Замимаи 1
ба Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "7" июни соли 2017, № 889
Низомномаи Комиссия оид ба масъалаҳои бахшиши ҷазои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Фармони Президенти ҶТ аз 22.05.2021 № 185)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Комиссия оид ба масъалаҳои бахшиши ҷазои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Комиссия) мақоми машваратию маслиҳатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки амалӣ гардонидани салоҳиятҳои конститутсионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои бахшиши ҷазоро таъмин менамояд.
2. Комиссия фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад.
3. Масъалаи бахшиши ҷазои шахсони аз тарафи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз ҷониби судҳои давлатҳои дигар маҳкумшударо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро адо мекунанд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Комиссия ҳал мекунад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад масъалаи бахшиши ҷазоро мустақиман ҳал намояд.
2. ВАЗИФА ВА ВАКОЛАТҲОИ КОМИССИЯ
4. Вазифаҳои асосии Комиссия аз инҳо иборатанд:
- баррасии пешакии дархостҳо оид ба масъалаҳои бахшиши ҷазо ва аз рӯи онҳо омода намудани пешниҳодҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъминоти иттилоотӣ ва таҳлилии фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалӣ гардонидани салоҳияти тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи ӯ вогузоргардида вобаста ба ҳалли масъалаҳои бахшиши ҷазо;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намудани пешниҳодҳо оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои бахшиши ҷазо, инчунин ҳалли мушкилиҳо дар ин соҳа.
5. Комиссия барои иҷрои вазифаҳои асосии худ ваколатҳои зеринро доро мебошад:
- аз мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо, инчунин шахсони мансабдор бо тартиби муқарраргардида маводи заруриро дархост ва қабул намояд, ба онҳо дар бораи тафтиши масъалаҳои ҷудогона супориш диҳад;
- ба ҷаласаҳои худ шахсони мансабдорро барои муайян кардани ҳолатҳое, ки ба амалӣ гардонидани масъалаҳои бахшиши ҷазо алоқаманданд, даъват намояд;
- оид ба масъалаҳои бахшиши ҷазо машваратҳо, конференсияҳо ва дагар чорабиниҳоро гузаронад;
- бо мақсади амалӣ намудани ваколатҳои худ гурӯҳҳои корӣ ва коршиносӣ таъсис диҳад;
- дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
3. ТАЪМИНИ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯ
6. Комиссия мақоми доимоамалкунанда буда, аз раис, муовини раис, котиби масъул ва дигар аъзо иборат мебошад.
7. Ҷаласаҳои Комиссия аз рӯи зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар шаш моҳ гузаронида мешаванд.
8. Дар ҷаласаҳои Комиссия бо розигии раиси Комиссия метавонанд намояндагони мақомоти дигари давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар шахсони манфиатдор иштирок намоянд.
9. Ҷаласаи Комиссияро раиси он мегузаронад. Дар сурати набудани раиси Комиссия ё бо супориши ӯ вазифаи ӯро муовини раиси Комиссия иҷро мекунад.
10. Комиссия ваколати қабули қарорҳоро дар сурати дар ҷаласаҳои он иштирок намудани на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Комиссия дорад. Қарорҳои Комиссия бо аксарияти овозҳои аъзои Комиссия қабул карда мешаванд.
11. Қарорҳои Комиссия бо протокол ба расмият дароварда мешаванд. Протоколро аъзои дар ҷаласа ҳузурдоштаи Комиссия имзо мекунанд. Дар ҳолатҳои истисноӣ бо супориши раиси Комиссия қабули қарор бо роҳи пурсиши аъзои Комиссия иҷозат дода мешавад.
12. Протоколи ҷаласаи Комиссия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
13. Коргузорӣ ва таҳияи мавод барои ҷаласаҳои Комиссия аз ҷониби котиботи Комиссия, ки функсияҳои он ба зиммаи воҳиди сохтории марбутаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор мегарданд, анҷом дода мешавад. Муросилот оид ба масъалаҳои фаъолияти Комиссия тавассути котиботи Комиссия ба амал бароварда мешавад.
4. ТАРТИБИ ПЕШНИҲОД, БАРРАСӢ ВА ҚАБУЛИ ҚАРОРҲО АЗ РӯИ ДАРХОСТҲО ДАР БОРАИ БАХШИШИ ҶАЗО
14. Дархостҳо дар бораи бахшиши ҷазо тибқи тартиб ва муҳлатҳои муқаррарнамудаи Низомномаи мазкур, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад, баррасӣ карда мешаванд.
