ҳамлу нақли коргарон ба маҳали ҷои корашон ва бозгашт аз он ҷо дар самтҳое, ки нақлиёти мусофиркашонии истифодаи умумӣ фаъолият намекунад, харҷҳои иловагӣ, ки дар асоси шартномаҳо бо мақомоти маҳаллии идоракунӣ, ё ки бо идораҳои нақлиёти барои ҷалб кардани воситаҳои пулии корҳонаҳо барои пушонидани хароҷоти ҳамлу нақли коргарон ба хати сайри нақлиёти заминӣ, нақлиёти мусофиркашонии истифодаи умумии шаҳри (ғайри такси) аз маблағҳои аз рӯи тарифҳои ҷорӣ барои намудҳои воситаҳои нақлиёт дахлдор муқарраршуда зиёдатӣ.

Маблағҳое, ки вобаста ба тарифҳои амалкунанда ҷиҳати хизматрасонии нақлиёт муайян карда шудаанд (дар шакли пардохти хуҷҷатҳои роҳкирои), кушода мешаванд ва ё ба ҳисоби фоида дар ихтиёри ташкилот мемонанд:

о) харҷҳои корҳонаҳои саноатӣ ва ташкилотҳо ҷиҳати ҳамлу нақли коргарон то объектҳои сохтмонӣ:

п) хароҷоти иловагии марбут ба анҷом додани корҳо бо усули вахтавӣ, аз ҷумла хароҷоти нақлиёти барои ҳамлу нақли коргарон аз маҳали қарордоштаи ташкилот ё маҳали ҷаъмшавӣ то маҳали кор ва бозгашт аз он ва аз маҳали истиқомат дар шаҳраки вахтавӣ то ҷои кор ва бозгашт аз онҷо инчунин хароҷоти ҷуброннашаванда барои истифодабарӣ ва нигоҳдории шаҳраки вахтавӣ. Хароҷоти сохтмони шаҳраки вахтавӣ ба арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дохил карда намешавад;

р) Мувофиқи қонунгузориҳои ҷории меҳнат барои собиқаи кори пешбинишуда, пардохтҳо барои вақти дар истеҳсолот (рӯзҳои ғайриҳозирӣ) кор накардан: пардохти рухсатиҳои навбатӣ ва иловагӣ мувофиқи қонунгузориҳои ҷорӣ пардохти соатҳои имтиёзнок барои ноболиғон, пардохт бакорнаравии модарони кӯдакони ширхора дошта, пардохти вақти ба муоинаи тиббӣ алоқаманд, иҷрои ӯҳдадориҳои (вазифаҳои) давлатӣ, пардохти иловагии маош барои солҳои (собиқаи) корӣ, дигар намудҳои пардохт:

с) Пулҷудокуниҳо (саҳмияи суғурта) ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ё ки дигар фондҳои махсуси ҳифзи иҷтимои мутобиқи қонунгузориҳо аз хароҷоти музди меҳнати кормандони вобаста ба истеҳсоли маҳсулот (кору хизматрасониҳо) машғулбуда:

Пулҷудокуниҳо (саҳмияи суғурта) ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз хароҷоти музди меҳнати кормандони ташкилотҳои дар соҳаи ғайриистеҳсолӣ машғулбуда (коркунони хоҷагии коммуналию манзилӣ, муассисаҳои томактабӣ, тиббӣ, тандурустӣ ва дигарҳо) бояд, ки ба сметаи (бароварди) хароҷоти барои нигоҳдории ташкилотҳо, муассисаҳои ғайриистеҳсолӣ дохил карда шаванд, ки аз ҳисоби манбаҳои дахлдор, яъне аз фоидаи дар ихтиёри ташкилот ва муассиса боқи мемондагӣ, пардохтҳои иҷоранишинҳо, аъзопулиҳои волидайн барои нигоҳдории кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ ва ғайра пардохта мешавад:

т) маблағгузаронӣ мутобиқи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба музди меҳнат ва ҳаққи қалами кормандони эҷодӣ, ки шӯрои эҷодӣ ба фондҳои онҳо ҳисоб карда мегузаронанд.

у) хароҷот ҷиҳати бунёди фондҳои суғуртавӣ (захираҳо) дар ҳудуди меъёри мақаррарнамудаи санадҳои қонунгузорӣ барои бо пул таъмин кардани хароҷоти пешгирӣ ва барқарор кардани оқибатҳои тасодумҳо, сӯхторҳо, ҳолатҳои фавқулодда, офатҳои табиӣ, тасодумҳои табиӣ ва дигар холатҳои фавқулодда инчунин барои суғурта кардани амволи ташкилот, ҳаёти коргарон ва масъулияти гражданӣ (маъмурӣ) барои расонидани ҳисора (зарар) ба манфиатҳои амволии ашхоси сеюм.

Ба хароҷоти бунёди фондҳои суғуртавӣ, ки ба арзиши аслии маҳсулот (корҳо, хизматрасонҳо) дохил карда мешаванд, инҳо шомиланд: суғуртаи воситаҳои нақлиёт (обӣ, ҳавоӣ, заминӣ); суғуртаи амвол;

суғуртаи масъулияти маъмурии (граждании) ташкилот манбаҳои аз ҳад зиёд хатарнок, суғуртаи граждании ҳамлу нақлкунандагон (боркашонҳо); суғуртаи ҳолатҳои тасодуфӣ ва беморӣ; суғуртаи тиббии ҳатмӣ;

