Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимию тарбиявӣ доранд, аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тибқи Тартиби мазкур ба роҳ монанд.
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2006, № 122 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои аз аттестатсия гузаронидани кормандони идора ва шӯъбаҳои маориф, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, томактабӣ ва таҳсилоти иловагии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 7 июни соли 2017 № 281
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Порядке аттестации работников педагогической и научной сферы образовательных учреждений Республики Таджикистан
В соответствии со статьей 32 Закона Республики Таджикистан "Об образовании" и статьей 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Порядок аттестации работников педагогической и научной сферы образовательных учреждений Республики Таджикистан (прилагается).
2. Министерству образования и науки Республики Таджикистан, министерствам и ведомствам, имеющим в своей структуре воспитательные учреждения, провести аттестацию работников педагогической и научной сферы образовательных учреждений Республики Таджикистан согласно данному Порядку.
3. Признать утратившим силу постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 апреля 2006 года, №122 "Об утверждении Правил проведения аттестации работников управлений и отделов образования, общеобразовательных учреждений, учреждений дошкольного и дополнительного образования Республики Таджикистан".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 7 июня 2017 года, № 281