15. Дархост дар бораи бахшиши ҷазо ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсе, ки барои содир намудани ҷиноят маҳкум шуда, ҳукми суд нисбати ӯ эътибори қонунӣ пайдо кардааст, ба муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо пешниҳод карда мешавад.
16. Маъмурияти муассисаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ё дигар мақомоти иҷрокунандаи ҷазо дар асоси дархости маҳкумшуда маводи бахшиши ҷазоро тартиб дода, онро дар муддати на дертар аз як моҳ тавассути мақоми болоии худ ба Комиссия ирсол менамояд.
17. Маводи бахшиши ҷазо бояд ҳуҷҷатҳои зеринро дарбар гирад:
- дархост дар бораи бахшиши ҷазо, ки аз ҷониби маҳкумшуда шахсан пешниҳод гардида, аз ҷониби маъмурияти муассисаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ё мақоми дигари иҷрокунандаи ҷазо тасдиқ шудааст;
- пешниҳод бо ақидаи маъмурияти муассисаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ё мақоми дигари иҷҷрокунандаи ҷазо оид ба мувофиқи мақсад будани татбиқи санади бахшиши ҷазо;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти маҳкумшуда;
- нусхаи тасдиқшудаи ҳукми эътибори қонунӣ пайдокарда (нусхаи қарори суди болоӣ оид ба ҳукми мазкур), ки мувофиқи он маҳкумшуда адои ҷазо менамояд;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии маҳкумшуда;
- маълумотнома оид ба барқарор намудани зарари моддии дар натиҷаи содир кардани ҷиноят расонидашуда (агар бошад);
- варақаи намуда махсус бо нишон додани тарҷумаи ҳоли маҳкумшуда ва маълумот оид ба вазъи оилавии ӯ;
- маълумот оид ба натиҷаҳои баррасии дархостҳои қаблӣ дар бораи бахшиши ҷазо, агар онҳо пештар пешниҳод шуда бошанд;
- маълумотнома вобаста ба татбиқ намудани санади авф, бахшиши ҷазо ва ё пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод намудани маҳкумшуда;
- хислатномаи муфассали шахсияти маҳкуммшуда, ки маълумот оид ба рафтор, муносибат ба меҳнат ва таҳсил дар рафти адои ҷазо, муносибати ӯ ба кирдори содирнамудааш ва дигар хизматҳои шоистааш, инчунин мавқеи маъмурияти муассисаро вобаста ба моҳияти дархост дар бораи бахшиши ҷазо дар бар мегирад.
18. Маводи бахшиши ҷазои маҳкумшуда аз ҷониби котиботи Комиссия мавриди омӯзиш қарор гирифта, вобаста ба ҳар як дархост маълумотнома тартиб дода мешавад, ки он дастраси ҳама аъзои Комиссия мегардад. Аъзои Комиссия метавонанд бевосита бо маводи бахшиши ҷазо дар ҷаласаҳои Комиссия шинос шаванд.
19. Мавод ва дархостҳои зерин дар бораи бахшиши ҷазо мавриди баррасии Комиссия қарор намегиранд:
- дархостҳое, ки дар онҳо оид ба беасосии ҳукм ё вайрон кардани қонун истинод карда шудааст ва онҳо ба санҷиш эҳтиёҷ доранд. Дархостҳои мазкур чун шикоят эътироф шуда, ба Суди Олӣ ё Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд;
- дархостҳои такрорӣ дар бораи бахшиши ҷазо, агар аз лаҳзаи қонеъ ё рад гардидани дархости қаблӣ як сол нагузашта бошад. Дархостҳои такрорӣ ба маводи мавҷуда ҳамроҳ карда шуда, дар ин хусус ба муроҷиаткунанда хабар дода мешавад;
- мавод ва дархостҳое, ки ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Низомномаи мазкур ҷавобгӯ нестанд.
20. Маълумотнома доир ба маводи бахшиши ҷазои ҳар як маҳкумшуда дар ҷаласаи Комиссия аз ҷониби муовини раиси Комиссия ва дар набудани ӯ аз ҷониби котиби масъули Комиссия эълон карда мешавад.