ф) хароҷоти пардохти фоизи қарзҳои аз бонкҳо гирифташуда, вале на зиёда аз 125 фоизи миқдори кредити байнибонкии ауксионӣ кредитии Бонки миллии Тоҷикистон (активҳои ғайримоддӣ ва дигар активҳои ғайри муомилот), фоизҳо барои таъхир андохтани пардохтҳо (қарзҳои тиҷоратӣ), ки таҳвилдиҳандагон (истеҳсолкунандагони кору, хизматрасонӣ) аз рӯи сарватҳои моддию молии таҳвилдодашуда (барои корҳои анҷомдодашуда, хизматҳои расонидашуда) пешниҳод намуданд, фоизҳои тибқи воситаҳои қарзи гирифташуда, бо дарназардошти қарзҳои бонкҳо ва дигар ташкилотҳо, ки субъектҳои лизинг барои анҷом додани амалиёти молиявии лизинг истифода мебаранд;

х) пардохти хаққи хизмати бонк, мутобиқи меъёрҳои тасдиқнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла: мутобиқи шарномаҳои басташуда анҷом додани амалиёти тиҷоративу комиссионӣ (факторингӣ), амалиёти трастӣ, мукофотпулиҳои комиссионӣ, ки аз ҷониби корҳонаҳо ба бонк пардохта шудаанд.

Бо мақсади андозбанди хароҷот оид ба пардохти фоизҳо аз рӯи карзҳои мӯҳлаташон гузашта қабул карда намешавад, аз рӯи пардохти фоизи бонкҳо бошад, дар ҳудуди ставкаи (меъёри) ба ҳисобгирии Бонки милии Тоҷикистон (вале на зиёда аз 125 фоиз), ки се банд ( аз рӯи қарзҳое, ки бо асъори миллӣ гирифта шудаанд) зиёд карда шудааст, ё ставкаи ЛИБОР , ки ба се банд (аз рӯи қарзҳое, ки бо асъори хориҷӣ гирифта шудаанд) зиёд карда шудааст, қабул карда мешаванд.

Андозаи (меъёри) аз нав муқарраршуда оид ба карзҳои Бонки миллии Тоҷикистон (вале на зиёда аз 125 фоиз), аз ҷониби бонкҳои тичоратӣ ба шартномаҳои аз нав басташуда ва мӯҳлаташон дарозкардашуда, инчунин ба шартномаҳои қаблан басташуда, ки дар онҳо тағьир додани ставкаи (меъёри) фоизҳо пешбинӣ гардидааст, ҷорӣ карда мешавад;

ҳ) хароҷот ба пардохти фоизҳо оид ба қарзҳои буҷетӣ, ғайр аз қарзҳое, ки барои чорабиниҳои инвеститсионӣ ва конверсионӣ дода шудаанд, вале на зиёда аз 125 фоизи ставкаи байнибонкии кредити музоядавии Бонки миллии Тоҷикистон.

Бо мақсади андозбанди хароҷоти пардохти фоизҳо аз рӯи қарзҳои мӯҳлаташон гузашта ва зиёда аз 125 фоизи кредити музоядаи байнибонкӣ, ба арзиши аслии маҳсулот (корҳо, хизматрасонҳо) дохил карда намешаванд, ва аз рӯи пардохти фоизҳои қарзҳои буҷетӣ дар ҳудуди ставкаи (меъёри) мақаррарнамудаи қонунгузориҳо кабул карда мешавад, хароҷоти марбут ба фурӯши маҳсулот: борбандӣ, нигаҳдорӣ, ҳамлу нақл то маҳалли таъинот қабул карда мешаванд.

Бо мақсади андозбанди хароҷоти реклама ба арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дар ҳудуди меъёри бо тартиби мақарраршуда тасдиқкардаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешаванд;

ч) Хароҷоти марбут ба фурӯши маҳсулот: борбандӣ ва ҳамлу нақл (ғайр аз ҳолатҳое, ки онҳо аз тарафи харидорон зиёда аз нарх ба маҳсулот пардохта мешаванд), пардохти ҳаққи хизмати ташкилотҳои наклиётию экспедитсионӣ ва миёнарав (брокерӣ, маклерӣ, дилерӣ, маркетингӣ, ҳамчунин ашхоси воқеъӣ) бо боҷу хироҷи комиссионӣ ва мукофотпулиҳо, ки ташкилотҳои фурӯшанда ва савдои хориҷӣ мепардозанд;

ҷ) Пулҷудокунии амортизатсионӣ барои пурра барқарорсозии фондҳои асосии истеҳсолӣ оид ба меъёрҳои бо тартиби мақарраршуда тасдиқ гардида.

Бо мақсади андозбанди маблағи пулҷудокунии амортизатсонӣ бо усули суръатёфта бо тартиби мақаррарнамудаи қонунгузориҳо ё дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Точикистон, ҳисоб карда мешаванд дар сурати мақсаднок истифода накардан ба арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасониҳо) дохил карда намешаванд;

ш) Амортизатсияи активҳои ғайримоддӣ (ба активҳои ғайримоддӣ хароҷоти корхонаҳо дар обектҳои маводӣ, ки тӯли давраи дарозмӯҳлат дар фаъолияти хоҷагӣ истифода бурда мешаванд ва фоида меоранд, таалуқ доранд; ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин, захираҳои табиӣ, патентҳо, литсензияҳо, ноу-хау, маҳсулоти барномавӣ, ҳуқуқи инҳисорӣ (монополӣ) ва имтиёзҳо, литсензия ба намудҳои муайяни фаъолият ҳамчунин литсензияи дорои хусусияти якдафъа хароҷоти муташаккилона (бо назардошти пардохти ҳаққи бақайдгирии давлатии корҳонаҳо, ҷои брокерӣ, маркаҳои тиҷоратӣ, тамғаҳои молӣ, хароҷоти оид ба сертификатсияи маҳсулот ва ғайра), ки дар ҷараёни амалӣ сохтани фаъолияти оинномавӣ аз рӯи меъёри пулҷудокунии амортизатсионӣ, ки ташкилот аз рӯи арзиши ибтидоии онҳо ба мӯҳлати истифодаи фоиданок онҳо истифода мешаванд (вале на бештар аз мӯҳлати фаъолияти ташкилот). Кам шудани активҳои ғайримоддӣ ба арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасониҳо) ҳар моҳ дохил карда мешавад. Меъёри пулҷудокунии амортизатсионии барои активҳои ғайримоддӣ, ки мӯҳлати истифодабарии фоиданоки онҳоро муайян кардан ғайриимкон аст, аз рӯи ҳисоби даҳ сол (вале на бештар аз мӯҳлати фаъолияти корхона мақаррар карда мешавад:

