Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2017 № 327 "Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии "Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии "Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ"

 

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии "Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ" таъсис дода шавад.

2. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаи давлатии "Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ"-ро ҳал карда, маблағгузории фаъолияти онро аз ҳисоби маблағҳои хизматрасонии соҳа ва маблағҳои махсус амалӣ намояд.

3. Муассисаи давлатии "Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ" дар бинои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш. Ҳусейнзода, 36-36а, ҷойгир карда шавад.

4. Ба замимаи 4 "Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 150 "Дар бораи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати ҳаштум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Муассисаи давлатии "Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ"".

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 29 июни соли 2017 № 327

ш.Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О создании государственного учреждения "Центр реализации единого окна, кадастра и градостроительного мониторинга"

В соответствии со статьями 52 и 132 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Создать государственное учреждение "Центр реализации единого окна, кадастра и градостроительного мониторинга".

2. Комитету по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан решить организационно-правовые вопросы государственного учреждения "Центр реализации единого окна, кадастра и градостроительного мониторинга" и осуществить финансирование его деятельности за счет средств от оказания отраслевых услуг и специальных средств.

3. Разместить государственное учреждение "Центр реализации единого окна, кадастра и градостроительного мониторинга" в здании Комитета по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан, расположенном в городе Душанбе, улица Ш.Хусейнзода, 36-36а.

4. Приложение 4 "Перечень организаций системы Комитета по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан", утверждённый постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №150 "О Комитете по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан", дополнить восьмым абзацем следующего содержания:

"Государственное учреждение "Центр реализации единого окна, кадастра и градостроительного мониторинга"".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г. Душанбе, 

от 29 июня 2017 года, №327