21. Ҳангоми баррасии дархост дар бораи бахшиши ҷазо ҳолатҳои зерин ба назар гирифта мешаванд:
- хусусият ва дараҷаи ба ҷамъият хавфнокии ҷинояти содиршуда, ҳолатҳои мушаххаси содиршавии ҷиноят, шахсияти маҳкумшуда, вазъи саломатӣ, вазъи оилавӣ, интизом ва муносибати маҳкумшуда ба меҳнат ва атрофиён, иштирок дар кори ташшлотҳои худфаъолият дар маҳалли иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, муҳлати ҷазои адошуда ва дигар ҳолатҳо;
- хислатномаи маҳкумшуда.
22. Дар натиҷаи баррасии дархостҳо дар бораи бахшиши ҷазо Комиссия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои зерин пешниҳод менамояд:
- иваз кардани ҷазои қатл ба якумра маҳрум сохтан аз озодӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати бисту панҷ сол;
- иваз кардани ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ба маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати муайян ё пурра озод кардан аз ҷазо;
- пурра ё қисман озод кардан аз адои ҷазои асосӣ ва ё иловагӣ;
- ихтисор кардани қисми ҷазои адонашуда;
- иваз кардани ҷазо ё қисми адонашудаи он бо ҷазои нисбатан сабук;
- бардоштани доғи судии шахсе, ки ҷазоро адо кардааст ё аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда шудааст.
23. Қарор дар бораи бахшиши ҷазои маҳкумшудагон ва рад кардани дархост дар бораи бахшиши ҷазои маҳкумшудагон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли фармон қабул карда мешавад.
5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
24. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои бахшиши ҷазо барои иҷро ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар мақоми иҷрои ҷазо, инчунин барои маълумот ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд. Ҳамзамон маводи бахшиши ҷазои баррасишуда барои нигоҳдории доимӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешавад.
25. Бо мақсади баланд бардоштани аҳамияти амалии бахшиши ҷазо дар кори ислоҳи маҳкумшудагон фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бахшиши ҷазоро дар ҷаласаҳои маҳалли адои ҷазои маҳкумшудагон эълон намудан мумкин аст.
26. Мақоми иҷрои ҷазо дар бораи иҷрои фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои бахшиши ҷазо дар муҳлати як моҳ аз лаҳзаи қабули фармон ба Комиссия ҳисобот медиҳад.
27. Назорати иҷрои фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои бахшиши ҷазо ба зиммаи котиботи Комиссия гузошта мешавад.
28. Дар мавриди бекор кардан ё тағйир додани ҳукмҳо аз рӯи ҳолатҳои навошкоргардида ё тибқи тартиби назоратӣ нисбати маҳкумшудагоне, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати онҳо пештар санади бахшиши ҷазо татбиқ гардидааст, судҳо дар бораи қарори қабулгардида ба Комиссия хабар медиҳанд. Дар ҳолатҳое, ки моҳияти татбиқи санади бахшиши ҷазо аз байн меравад, санади бахшиши ҷазо татбиқнашуда ҳисобида мешавад.
Замимаи 2
ба фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "7" июни соли 2017, № 889
Ҳайати Комиссия оид ба масъалаҳои бахшиши ҷазои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Комиссия;
2. Сардори раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини раиси Комиссия;
3. Муовини сардори раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - котиби масъули Комиссия;
3(1). Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4. Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ
5. Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа;
6. Сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7. Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мувофиқа);
8. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
9. Директори Агентаи назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
10. Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
11. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
12. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
13. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
14. Декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
ПОЛОЖЕНИЕ о Комиссии по вопросам помилования при Президенте Республики Таджикистан
(в редакции Указа республики Таджикистан от 22.05.2021г.№185)
1. ОБЩИЕ ПОНИМАНИЯ
1. Комиссия по вопросам помилования при Президенте Республики Таджикистан (далее - Комиссия) является консультативно-совещательным органом при Президенте Республики Таджикистан, обеспечивающим реализацию конституционных компетенций Президента Республики Таджикистан по решению вопросов помилования.
2. Комиссия осуществляет свою деятельность на основе Конституции Республики Таджикистан, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, международных правовых актов, признанных Таджикистаном и настоящего Положения.
3. Вопросы помилования лиц, осужденных судами Республики Таджикистан, а также судами других стран, которые отбывают наказание в Республике Таджикистан, решаются Президентом Республики Таджикистан на основании предложения Комиссии. Президент Республики Таджикистан может решать вопрос о помиловании непосредственно.