э) пардохтҳо барои хароҷот оид ба обуна ба адабиёти муосири илмию техникӣ ва меъёрию усулӣ, ки бо фаъолияти истеҳсолӣ алоқаманд аст.

8. Ба арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонҳо) инчунин дохил мешаванд:

а) андозҳо, боҷу хироҷ, пардохтҳо ва дигар пулҷудокуниҳои ҳатмӣ, ки мутобиқи қонунгузориҳои Ҷумхурии Тоҷикистон амалӣ мешаванд:

б) хароҷоти сертификатсия кардани молҳо ва хизматрасониҳо:

в) намудҳои дигари хароҷот, ки мутобиқи тартиби мақаррарнамудаи қонунгузориҳои Ҷумхурии Тоҷикистон ба арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонҳо) дохил карда мешаванд;

9. Ба арзиши аслии воқеъии маҳсулот (кору хизматрасонҳо) инчунин омилҳои зерин таҷассум меёбанд:

талаф аз сакат (брак) барои ҳисоб кардани хароҷоти (зарари) аз ҷониби ашхоси гунаҳкор пардохташуда:

хароҷот барои таъмири кафолатнок ва хизматрасонии кафолатноки маснуот, ки ба онҳо муҳлати кафолати хизмат мақаррар шудааст; талаф аз бекор истодаи тибқи сабабҳои истеҳсолоти дохилӣ:

норасоии сарватҳои моддӣ дар истеҳсолот ва дар анборҳо дар ҳудуди меъёрҳои зарари воқеӣ дар мавриди набудани ашхоси гунаҳкор;

хароҷот оид ба пӯшонидани зараре, ки ба коргарон дар мавриди иҷрои вазифаҳои меҳнатӣ таъсири маъюбӣ, гирифтори касалӣ ё гум кардани саломатӣ мерасонанд, ҳангоми амалӣ сохтани пардохтҳо оид ба ҷуброн кардани зарари зикршуда бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

пардохтҳо ба коргарони корҳонаю ташкилотҳо, ки бо сабаби аз нав ташкил шудан, ихтисори шумораи штатии коргарон, бе ҷои кор мондаанд.

10. Ба арзиши аслии маҳсулот корҳои (хизматрасониҳои) зерин дохил ва калкулятсия карда намешаванд;

хароҷот ё пардохт барои корҳои (хизматрасониҳои) аз ҷониби худи корхонаҳо иҷро гардида, ки бо истеҳсоли маҳсулот (корҳои ободгардонии шаҳрҳо ва шаҳракҳо, расонидани кӯмакҳо ба хоҷагии қишлоқ ва дигар намудҳои корҳо) алоқаманд намебошанд;

хароҷот барои иҷрои корҳои сохтмонӣ, таҷхизонидан ва нигоҳдории (ҳамчунин пулҷудокунии амортизатсионӣ ва хароҷот барои ҳамаи намудҳои таъмир) объектҳои фарҳангию маишӣ ва дигар объектҳо, ки дар баланси корхонаҳо мебошанд, инчунин иҷрои корҳо бо тартиби расонидани ёрӣ ва иштирок дар фаъолияти дигар корхонаҳою ташкилотҳо.

11. Хароҷоте, ки арзиши аслии маҳсулотро (кору хизматрасониҳоро) ба вуҷуд меорад мутобиқи моҳияти иқтисодӣ ба қисмҳои зерин гурӯҳбандӣ мешаванд: хароҷоти моддӣ (бо ҳисоб кардани арзиши партовҳои баргарданда); хароҷот барои музди меҳнат; пулҷудокунӣ ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ; ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ; амортизатсияи фондҳои асосӣ: дигар хароҷот.

12. Дар қисми "Хароҷоти моддӣ" арзишҳои зерин инъикос мегарданд; арзиши ҳосилшудаи ашёи хом ва маводҳо, ки ба ҳайати маҳсулоти коркардашуда, ки асоси онро ташкил мекунанд дохил мешаванд, ё ки мавриди тайёр кардани маҳсулот (кору хизматрасонҳо) ё қисмати зарурии он мебошад;

маводҳои харидашаванда, ки дар ҷараёни истеҳсоли маҳсулот (кору хизматрасониҳо) барои таъмини муътадили ҷараёни технологӣ ва барои печонидани маҳсулот ё барои эҳтиёҷоти дигари истеҳсолию хоҷагӣ харҷ карда мешаванд (гузаронидани санҷишҳо ва назорат, нигоҳдорӣ, таъмир ва ба истифодаи таҷҳизот, иморат, иншоот, дигар фондҳои асосӣ ва ғ.), инчунин қисмҳои эҳтиётӣ барои таъмири таҷҳизотҳо, фарсудашавии асбобҳо, ҷиҳоз, асбобу анҷом, дастгоҳҳо, таҷҳизоти лабораторӣ ва дигар воситаҳои меҳнат, ки ба фондҳои асосӣ дахл надоранд, фарсудагии либосҳои махсус ва дигар ашёи камарзиш;

