ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Комиссия оид ба масъалаҳои бахшиши ҷазои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 51 ва 62 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
1. Комиссия оид ба масъалаҳои бахшиши ҷазои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2. Низомнома ва Ҳайати Комиссия оид ба масъалаҳои бахшиши ҷазои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
3. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 майи соли 1997, № 721 "Дар бораи комиссия оид ба масъалаҳои бахшиши ҷазо ва шаҳрвандӣ" ва аз 26 майи соли 1997, № 729 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби бахшиши ҷазои ашхоси аз тарафи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкумшуда" аз эътибор соқит дониста шаванд.
4. Фармони мазкур аз 1 сентябри соли 2017 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
7 июни соли 2017 № 889
УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Комиссии по вопросам помилования при Президенте Республики Таджикистан
В соответствии со статьей 69 Конституции Республики Таджикистан и статьями 51 и 62 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" постановляю:
1. Образовать Комиссию по вопросам помилования при Президенте Республики Таджикистан.
2. Утвердить Положение и Состав Комиссии по вопросам помилования при Президенте Республики Таджикистан (приложения 1 и 2).
3. Признать утратившими силу указы Президента Республики Таджикистан от 8 мая 1997 года, №721 "О комиссии по вопросам помилования и гражданства" и от 26 мая 1997 года, №729 "Об утверждении Положения о порядке осуществления помилования лиц, осужденных судами Республики Таджикистан".
4. Настоящий указ ввести в действие с 1 сентября 2017 года.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 7 июня 2017 года, № 889