Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "27" майи соли 2017, № 261
Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Барнома) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш" таҳия гардидааст.
2. Барномаи мазкур ҳамчун санади муайянкунандаи самтҳои асосии фаъолият, афзалиятҳо, вазифаҳо ва тартиби амалинамоии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ, махсусан рушди футбол ба ҳисоб рафта, дурнамо ва роҳҳои амалисозии чорабиниҳои рушди футболро дар бар мегирад.
3. Рафти натиҷаи амалисозии Барнома дар ҷаласаҳои Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, иҷрои он аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва Федератсияи футболи Тоҷикистон амалӣ мегардад.
4. Ҳадафи асосии Барномаи мазкур аз тарғибу ташвиқ ва оммавигардонии футбол дар байни аҳолӣ, фароҳамоварии шароити мусоид барои машғулият бо футбол ва ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани иншооти марбут ба футбол, пайдо намудани истеъдодҳои нав дар байни наврасону ҷавонон, гузоштани заминаи мусоид барои рушди футболи касбӣ ва мукаммалгардонии фаъолияти мураббиёну доварони ин намуди варзиш иборат мебошад.
5. Мақоми ҳамоҳангсоз дар амалигардонии Барномаи мазкур Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) муқаррар карда шудааст.
6. Дар асоси Барномаи мазкур барномаҳои маҳаллии рушди футбол дар сатҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳия, қабул ва амалӣ мегарданд.
2. ЗАРУРАТИ ҚАБУЛИ БАРНОМА
7. Футбол чун яке аз намудҳои оммавитарини варзиш ҳамчун падидаи варзишӣ эътироф шуда, дастовардҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё оид ба футбол, бешубҳа аз неруву иқтидор, сатҳи солимӣ ва маънавии ҳар як миллат шаҳодат медиҳад. Дар навбати худ футбол аз ҳама намуди маъмул ва дӯстоштатарини оммаҳои васеъ буда, механизми муҳим барои инкишофи ҷисмониву маънавӣ ва тарбияи шахс, алалхусус дар байни наврасону ҷавонон ва инчунин ҷалби аҳолӣ ба тарбияи ҷисмонӣ ба ҳисоб меравад. Самтҳои муҳими Барномаи мазкур ба рушди футболи ҷавонону наврасон нигаронвда шуда, маҷмӯи тадбирҳои афзалиятнокро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои панҷ соли минбаъда муайян менамояд.
8. Рушди футбол яке аз намудҳои афзалиятноки варзиш ба ҳисоб рафта, ҷиҳати амалигардонии сиёсати давлатии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, маҳз ба хотири таъмини оммавияти он, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик барои иштироки онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ амалӣ мегардад.
9. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, хусусан рушди футбол, мунтазам чораҳои дахлдор андешида, бо ин мақсад 30 августи соли 2011 бо қарори №425 Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2012-2016 тасдиқ ва амалӣ намуд.
10. Дар ин давра Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии таъминкунандаи рушд ва оммавияти футбол дар Тоҷикистон фаъолияти худро дар сатҳи сифатан нав ва мутобиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ роҳандозӣ намуд.
11. Нақша ва тадбирҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон барои сифатан ва сари вақт амалӣ шудани Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 кумаки амалӣ расониданд.
12. Дар доираи амалигардонии Барномаи мазкур ва тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун "Соли оммавияти футбол" эълон гардидани соли 2014 барои расидан ба яке аз мақсадҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди футбол, яъне оммавияти футбол ва ба васеъ кардани шабакаи футболи кӯдакона заминаи қавӣ гузошт.
13. Бо мақсади рушди ивфрасохтори футбол дар давраи солҳои 20122016 18 варзишгоҳи калон дар 5 минтақаи ҷумҳурӣ ва зиёда аз 800 майдончаи хурди футболбозӣ бунёд карда шудаст.
14. Дар доираи амалигардонии Барнома сохтмони варзишгоҳҳои замонавӣ дар ноҳияҳои Сангвор, Тоҷикобод, Ишкошим, Роштқалъа, Ванҷ, Фархор, Лахш ва шаҳрҳои Исфара ва Ҳисор ба охир расида, сохтмони варзишгоҳ дар шаҳри Ваҳдат идома дорад.
15. Бо назардошти фароҳам гаштани заминаҳои инфрасохтории соҳа, айни замон дар ҷумҳурӣ 111 варзишгоҳи замонавӣ бо ҷойи нишаст ва 6056 майдончаи варзишии футболбозӣ, 23 даста дар лигаи олӣ ва якум, 585 дастаи ҳаваскорон ва 6 дастаи мунтахаби футболбозон фаъолият мекунад, ки дар онҳо дар маҷмӯъ зиёда аз 11850 нафар футболбоз фаро гирифта шудааст.