маснуоти ҷузъӣ ва ашёи нимтайёри харидашаванда, ки минбаъд васл ё дар ҳамин корхона ба таври илова коркард мегарданд;

кору хизмати дорои хусусияти истеҳсолӣ, ки корхонаҳо ё истеҳсолот ва хоҷагиҳои корхонаи ғайр иҷро менамоянд, ба шакли асосии фаъолият таалуқ надорад. Ба кору хизматҳои хусусиёти истеҳсолӣ дошта, чунин корҳо шомил мешаванд:

иҷрои амалиёти ҷудогона оид ба тайёр кардани маҳсулот, коркарди ашёи хом ва мавод, гузаронидани санҷишҳо барои муайян кардани сифати ашёи хом ва маводи талаботӣ, назорат ба риояи ҷараёни мақарраршудаи технологӣ, таъмири фондҳои истеҳсолии асосӣ ва ғайра. Хизматрасонии нақлиётии ташкилотҳои ғайр оид ба боркашонӣ дар дохили корхона (кашонидани ашёи хом, мавод, асбобҳо, қисмҳо захираи дигар намуди молҳо аз анбори асосӣ (марказӣ) ба сехҳо (шӯъбаҳо) ва таҳвили маҳсулоти тайёр ба анборҳои нигоҳдорӣ, то стансияҳои (бандарҳо, соҳилҳо) ҳамлу нақл, инчунин ба хизматрасониҳои дорои хусусияти истеҳсолӣ тааллуқ доранд;

Хароҷоте, ки бо истифодаи ашёи хоми табии дар қисмати пулҷудокуниҳо барои бунёди базаи маъданию ашёи хом, барои ҳамворкунии заминҳо. пардохти музди кори ҳамворкунии заминҳо, аз тарафи корҳонаҳои махсусгардонидашуда иҷро карда мешаванд, пардохт барои чӯб, ки аз пайкол дода мешавад, пардохт барои об, ки корхонаҳо аз системаи хоҷагиҳои об мегиранд;

арзиши ҳосилшудаи ҳамаи намудҳои сӯзишворӣ, ки ба ҳадафҳои технологӣ, истеҳсоли ҳамаи намудҳои энергия (барк,гармдиҳӣ, ҳавои фишурда. хунукӣ ва дигар намудҳо) гармикунии иморатҳо, корҳои нақлиётӣ оид ба хизматрасонӣ ба истеҳсолот, ки аз тарафи корхонаҳои нақлиётй иҷро карда мешаванд, сарф мегарданд;

ҳамаи намудҳои энергияи харидашаванда (барқ, гармидиҳӣ, ҳавои фишурда, хунукӣ ва дигар намудҳо), ки барои эхтиёҷоти технологӣ. энергетикӣ, харакатдиҳӣ ва дигар эҳтиёҷоти истеҳсолию хоҷагии корхонаҳо сарф карда мешаванд. Хароҷот барои истеҳсоли энергияи электрикӣ ва дигар намудҳои энергия, ки худи корхона истеҳсол мекунад, инчунин барои таҳвил ва интиқоли энергияи харидашаванда то маҳали истеъмоли он ба қисми хароҷоти дахлдор дохил карда мешаванд:

талаф аз норасоии захираҳои моддии воридшаванда дар худуди меъёри зиёни воқеӣ.

Арзиши захираҳои моддӣ, ки тибқи қисми "Хароҷоти моддӣ" инъикос мегардад, дар калкулятсияи арзиши аслии пурра, ки аз нархи хариди онҳо (бидуни баҳисобгирии андоз ба арзиши иловагӣ), нархи изофӣ (изофапулӣ), мукофоти комиссионӣ, ки ташкилотҳои таъминкунанда ва иқтисодӣ хориҷӣ мепардозанд, арзиши хизматҳои биржаҳои молӣ, ҳамчунин хизматҳои брокерӣ, боҷи гумрукӣ, пардохтҳо барои ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ ва таҳвил, ки дигар ташкилотҳо анҷом медиҳанд, ташаккул меёбад ва дохил мешавад.

Хароҷоти марбут бо таҳвили (ҳамчунин корҳои боркунӣ ва борфурорӣ) захираҳои моддӣ тавассути нақлиёт ва ашхоси корҳона бояд ба элементҳои дахлдори хароҷот ба истеҳсолот (хароҷот ба музди меҳнат, амортизатсияи фондҳои асосӣ, хароҷоти моддӣ ва ғайра дохил карда мешаванд:

Ба арзиши захираҳои моддӣ инчунин хароҷоти корхонаҳо барои харидани зарфҳо ва борбандҳо, ки захираҳои моддии аз таҳвилдиҳандагон гирифташуда бо баровардани арзиши ин зарфҳо бо нархи имконияти истифодаи он дар ҳолатҳое, ки нархи онҳо аз нархҳои ба ин захираҳо махсусан баланд мақаррар гаштаанд дохил карда мешавад. Дар ҳолатҳои ба нарх ҳамроҳ кардани арзиши зарфҳо, ки аз таҳвилдиҳанда бо захираҳои моддӣ қабул карда мешаванд, аз маблағи умумии хароҷот барои хариди он арзиши зарфҳо бо нархи истифодаи имконпазир ё фурӯши он (бо дарназардошти хароҷот таъмир дар қисмати маводҳо) хориҷ карда мешавад.

Аз хароҷот ба захираҳои моддӣ, ки арзиши аслии маҳсулот дохил карда мешавад, арзиши партовҳои бозгашта хориҷ карда мешавад.