2. ЗАДАЧИ И ПОЛНОМОЧИЯ КОМИССИИ
4. Основными задачами Комиссии являются:
- предварительное рассмотрение ходатайств по вопросам помилования и подготовка по ним предложений Президенту Республики Таджикистан;
- информационное и аналитическое обеспечение деятельности Президента Республики Таджикистан по реализации возложенной на него Конституцией Республики Таджикистан компетенции по решению вопросов помилования;
- подготовка Президенту Республики Таджикистан предложений по совершенствованию законодательства Республики Таджикистан по вопросам помилования, а также по разрешению возникающих в этой сфере проблем.
5. Комиссия в целях выполнения своих основных задач имеет следующие полномочия:
- запрашивать и получать в установленном порядке необходимые материалы от государственных органов, предприятий, учреждений и других организаций, а также от должностных лиц, давать им указания проверить отдельные вопросы;
- приглашать на свои заседания должностных лиц для выяснения обстоятельств, касающихся вопросов помилования;
- проводить совещания, конференции и иные мероприятия по вопросам помилования;
- создавать рабочие и экспертные группы в целях выполнения своих полномочий;
- другие полномочия, предусмотренные законодательством Республики Таджикистан.
3. ОБЕСПЕЧЕНИЕ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ КОМИССИИ
6. Комиссия является постоянно действующим органом и состоит из председателя, заместителя председателя, ответственного секретаря и других членов Комиссии.
7. Заседания Комиссии проводятся по мере необходимости, но не реже одного раза в шесть месяцев.
8. На заседаниях Комиссии с согласия председателя Комиссии могут принимать участие представители других государственных органов, международных организаций и другие заинтересованные лица.
9. Заседания Комиссии ведет его председатель. В случае отсутствия председателя Комиссия или по его поручению обязанности председателя выполняет заместитель председателя Комиссии.
10. Комиссия правомочна принимать решения при участии на ее заседаниях не менее двух третей членов Комиссии. Решения Комиссии принимаются большинством голосов членов Комиссии.
11. Решения Комиссии оформляются протоколом. Протокол подписывается членами Комиссии, присутствующими на заседании. В исключительных случаях по поручению председателя Комиссии допускается принятие решения путем опроса членов Комиссии.
12. Протокол заседания Комиссии представляется Президенту Республики Таджикистан.
13. Делопроизводство и подготовку материалов к заседаниям Комиссии осуществляет секретариат Комиссии, функции которого возлагаются на соответствующее структурное подразделение Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан. Переписка по вопросам деятельности Комиссии ведется через секретариат Комиссии.
4. ПОРЯДОК ПРЕДСТАВЛЕНИЯ, РАССМОТРЕНИЯ И ПРИНЯТИЯ РЕШЕНИЙ ПО ХОДАТАЙСТВАМ О ПОМИЛОВАНИИ
14. Ходатайства о помиловании рассматриваются в порядке и сроки, установленные настоящим Положением, если иное не предусмотрено законодательством Республики Таджикистан.
15. Ходатайство о помиловании на имя Президента Республики Таджикистан подаётся лицом, осужденным за совершение преступления, в отношении которого приговор суда вступил в законную силу, в учреждение и органы исполнения наказания.
16. Администрация учреждения исполнения уголовного наказания или другой орган исполнения наказания на основании ходатайства осужденного составляет материал о помиловании и направляют его Комиссию не позднее одного месяца через своего вышестоящего органа.
17. Материал о помиловании должен состоять из следующих документов:
- ходатайство о помиловании, представленное лично осужденным и заверенное администрацией учреждения исполнения уголовного наказания или другим органом исполнения наказания;
- представление с мнением администрации учреждения исполнения уголовного наказания или другого органа исполнения наказания о целесообразности применения акта помилования;
- документ, подтверждающий личность осужденного;
- заверенная копия вступившего в силу приговора суда (копия решения вышестоящего суда по данному приговору), в соответствии с которым осужденный отбывает наказание;
- справка о состоянии здоровья осужденного;
- справка о восстановлении материального ущерба, причиненного в результате совершения преступления (если имеется);
- анкета специального образца с указанием автобиографии осужденного и сведение о его семейном положении;
- сведение о результатах рассмотрения предыдущих ходатайств о помиловании, если они были ранее представлены;
- справка относительно применения акта амнистии, помилования или досрочного освобождения осужденного от отбывания наказания;
- подробная характеристика личности осужденного, которая включает в себе сведение о поведении, отношение к труду и образовании в ходе исполнения наказания, его отношение к совершенному деянию и другие заслуги, а также позиция администрации учреждения в отношении сущности ходатайства о помиловании.
18. Материал о помиловании осужденных изучается секретариатом Комиссии, и по каждому ходатайству составляется справка, которая представляется всем членам Комиссии. Члены Комиссии могут непосредственно ознакомиться с материалами о помиловании на заседаниях Комиссии.