16. Дар натиҷаи амалгардонии барномаҳои варзишӣ пешбурди таълимоти футбол дар мактабҳои варзишӣ низ дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монда шуда, инчунин сатҳи тахассуси мураббиён дар асоси
барномаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон баланд бардошта шуд. Дар давраи солҳои 2012-2016 16 маротиба курсҳои бозомӯзии мураббиён ва доварон барои соҳиб гардидан ба иҷозатномаҳои мураббии байналмилалии дараҷаи "А", "В", "С" доир гардид, ки дар онҳо зиёда аз 200 нафар мураббӣ ва доварон маҳорату малакаи хешро баланд намуданд. То имрӯз зиёда аз 48 мураббӣ дорои иҷозатномаи "А", 75 мураббӣ дорои иҷозатномаи "В" ва 204 мураббӣ дорои иҷозатномаи "С" мебошанд.
17. Айни замон, дар 101 мактаби варзишӣ ва махсуси футбол теъдоди 6348 нафар варзишгар дар 653 гурӯҳ машқварзӣ менамоянд, ки ба онҳо 296 мураббии дорои маълумоти олии махсус таълим медиҳанд. Дар 572 гурӯҳи 92 мактаби варзишии сохтори Кумита 5458 наврасу ҷавон аз намуди футбол машқварзӣ менамоянд. Ба онҳо 241 мураббӣ машғулият мегузаронанд, ки аз инҳо 195 нафараш дорои маълумоти олии махсус буда, нисбат ба соли 2006 60 фоиз зиёд мебошад.
18. Таъсис додани Академияи футболи "Истиқлол" ва мактабҳои махсуси футбол аз тарафи Федератсияи футболи Тоҷикистон рушди футболи кӯдаконаро таҳким мебахшад.
19. Дар ҷумҳурӣ 5 мактаби махсусгардонидашудаи футбол ва 1 академия фаъолият дорад, ки дар онҳо зиёда аз 600 нафар футболбозони наврасу ҷавон фаро гирифта шудаанд.
20. Бо дарназардошти маҳбубияти хоса доштани футбол дар миёни наврасон ва ҷавонон, ки қишри асосии ҷомеаро ташкил медиҳанд, рушди футбол дар Тоҷикистон афзалиятнок боқӣ мемонад ва барои амалӣ намудани тадбирҳои мушаххас дар ин самт, дар асоси Барномаи мазкур имкони тарҳрезӣ намудани маҷмӯи чораҳои дахлдори рушди футбол дар Тоҷикистон мавҷуд мебошад.
21. Биноан, таҳия, тасдиқ, банақшагирӣ ва маблағгузории Барномаи мазкур аз ҳисоби буҷети давлатӣ муҳим мебошад.
3. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ БАРНОМА
22. Мақсади асосии Барнома тарғибу ташвиқи футбол дар байни аҳолӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои машғулият бо футбол, ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани иншооти марбут ба футбол, пайдо намудани истеъдодҳо дар байни наврасону ҷавонон барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланди варзишӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ҳамин тариқ, гузоштани заминаи мусоид барои рушди футболи касбӣ ва мукаммалгардонии фаъолияти мураббиёну доварони ин намуди варзиш мебошад.
23. Барои амалисозии минбаъдаи Барнома ва расидан ба ҳадафҳо амалӣ намудани вазифаҳои зерин асосӣ мебошанд:
- мукаммалгардонии инфрасохтори соҳа ва мутобиқ гардонидани он ба талаботи байналмилалӣ бо мақсади рушди футбол;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби бештари аҳолӣ ба футбол бо мақсади таъмини оммавияти варзиш;
- эҳё ва зиёд намудани майдонҳои футбол дар маҳал барои тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пур намудани фазои холӣ ҷиҳати пешгирии ҷавонону наврасон аз падидаҳои номатлуби ҷомеа мутобиқ ба талаботи байналмилалии соҳаи варзиш;
- такмили минбаъдаи сифати омодагардонии кадрҳо, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси мураббиён, доварон ва дигар мутахассисони самти футболи ҷавобгӯ ба талаботи Конфедератсияи футболи Осиё ва Федератсияи байналмилалии футбол;
- таҳия ва нашри маводи илмию методӣ ва дигар дастуру барномаҳои махсуси таълими футбол;
- густариш ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва мукаммалгардонии низоми тайёр намудани мураббиён, доварон ва дигар мутахассисони самти футбол;
- бештар намудани чорабиниҳои варзишӣ дар байни наврасон ва бонувон барои пайдо намудани чеҳраҳои нав;
- ташвиқу тарғиби футбол тавассути васоити ахбори омма;
- мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии майдонҳои футбол, муассисаҳои варзишӣ, клубҳои футбол, таъмини онҳо бо лавозимоти варзишӣ ва назорати тиббӣ, инчунин таъмини хизматрасонии тиббӣ ба шахсоне, ки ба варзиши касбӣ машғул ҳастанд.
4. МАНБАЪҲОИ МОЛИЯВӢ
24. Маблағгузории чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барнома дар солҳои 2017-2021 дар доираи маблағҳои пешбинишавандаи буҷети давлатӣ барои мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои дар амалигардонии Барнома иштироккунанда, ҳамчунин аз ҳисоби дигар маблағҳои ғайрибуҷетӣ, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.
5. НАЗОРАТИ ИҶРОИ БАРНОМА
25. Назорати иҷрои Барнома аз ҷониби Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Замимаи 2