Таҳти мафҳуми партовҳои бозгашта боқимондаҳои ашёи хом, маводҳо, маҳсулоти нимтайёр, сузишвориҳо ва дигар намудҳои захираҳои моддӣ, ки дар ҷараёни имтеҳсоли маҳсулот (кору хизматрасонҳо) пайдо шуда қисман ё пурра сифати истеъмолии захираи ибтидоиро (таркиби кимёвӣ ё воқеӣ) гум кардаанд ва вобаста ба ин бо хароҷоти зиёд истифода мешаванд, (паст шудани истеҳсоли маҳсулот) ё тамоман бевосита аз рӯи таъминот истифода намегарданд, фаҳмида мешаванд.

Ба партовҳои бозгашта боқимондаҳои захираҳои моддӣ, ки мутобиқи технологияи мақарраршуда ба дигар сехҳо, воҳидҳо, ба сифати маводи пурарзиш барои истеҳсоли дигар намудҳои маҳсулот (кору хизматрасонҳо) дода мешавад, тааллуқ надоранд.

Ба партовҳо ҳамчунин намудҳои маҳсулоти дахлдор (алоқаманд), ки номгӯи онҳо дар тавсияҳои (дастурҳо) соҳавӣ оид ба масъалаҳои банақшагирӣ баҳисобгирӣ ва калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасониҳо) муққарар карда мешаванд, тааллуқ надоранд.

Партовҳои бозгашта ба калкулятсияи арзиши аслии пурраи маҳсулот бо тартиби зерин баҳогузорӣ ва дохил карда мешаванд:

аз рӯи нархҳои пасти захираи ибтидоии моддӣ (бо нархи истифодаи имконпазир), агар партовҳо барои истеҳсолоти асосӣ истифода бурда шаванд, вале бо хароҷоти зиёд (ҳосили пасти маҳсулоти тайёр) барои эҳтиёҷоти истеҳсолоти ёридиҳанда, тайёр кардани ашёҳои ниёзи ҳамарӯза (молҳои таъминоти, фаҳангию маишӣ ва асбобҳои рӯзғор) ё ба ҷониб фурӯхта шуда бошанд;

аз рӯи нархҳои ҷорӣ барои партовҳо бо ҳисоб кардани хароҷот ба ҷамъоварӣ ва коркарди онҳо, ҳангоме, ки партовҳо барои коркарди дохилии корхона истифода мегарданд ё ба тарафе супорида мешаванд;

аз руи нархҳои пурраи захираҳои ибтидоии моддӣ, агар партовҳо ба ҷонибе барои истифода ба сифати захираи пурарзиш фурӯхта шаванд.

13. Ба қисми "Хароҷот барои музди меҳнат", ки ба арзиши аслии пурра калкулятсия мегардад, хароҷот ба музди меҳнати ҳайати асосии истеҳсолии корхона, ҳамчунин мукофотпулии коргарон ва хизматчиён барои натиҷаҳои истеҳсолӣ, ки пардохтҳои ҳавасмандгардони ва ҷубронкунӣ мебошанд, аз он ҷумла ҷубронпулӣ оид ба музди меҳнат бо сабаби баланд шудани нархҳо ва индексатсияи даромадҳо дар ҳудуди меъёрҳои пешбининамудаи қонунгузориҳо, ҳаҷми ҷубронпулии ба занон муқаррарнамудаи қонунгузориҳо, ки дар рухсатии меҳнатии қисман музднок барои нигоҳубини кӯдакон то ба синни муайян расидани онҳо, ки қонунгузориҳо муқаррар намудааст, мебошанд ва инчунин хароҷот ба музди меҳнати коргарони дар штати корхона набуда, ки дар фаъолияти асосӣ банд мебошанд, дохил мешаванд.

Ба таркиби хароҷоти музди меҳнат дохил мешаванд:

пардохти музди меҳнат барои кори воқеъии иҷрогардида, ки бо дарназардошти арзиши корбайъ, меъёрҳои таърифӣ ва маоши мансабии дар корхонаҳо бо шаклҳо ва низомҳои музди меҳнатӣ қабулшуда, ҳисоб карда шудаанд;

пардохтҳои дорои хусусияти ҳавасмандкунӣ аз рӯи мақаррароти танзимӣ;

мукофотҳо ҳамчунин арзиши мукофотҳои молӣ (маҳсулоти истеҳсоли худӣ ба молҳои харидашуда) барои натиҷаҳои истеҳсолӣ, аз он ҷумла мукофот аз рӯи ҷамъбасти кори солона, изофапулӣ ба меъёрҳои тарифӣ ва маош барои маҳорати касбӣ, дастоварҳои баланди меҳнатӣ ва ғайра;

пардохтҳои дорои хусусияти ҷубронӣ, ки бо низоми кор ва шароити меҳнат вобаста мебошад, аз он ҷумла: изофапулӣ ва пардохти иловагӣ ба меъёри тарифӣ ва маош барои кори шабона, кори зиёда аз вақти мақаррарӣ, кор дар низоми бисёрбаст, барои таъвизи ихтисос, васеъ кардани доираи хизматрасонӣ, барои кор дар шароити вазнин ва зарарнокии меҳнат ва ғайра. ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд;

арзиши хизматрасониҳои коммуналӣ, хӯрок ва маҳсулотро ки ба кормандони соҳаҳои ҷудогона мутобиқи қонунгузории хизмати коммуналӣ дода мешаванд;

хароҷоти пардохти маблағи манзили ройгонро, (маблағи ҷубронпулӣ барои надодани манзил, хизматрасонии коммуналии бепул) корхона барои коргарон мутобиқи тартиби мақаррарнамудаи қонунгузорӣ пешниҳод менамояд:

арзиши ашёҳои (ҳамчунин либоси расмӣ, пӯшоки расмӣ) мутобиқи қонунгузориҳои чорӣ бепул дода мешуда, ки барои истифодаи доимии шахси боқи мемонад (ё фарқи маблағи он бинобар фурӯши онҳо бо нархи паст);

