Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017 № 549 "Дар бораи Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022

Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022" тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор амалисозии Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022-ро аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатӣ барои рушди соҳаҳои фарҳанг ва илм пешбинишуда, маблағҳои махсус ва грантҳои созмонҳои байналмилалӣ таъмин намояд.

3. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

аз 29 ноябри соли 2017 № 549

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Государственной программе подготовки специалистов в сферах культуры, искусства, издательства и печати Республики Таджикистан на 2018-2022 годы

В соответствии со статьей 8 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Государственную программу подготовки специалистов в сферах культуры, искусства, издательства и печати Республики Таджикистан на 2018-2022 годы (прилагается).

2. Министерству культуры Республики Таджикистан во взаимодействии с соответствующими министерствами и ведомствами обеспечить реализацию Государственной программы подготовки специалистов в сферах культуры, искусства, издательства и печати Республики Таджикистан на 2018-2022 годы за счет средств, предусмотренных в государственном бюджете на развитие культуры и науки, специальных средств и грантов международных организаций.

3. Министерству культуры Республики Таджикистан ежегодно представлять Правительству Республики Таджикистан сведения о ходе реализации плана мероприятий Государственной программы подготовки специалистов в сферах культуры, искусства, издательства и печати Республики Таджикистан на 2018-2022 годы.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 29 ноября 2017 года, №549