Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017 № 261 "Дар бораи Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021

 

Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти мақомоти идораи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021 ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии он тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

2. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози амалигардонии Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021 муқаррар карда шавад.

3. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо дар доираи маблағҳои ҳамасола ҷудошудаи буҷети давлатӣ барои амалӣ намудани Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар сол на дертар аз 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба корҳои анҷомдодашуда маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 27 майи соли 2017 № 261

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Государственной программе развития футбола в Республике Таджикистан на 2017-2021 годы

В соответствии со статьей 16 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и в целях усиления деятельности государственных органов управления и местных исполнительных органов государственной власти в сфере физической культуры и спорта, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить программу развития футбола в Республике Таджикистан на 2017-2021 годы и План мероприятий её реализации (прилагаются).

2. Определить Комитет по делам молодежи, спорту и туризму при Правительстве Республики Таджикистан координатором по реализации Программы развития футбола в Республике Таджикистан на 2017-2021 годы.

3. Комитету по делам молодёжи, спорту и туризму при Правительстве Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами, исполнительными органами государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов в рамках ежегодно предусматриваемых средств государственного бюджета принять меры для реализации данной Программы и ежегодно не позднее 1 февраля представлять в Правительство Республики Таджикистан подробную информацию о завершённых работах.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 27 мая 2017 года, № 261