пардохтҳои пешбиникардаи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мехнат барои вақти дар истеҳсолот (ҳозир набудан) кор накардан:

пардохти рухсатиҳои меҳнатии ҳарсола ва иловагӣ, ки қонунгузории ҷорӣ пешбинӣ менамояд, пардохти соатҳои кории имтиёзнокии наврасон, пардохти танаффусҳои кории модарон барои хӯронидани кӯдак инчунин пардохти вақт, ки бо гузаштани муоинаи тиббӣ, иҷрои вазифаҳои давлатӣ алоқаманд аст;

Пулдиҳӣ ба кормандоне. ки аз кори корхонахо ва ташкилотҳо бо сабаби бархамхӯрӣ, азнавташкилёбӣ, ихтисори шумораи кормандон ва штатҳо озод шудаанд;

изофапулӣ барои хизмати дарозмуддат (изофапулӣ барои собиқаи корӣ дар корхона, ташкилот) мутобиқи қонунгузорӣ ё дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

изофапулӣ ба музди меҳнат,ки қонунгузорӣ барои кор дар ноҳияю маҳалҳои дорои шароити номусоиди табиию иқлимӣ ва маишӣ пешбинӣ намудааст;

мутобиқи қонунгузориҳо пардохти хаққи рухсатиҳои таълимӣ, ки ба коргарон ва хизматчиёни дар шӯъбаҳои шабона, ғоибонаи мактабҳои олӣ ва таълими миёнаи махсус ғоибона дар аспирантура, дар омӯзишгоҳҳои касбию техникии шабона (бастӣ), дар мактабҳои маълумоти умумии шабона (бастӣ) ва ғоибона бомувоффиқият таҳсил мекунанд, инчунин ба аспирантура дохилшавандагон дода мешаванд;

пардохт барои вақти дермонӣ аз ноилоҷӣ ё барои иҷрои корҳои пастмузд дар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат пешбинӣ намудааст;

иловапулиҳо дар ҳолати муваққатан гум кардани қобилияти меҳнатӣ, то ҳадди музди миёнаи меҳнат, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

фарқияти маоши коргароне, ки аз дигар корҳонаҳо ва ташкилотҳо бо нигоҳ доштани андозаи дар тӯли муайяни мӯҳлат маоши мансабии ҷои кори пештара дар муддати муайян (мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон), инчунин кори муштараки муваққати пардохта мешаванд:

маблағи пардохташаванда (дар мавриди иҷрои кор бо усули вахтавӣ) ба андозаи меъёри тарифӣ маоши пешбининамудаи ҷадвали кории вахтавӣ барои рӯзҳои дар роҳ будан аз маҳали ҷойгиршавии корхона (пункти ҷаъмшавӣ) то ҷои кор ва бозгашт, инчунин барои рӯзҳои дер кардани коргарон дар роҳ бо сабабҳои обу ҳаво, инчунин бо айби ташкилотҳои нақлиётӣ;

маблағҳои ба ташкилотҳо мувофиқи шартномаи махсус бо ташкилотҳои давлатӣ (барои пешниҳоди қувваи корӣ) барои иҷрои кори ашхос, ки ҷиҳати кор дар корхонаҳо ҷалб шудаанд, ҳисобгардида ҳам мустақиман ба ин ашхос додашуда ва ҳам аз ҷониби ташкилотҳои давлатӣ гузаронидашуда;

додани музди меҳнат ба коргарон, роҳбарон ва мутахассисони корхонаҳо ва ташкилотҳо аз ҷои кори асосӣ ҳангоми аз кор ҷудо шуда таҳсили онҳо дар системаи такмили ихтисос ва тарбияи кадрҳо;

пардохти ҳаққи кормандон - донорҳо барои рӯзҳои муоина, супурдани хун ва истироҳат, ки баъди ҳар рӯзи супурдани хун дода мешавад;

музди меҳнати донишҷӯёни мактабҳои олӣ, хонандагони таълимгоҳҳои миёнаи махсус ва касбию техникӣ, ки дар корхонаҳо таҷрибаи истеҳсолӣ мегузаранд, инчунин пардохти музди меҳнати хонандагони мактабҳои таълими ҳамагонӣ дар давраи интихоби касб;

музди меҳнати донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва хонандагони мактабҳои миёнаи махсус ва касбию техникӣ, ки дар ҳайати отрядҳои донишҷӯён кор мекунанд;

музди мёҳнати коргароне, ки дар штати корхона нестанд, барои корхои тибқи шартномаҳои басташудаи дорои хусусияти шаҳрвандию хуқуқӣ (ҳамчунин шартномаи пудратӣ) иҷрокардаи онҳо, агар ҳисобу китобро бо коргарон барои кори иҷрогардида бевосита худи корхона анҷом диҳад. Дар ин маврид ҳаҷми маблағ барои пардохти музди меҳнати коргарон барои иҷрои корҳо (хизматрасониҳо) аз рӯи шартномаи пудратӣ бо дарназардошти сметаи иҷрои корҳо (хизматрасониҳо) ва асноди пардохтӣ муайян карда мешавад;

дигар намуди пардохтҳо, ки тибқи тартиби мақарраршуда ба фонди музди меҳнат ворид мегарданд (ба истиснои хароҷот оид ба пардохти музди меҳнат,

ки аз ҳисоби фоидаи дар ихтиёри корхона гузошташаванда ва дигар воридоти мақсаднок маблағгузорӣ мешаванд).

