Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "4" ноябри соли 2017, № 523
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "4" ноябри соли 2017, № 523
тасдиқ шудааст
ТАРТИБИ ПЕШБУРДИ ФЕҲРИСТИ ДАВЛАТИИ ФОНДИ ОСОРХОНАҲОИ ҶУҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳо" Феҳристи давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Феҳрист), ки дорои маълумот дар бораи ашё ва коллексияҳои осорхонавии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ҷорӣ карда мешавад.
2. Феҳрист ин системаи давлатии иттилоотиест, ки дар он маълумоти асосӣ оид ба ҳар як ашё ва коллексияи осорхонавие, ки ба Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд, ҷой дода мешавад.
3. Феҳрист мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳо" таҳия гардида, тартиби ташаккул ва пешбурди Феҳрист, инчунин ташкил ва истифодаи маълумоти электронӣ дар бораи ҳар як ашё ва коллексияи осорхонавии фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.
4. Пешбурди Феҳрист аз ҷониби осорхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ашё ва коллексияҳои осорхонавӣ ва идораи оперативӣё истифодаи онҳо қарор доранд, дар асоси ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии онҳо амалӣ гардонида шуда, аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъдмақоми ваколатдор) назорат карда мешавад.
5. Ашё ва коллексияҳои осорхонавии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта, ки ба қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мансубанд, мувофиқи тартиби муқарраргардида ба осорхонаҳо ё ташкилоту муассисаҳои дигари давлатӣ бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ ё истифода вобаста карда шудаанд, бояд ҳатман ба Феҳристи мазкур дохил карда шаванд.
6. Ба Феҳрист ворид кардани ашё ва коллексияҳои осорхонавии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта, ки ба қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мансубанд, дар асоси аризаи моликони ин ашё ва коллексияҳои осорхонавӣ ва дар ҳолати мавҷуд будани хулосаи экспертӣ, ки аҳамияти таърихӣ ва фарҳангии онҳоро тасдиқ мекунад, амалӣ мегардад.
7. Барои қабули қарор дар бораи ба Феҳрист ворид намудани ашё ва колексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон осорхона ва ташкилоту муассисаҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё моликоне, ки ашё ва коллексияҳои осорхонавӣ дар идораи оперативӣ ё истифодаи онҳо қарор доранд, ба мақомоти ваколатдор маълумоти зеринро пешниҳод менамоянд:
- номи ашё;
- рақами осорхонавии ашё аз рӯи китоби воридот;
...