Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 2017 № 523 "Дар бораи Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳо" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорату идораҳои дахлдор, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо уҳдадор карда шаванд, ки барои амалисозии Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намоянд.

3. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои дахлдор андешад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

аз 4 ноябри соли 2017 № 523

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Порядке ведения Государственного каталога Музейного фонда Республики Таджикистан

В соответствии со статьей 12 Закона Республики Таджикистан "О музеях и музейном фонде" Правительство Республики Таджикистан постановляет.

1. Утвердить Порядок ведения Государственного каталога Музейного фонда Республики Таджикистан (прилагается).

2. Обязать соответствующие министерства и ведомства, председателей Горно - Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов содействовать в реализации Порядка ведения Государственного каталога Музейного фонда Республики Таджикистан.

3. Министерству культуры Республики Таджикистан принять соответствующие меры по осуществлению Порядка ведения Государственного каталога Музейного фонда Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Pecпублики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

 от 4 ноября 2017 года, №523