19. Следующие материалы и ходатайства о помиловании не рассматриваются Комиссией:
- ходатайства, в которых говорится о необоснованности приговора или нарушении закона и они нуждаются в проверке. Эти ходатайства признаются жалобами и направляются в Верховный Суд или Генеральную прокуратуру Республики Таджикистан;
- повторные ходатайства о помиловании, если с момента удовлетворения или отказа предыдущего ходатайства не прошел один год. Повторные ходатайства прилагаются в существующие материалы и об этом сообщается заявителю;
- материалы и ходатайства, которые не отвечают требованиям законодательства Республики Таджикистан, в том числе настоящего Положения.
20. Справка о материале помилования каждого осужденного озвучивается на заседании Комиссии заместителем председателя Комиссии, а в его отсутствие - секретарем Комиссии.
21. При рассмотрении ходатайств о помиловании принимаются во внимание следующие обстоятельства:
- характер и степень общественной опасности совершенного преступления, конкретные обстоятельства совершения преступления, личность осужденного, состояние здоровья, семейное положение, его дисциплина, отношение осужденного к труду и окружающим, участие в работе самодеятельных организаций в местах отбивания наказания, срок отбытого наказания и другие обстоятельства;
- характеристика осужденного.
22. В результате рассмотрения ходатайств о помиловании Комиссия представляет Президенту Республики Таджикистан следующие предложения:
- замена наказания в виде смертного приговора на пожизненное лишение свободы или лишение свободы на срок двадцать пять лет;
- замена наказания пожизненного лишение свободы на лишения свободы определенного срока или полного освобождения от наказания;
- полное или частичное освобождение от отбывания основного или дополнительного срока наказания;
- сокращение неотбытой части наказания;
- замена наказания или его неотбытой части более мягким наказанием;
- отмены судимости лица отбывшего наказания или освободившегося от дальнейшего отбывание наказания.
23. Решение о помиловании осужденных и отказа ходатайства о помиловании принимается Президентом Республики Таджикистан в форме указа.
5. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ
24. Указы Президента Республики по вопросам помилования направляются на исполнение в Министерство юстиции Республики Таджикистан, Министерство внутренних дел Республики Таджикистан или другой орган исполнения наказания, а также для сведения Верховному Суду Республики Таджикистан, Генеральной прокуратуре Республики Таджикистана и Министерство внутренних дел Республики Таджикистан. Наряду с этим, рассмотренные материалы о помиловании направляются в Министерство юстиции Республики Таджикистан на постоянное хранение.
25. В целях повышения практической значимости помилования в деле исправление осужденных, указы Президента Республики Таджикистан о помиловании могут объявляться на собраниях в местах отбывания наказания осужденных.
26. Орган исполнения наказания отчитывается Комиссию об исполнении указов Президента Республики по вопросам помилования в течение одного месяца со дня принятия указа.
27. Контроль исполнения указов Президента Республики Таджикистан по вопросам помилования возлагается на секретариат Комиссии.
28. В случаях отмены или изменения приговоров по вновь открывшимся обстоятельствам или в порядке надзора в отношении осужденных, к которым Президентом Республики Таджикистан ранее был применен акт помилования, суды информируют Комиссию о принятом решении. В тех случаях, когда суть применения акта помилования утрачивается, акт о помиловании считается непримененным.
Состав Комиссии по вопросам помилования при Президенте Республики Таджикистан
(в редакции Указа республики Таджикистан от 22.05.2021г.№185)
1. Премьер-министр Республики Таджикистан - председатель Комиссии;
2. Начальник управления гарантий прав человека Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан - заместитель председателя Комиссии;
3. Заместитель начальника управления гарантий прав человека Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистанответственный секретарь Комиссии;
3(1). Первый заместитель Руководителя Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан
4. Помощник Президента Республики Таджикистан по правовым вопросам;
5. Помощник Президента Республики Таджикистан по вопросам социального развития и связям с общественностью;
6. Начальник правового управления Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан;
7. Председатель Верховного Суда Республики Таджикистан (по согласованию);
8. Генеральный прокурор Республики Таджикистан;
9. Директор Агентства по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан;
10. Министр юстиции Республики Таджикистан;
11. Министр внутренних дел Республики Таджикистан;
12. Министр иностранных дел Республики Таджикистан;
13. Председатель Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан;
14. Декан юридического факультета Таджикского национального университета.