Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017 № 547 "Дар бораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, сохтори дастгоҳи марказӣ, нақшаи идоракунӣ ва номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).

2. Шумораи ниҳоии ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 2207 воҳид, аз ҷумла шумораи кормандони дастгоҳи марказии кумита бо теъдоди 195 воҳид, 6 генерал, 171 афсар, прапоршик ва сержант, 18 коргару хизматчӣ, инчунин шумораи кормандони ташкилотҳои системаи кумита ба миқдори 907 афсар, прапоршик ва сержант, 899 сержант ва аскари хизмати ҳатмӣ, 395 коргар ва хизматчӣ муқаррар карда шавад.

3. Ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 3 муовини раиси кумита, аз ҷумла муовини якум ва 2 муовин, инчунин ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад.

4. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати ду моҳ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қарори мазкур таклиф пешниҳод намояд.

5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 611 "Дар бораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

аз 29 ноябри соли 2017 № 547

ш.Душанбе