Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 2016 № 750 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015, № 327"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ 5 ЯНВАРИ СОЛИ 2015, № 327

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Аз матни Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015, № 327 "Дар бораи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017" калимаҳои "(Сарқонуни)" ва "Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон," хориҷ карда шаванд.

2. Дар Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015, № 327 тасдиқ шудааст:

- дар қисми дуюми боби 2 калимаҳои "назди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- калимаи "(Сарқонуни)" ва боби 3 хориҷ карда шаванд.

3. Аз Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015, № 327 тасдиқ шудааст, калимаҳои "Шӯрои адлия", сархатҳои якуми бандҳои 1, 2, 4, аз банди 3 калимаҳои "Суди Олӣ" ва бандҳои 10, 12 хориҷ карда шаванд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

3 сентябри соли 2016 № 750

 

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ОТ 5 ЯНВАРЯ 2015 ГОДА, №327

В соответствии со статьей 69 Конституции Республики Таджикистан

1. Исключить из текста Указа Президента Республики Таджикистан от 5 января 2015 года, №327 "О Программе судебно-правовой реформы в Республике Таджикистан на 2015-2017 годы" слова "Совет юстиции Республики Таджикистан,".

2. В Программе судебно-правовой реформы в Республике Таджикистан на 2015-2017 годы, утвержденной Указом Президента Республики Таджикистан от 5 января 2015 года, №327:

- в части второй главе 2 данной Программы слова "при Совете юстиции Республики Таджикистан" заменить словами "Верховного Суда Республики Таджикистан";

- исключить главу 3.

3. Исключить из Плана мероприятий по реализации Программы судебно-правовой реформы в Республике Таджикистан на 2015-2017 годы, утвержденной Указом Президента Республики Таджикистан от 5 января 2015 года, №327, слова "Совет юстиции", первые абзацы пунктов 1, 2, 4, из пункта 3 слова "Верховный Суд" и пункты 10, 12.

Президент

Республики Таджикистан         Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 3 сентября 2016 года, №750