Ба арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасониҳо) ва ҳангоми мураттаб сохтани калкуляцияи ҳамаи арзиши аслӣ пардохтҳои зерин дар шакли пул ва мол ба коргарони корхонаҳо, инчунин хароҷоте, ки бо нигоҳдории онҳо вобаста аст, ворид карда намешаванд:

мукофотпулиҳое, ки аз ҳисоби маблағҳои таъиноти махсус ва воридоти мақсаднок пардохта мешаванд:

кӯмакҳои моддӣ (аз ҷумла кӯмакҳои ройгони моддӣ ба кормандон барои ҳаққул узвияти аввалия ҷиҳати сохтмони манзили кооперативӣ, барои қисман пӯшонидани қарзе, ки барои сохтмони манзили кооперативӣ ва шахсӣ дода шудааст), қарзи бефоиз барои беҳтарбуди шароити манзил, бисоти рӯзғори хона ва дигар эҳтиёҷоти иҷтимоӣ;

иловапулӣ ба нафақа, ёрдампулии яквақта ба собиқадорони меҳнат, ки ба нафақа мебароянд даромадҳое (фоида, фоизҳо), ки тибқи саҳмияҳо ва пасандозҳои коллективи меҳнатии корхона пардохта мешаванд, ҷубронпулиҳо бинобар баландшавии нархҳо, ки зиёда аз хаҷми индексатсияи даромадҳо бо қарори мақомоти ваколатдори тарафҳо гузаронида мешаванд, ҷуброни қиматшавии нархи хӯрок дар ошхонаҳо, буфетҳо ва табобатгоҳҳо ё худ пешниҳоди он бо нархҳои имтиёзнок ва ё бепул (ба ғайр аз хӯроки махсус барои гурӯҳи ҷудогонаи коргарон дар ҳолатҳое, ки тибқи асноди меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст);

пардохти роҳкиро то ҷои кор бо нақлиёти истифодаи умум, бо нақлиёти махсус, бо нақлиёти идора, (бо истиснои маблағе, ки марбут ба арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) тааллуқ дорад);

фарқияти нархи маҳсулот (кору хизматрасонӣ), ки ба кормандони корхона пешниҳод карда мешавад ё аз ҷониби хоҷагиҳои ёрирасон барои муассисаи хӯроки умумии корхона дода мешавад;

пардохти роҳхатҳо барои табобат ва истироҳат, сайру саёҳат, шуғл дар сексияҳои варзиш, маҳфилҳо, клубҳо, ташриф дар чорабиниҳои фарҳангию намоишӣ ва варзишӣ, обуна ва молҳо барои истеъмоли шахсии кормандон ва ба ҳамин монанд дигар пардохтҳо ва хароҷоте, ки аз ҳисоби фоидаи дар ихтиёри корхона боқимонда ба ҷо оварда мешаванд;

дигар намудҳои пардохтҳо, ки бевосита бо музди меҳнат алоқаманд нестанд:

14. Дар қисми "Пулҷудокунӣ барои эхтиёҷоти иҷтимоӣ" ба ҳисобу китоби калкулятсионии маблағгузаронии ҳатми тибқи меъёрҳои мақарраркардаи қонунгузориҳо ба мақомоти фонди давлатии шуғл аз хароҷот барои музди меҳнати кормандон, ки ба арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) аз рӯи қисми "Хароҷот барои музди меҳнат" (ғайр аз он намудҳои пардохтҳо, ки ба онҳо пардохти суғуртавӣ ҳисоб карда намешаванд) ворид мегарданд инъикос ва ворид карда мешаванд.

15. Дар қисми "Амортизатсияи фондҳои асосӣ" бд калкулятсияи пурраи арзиши аслии маҳсулот маблағи пулҷудокуниҳои амортизатсиони барои пурра барқарор кардани фондҳои асосии истеҳсолӣ, ки бо дарназардошти арзиши балансӣ ва асноди мақарраршудаи қонунгузориҳо ё дигар асноди меъёрӣ тасдиқгардида аз он ҷумла амортизацияи суръатноки қисми фаъоли онҳо, ки мутобиқи санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда шудаанд инъикос ва истифода бурда мешаванд.

Корхонае, ки фаъолияти худро дар шароити иҷора амалӣ мегардонад, аз рӯи қисми "Амортизатсияи фондҳои асосӣ" дар калкулятсияи пулҷудокунии амортизатсионӣ барои пурра барқарор сохтани ҳам фондҳои асосии худӣ ва ҳам фондҳои асосии иҷоравӣ инъикос ва ворид карда мешаванд.

Дар ин қисми хароҷот инчунин пулҷудокунии амортизатсионӣ аз арзиши фондҳои асосӣ (биноҳо), ки ба муассисаҳои хӯроки умумии ба коллективҳои меҳнатӣ хизматкунанда ройгон пешниҳод шудаанд, инчунин аз арзиши иморат ва асбобу анҷом, ки аз ҷониби корхонаҳо ба муассисаҳои тиббӣ барои ташкил кардани пунктҳои тиббӣ бевосита дар ҳудуди корхонаҳо пешниҳод гардидаанд, инъикос карда мешаванд.

Корхонае, ки тибқи тартиби мақарраршуда индексатсияи ҳисобгадидаро тибқи меъёрҳои ҷории пулҷудокуниҳои амортизатсионӣ барои пурра барқарор сохтани фондҳои асосӣ, анҷом медиҳад, аз рӯи қисми "Амортизатсияи фондҳои асосӣ" инчунин маблағи афзоиши пулҷудокуниҳои амортизатсиониро дар натиҷаи индексатсияҳои онҳо инъикос мекунад.

