Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаҳои 56 ва 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Дастурамали намунавӣ дастурамалҳон мушаххаси коргузорӣ таҳия ва тасдиқ намоянд ва коргузории ҷориро қатъиян тибқи он ба роҳ монанд.
3. Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани ташкили кори ҳуҷҷатгузорӣ ва коргузорӣ тибқи Дастурамал омӯзиши кормандони воҳидҳои сохтории коргузории мақомоти ба низоми хизмати давлатӣ дохилбударо ба роҳ монад.
4. Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурин Тоҷикистон ва бойгониҳои давлатии вилоятҳо курсҳои доимамалкунандаи такмили ихтисоси кормандони воҳидҳои сохтории коргузории муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳо бо муҳлати як моҳи таълимии аз истеҳсолот ҷудо ба таври шартномавӣ ташкил намояд.
5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, № 585 "Дар бораи тасдиқи Дастурамали намунавии коргузорӣ дар вазорату кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 28 июли соли 2017 № 358
ш.Душанбе