Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017 № 544 "Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020 ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии он тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалигардонии барномаи мазкурро дар доираи маблағҳои барои соҳаи маориф ҳамасола пешбинишуда ва аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ намоянд.

3. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иҷрои саривақтии Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020-ро зери назорат гирифта, оид ба иҷрои саривақтии он тадбирҳои мушаххас андешида, аз натиҷаи амалишавии он ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар анҷоми ҳар сол то 30 ноябр ҳисобот пешниҳод намоянд.

4. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати иҷрои Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020-ро таъмин намуда, аз натиҷаи амалӣ шудани он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

аз 29 ноябри соли 2017, № 544

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Государственной программе по обеспечению общеобразовательных учреждений республики предметными кабинетами и оснащёнными учебными лабораториями на 2018-2020 годы

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Государственную программу по обеспечению общеобразовательных учреждений республики предметными кабинетами и оснащёнными учебными лабораториями на 2018-2020 годы и план мероприятий по её реализации (приложения 1 и 2).

2. Министерству образования и науки Республики Таджикистан, центральным и местным исполнительным органам государственной власти реализовать данную программу в рамках ежегодно предусматриваемых средств для сферы образования и за счет других источников финансирования в установленном порядке.

3. Соответствующим министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов республики взять под контроль своевременное исполнение Государственной программы по обеспечению общеобразовательных учреждений республики предметными кабинетами и оснащёнными учебными лабораториями на 2018-2020 годы, принять конкретные меры по её своевременному выполнению и представить отчет о ходе реализации по завершению каждого года до 30 ноября в Министерство образования и науки Республики Таджикистан.

4. Министерству образования и науки Республики Таджикистан обеспечить ход выполнения государственной программы по обеспечению общеобразовательных учреждений республики предметными кабинетами и оснащёнными учебными лабораториями на 2018-2020 годы и ежегодно представить информацию о результатах его реализации в Правительство Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан  Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 29 ноября 2017 года, №544