16. Ба қисми "Дигар хароҷот" дар таркиби арзиши аслӣ ва ҳангоми калкулятсияи пурраи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) андозҳо, боҷҳо, пардохтҳо (аз ҷумла аз рӯи намудҳои суғуртаи ҳатмӣ) пулҷудокунӣ ба фондҳои (захираҳои) суғуртавӣ ва дигар пулҷудокуниҳои ҳатмӣ, ки тибқи тартиби қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд, мукофотпулиҳо барои ихтироъ ва пешниҳоди ратсионализаторӣ, хароҷот барои пардохти фоизи қарзҳои гирифташуда, пардохти музди кор оид ба сертификатсияи маҳсулот, хароҷот барои сафарҳои хизматӣ, роҳкирои, пардохт ба ташкилотхои ғайр барои ҳифзи сӯхтор ва посбонӣ, барои тарбия ва азнавтарбиякунии кадрҳо, хароҷот барои қабули муташаккилонаи кормандон, барои таъмири кафолатнок ва хизматрасонӣ, пардохти ҳаққи хизмати алоқа, марказҳои ҳисоббарорӣ, бонкҳо, амортизатсия аз рӯи активҳои ғайримоддӣ, хароҷот барои обуна ба нашрияҳои даврӣ, адабиёти илмию техникӣ ва меъёрию методӣ, инчунин дигар хароҷот, ки ба таркиби арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) ворид мешаванд, вале ба қисмҳои қаблан зикргардидаи хароҷот тааллуқ надоранд, вобаста мебошанд.

Корхона ва ташкилотҳое, ки фонди таъмириро ҷиҳати тӯли якчанд сол таъмини баробар ворид кардани хароҷотро барои ба ҷо овардани намудҳои махсусан мураккаби таъмири фондҳои асосии истеҳсолӣ ба арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ), ташкил медиҳанд, дар таркиби қисми "Дигар хароҷот" инчунин пулҷудокуниҳоро ба фонди таъмир, ки бо дар назардошти арзиши балансии фондҳои асосии истеҳсолӣ ва меъёрҳои пулҷудокунии, аз ҷониби худи корхонаю ташкилотҳо тибқи тартиби мақарраршуда тасдиқгардида муайян шудаанд, инъикос мекунанд. Фарқияти байни арзиши умумии таъмир ва маблағе, ки тибқи меъёр ба арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) таалуқ дорад, ба таркиби хароҷоти марҳилаи минбаъда ё пардохтҳо ва хароҷоти оянда ва пардохтҳо инъикос мегардад.

Дар ҳолатҳои боқимонда хароҷот барои ба ҷо овардани тамоми намудҳои таъмири (ҷорӣ, миёна, асосӣ) фондҳои асосии истеҳсолӣ ба арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) ворид карда мешаванд ва тибқи қисматҳои дахлдори хароҷот (бо хароҷоти моддӣ, хароҷот барои пардохти музди меҳнат ва дигар хароҷот) калкулятсия карда мешаванд.

Хароҷот барои пардохтҳои суғуртаи амволи ташкилотҳо, аз ҷумла пардохтҳо оид ба суғуртаи хатмии давлатӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузориҳо ё дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин суғуртаи ҳаёт ва саломатии гурӯҳи ҷудогонаи кормандон ва хароҷоти марбут бо таъмин (фурӯши) маҳсулот (кору хизматрасонӣ) метавонанд аз таркиби қисми "Дигар хароҷот" ба қисмҳои алоҳида ҷудо шаванд.

Хароҷоти марбут ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулот (кору хизматрасонӣ), ҳангоми банақшагирӣ, баҳисобгирӣ ва калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) тибқи моддаҳои хароҷот гурӯҳбандӣ мешаванд.

Номгӯи моддаҳои хароҷот, таркиби онҳо ва усулҳои тақсим аз рӯи намудҳои маҳсулот (кору хизматрасонӣ), инчунин тартиби нархгузории боқимондаҳои истеҳсолоти нотамом ва маҳсулоти тайёр метавонанд бо дастурҳои методии соҳавӣ вобаста ба масъалаҳои банақшагирӣ, баҳисобгирӣ ва калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) бо дарназардошти хусусият ва сохтори истеҳсолот муайян карда шаванд.

Дар ин маврид гурӯҳбандии хароҷот аз рӯи моддаҳое, ки барои соҳаҳои дахлдор (зерсоҳа, намуди фаъолият) мақаррар мешавад, бояд ҷудо кардани хароҷоти марбут ба истеҳсоли намудҳои ҷудогонаи маҳсулотро, ки метавонанд мустақиман ба арзиши аслии онҳо (яъне, хароҷоти мустақим) ворид карда шаванд, таъмин намояд.

17. Хароҷот барои истеҳсоли маҳсулоти (кору хизматрасонӣ) ҳамон давраи ҳисоботӣ, ки ба он сарфи назар аз вақти пардохт пешакӣ ё ки минбаъд (пардохт барои хизматрасонии абонентӣ, пардохт барои обуна ба нашриёти даврӣ, нашриёти дорои хусусияти меъёрию техникӣ ва ғайра) онҳо таалуқ доранд.

Хароҷоти ғайриистеҳсолӣ дар баҳисобгирии ҳамон моҳи ҳисоботӣ, ки онҳо ошкор карда шудаанд, нишон дода мешаванд.

Хараҷотҳое, ки корхона бо асъори хориҷӣ ва бояд ба арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) ворид намояд, бо роҳи аз нав ҳисоб кардани асъори хориҷӣ тибқи қурби дар санаи анҷом додани амалиёт дар Бонки миллии Тоҷикистон амалкунанда бо асъори миллӣ таҷассум меёбад.

Номгӯи хароҷоти пешбинишудаи марбут ба арзиши аслӣ (бо тақсим ба гурӯҳҳо) имконият медиҳад, ки танҳо намудҳои асосии хароҷот ҷудо карда шаванд ва дар байни саъю кушиш, муқобил буда аз як тараф таъмини пешомади перспективии таҳияи СНС-ро таъмин намуда, аз ҷониби дигар бар дӯши корхона миқдори зиёдатии нишондиҳандаҳои ҳисоботиро бор намекунад.