Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 2017 № 479 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 544"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 544

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба Қоидаҳои интиқоли молҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби имтиёзнок ва соддагардонидашуда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 544 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои интиқоли молҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби имтиёзнок ва соддагардонидашуда" тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар тамоми матн калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад;

- дар бандҳои 1,9 ва 22 калимаи "мизони" ба калимаи "меъёри" иваз карда шавад;

- дар сархатҳои якум ва дуюми банди 2 калимаҳои "меъёрҳои" ва "мизони" мувофиқан ба калимаҳои "андозаи" ва "меъёри" иваз карда шаванд;

- дар сархати чоруми банди 2 калимаҳои "Номгӯи моли фаъолияти иқтисодии хориҷии Иттиҳоди иқтисодии Евразия" ба калимаҳои "Номгӯи молии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- дар сархати шашуми банди 2 калимаи "квитансияи" ба калимаи "расиди" иваз карда шавад.

2. Рӯйхати молҳое, ки шахсони воқеӣ метавонанд бе пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо ба миқдори маҳдуд ворид намоянд, ки ба Қоидаҳои интиқоли молҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби имтиёзнок ва соддагардонидашуда замима шудааст, дар таҳрири нав ифода карда шавад (замима мегардад).

3. Қарори мазкур аз 1 июли соли 2017 мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

аз 23 октябри соли 2017 № 479

ш.Душанбе

Замима