Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021 аз 27 майи соли 2017 № 260

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "27" майи соли 2017, № 260

Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Асоси қонунӣ ва меъёрии ҳуқуқии таҳияи Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021 (минбаъд - Барнома) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш" мебошад.

2. Барнома дурнамо, самтҳои асосии фаъолият, афзалияту вазифаҳо ва тартиби амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро муайян ва ҷанбаҳои асосии тарбияи ҷисмонии аҳолиро дар бар гирифта, инчунин ҷиҳати ҳалли масъалаҳои омодагии захираҳои варзишӣ ва омода намудани варзишгарон барои иштирок дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

3. Дар Барнома рушди инфрасохтор ва хизматрасонии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таҳким ва рушди заминаи моддию техникӣ барои шуғли аҳолӣ бо тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, пойгоҳи варзишӣ барои таъмини ҷараёни босифати машқӣ - таълимӣ дар муассисаҳои варзишии наврасону бачагон, мактаб - интернатҳои варзишӣ барои кӯдакони

лаёқатманд, дастаҳои мунтахаби шаҳрҳо, вилоятҳо ва ҷумҳурӣ, ҷиҳозонидани онҳо бо лавозимоту таҷҳизоти варзишии босифат, омода ва таъмини иштироки варзишгарони ҷумҳурӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бозиҳои Осиёӣ ва Олимпӣ, рушди илмии варзиши миллӣ, тайёр намудан ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи тарбияи ҷисмонӣ пешбинӣ мегардад.

4. Мақоми ҳамоҳангсоз дар амалигардонии Барномаи мазкур Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) муқаррар карда шудааст.

5. Дар асоси Барномаи мазкур барномаҳои маҳаллии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар сатҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таҳия, қабул ва амалӣ мегардад.

2. ЗАРУРАТИ ҚАБУЛИ БАРНОМА

6. Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, дар баробари ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, инчунин яке аз воситаҳои беҳтарини таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳо миёни на танҳо варзишгарон, балки инсонҳо ва кишварҳои ҷаҳон аст. Илова бар ин варзиш омили муҳими ҷаҳоншиносии инсон, ба ҳамдигар муаррифӣ ва наздик гардидани халқу миллатҳо ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳои мухталифи ҷаҳон мебошад.

7. Соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар маҳсуб ёфта, он маҳз ба таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

8. Дар шароитн имрӯза дар иншооти инфрасохтори варзишӣ, ки шумораи онҳо то 10 ҳазор адад мерасад, қисми зиёди наврасону ҷавонон бо варзиш машғуланд ва ҷараёни машқварзии онҳо низ бояд бо як низоми муайян пайваста танзим гардад.

9. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш чораҳои зарурӣ андешида истодааст. Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2011, №278 Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 тасдиқ ва амалӣ гардид.

10. Дар доираи амалӣ шудани Барномаи мазкур низоми идоракунии варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ такмил ёфта, инфрасохтори варзиш рушд ва иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ тавсеа ёфтанд.

11. Дар давраи амалӣ шудани Барнома шумораи чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ аз 79 то 129, шумораи машқварзон дар муассисаҳои тайёрии варзишӣ аз 37630 то 42504, дар сексияҳои варзишӣ ва гурӯҳҳои солимгардонӣ аз 293197 то 614286 ва шумораи наврасону ҷавонони бо тарбияи ҷисмонӣ машғулбуда аз 991608 то 1310000 зиёд арзёбӣ мегардад.

12. Дар зарфи 5 соли охир зиёда аз 1381 иншооти варзишӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ сохта шуда, 1059 иншооти варзишӣ таъмиру таҷдид ва ба истифода дода шуданд, ки барои рушди инфрастохтори соҳа нақши муҳимро мебозанд.

13. Варзиши муосир ҳамарӯза зери навгониҳои гуногун қарор дошта, тақозои изҳори таваҷҷуҳи махсус барои омода намудани мутахассисони дорои усулҳои нави корӣ мебошад.

14. Айни замон варзиши тоҷик норасоии мутахассисони баландихтисосро эҳсос менамояд.

15. Зиёда аз 15,7 фоизи ҳайати мураббиёни муассисаҳои варзишии ҷумҳурӣ маълумоти соҳавиро надоранд. Яке аз мушкилоти ҷиддӣ дар омодасозии дастаҳои мунтахаби маҳалҳо ва ҷумҳурӣ ин нарасидани мутахассисони баландихтисос ба ҳисоб меравад.

16. Масъалаи бо мутахассисони сатҳи касбӣ таъмин кардани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар сатҳи зарурӣ ва бо усулҳои муосир гузаронидани дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ, инчунин азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси мураббиёни муассисаҳои варзишӣ таваҷҷӯҳи доимиро талаб менамояд.

17. Бо дарназардошти пешрафти варзиши муосир дар ҷаҳон, барои ноил гардидан ба натиҷаҳои баланди варзишӣ усулҳои нави таҳқикоти илмию техникӣ зарур аст, чунки дар олами муосири варзиш маҳз ҳамин усулҳо боиси беҳтар гардидани натиҷаҳои варзишгарони маъруфи ҷаҳон гардидаанд.

18. Дар ҷараёни тамрини варзишгарони маъруфи ҷаҳон на танҳо сифати машқҳои таълимии варзишӣ, таъминотн тиббӣ ва формакологӣ, инчунин бамеъёрдарории истеъмоли ғизо, истироҳат, барқарорсозӣ ва омодагии равонӣ (психологӣ) низ ба эътибор гирифта мешавад.

19. Дар ҷумҳурӣ равоншиносони варзишӣ фаъолият надошта, хизматрасонии тиббии варзишӣ суст ба роҳ монда шудааст.

20. Дар ҷумҳурӣ маркази диспансери тиббии варзишии ҷумҳуриявӣ амал намекунад. Гарчанде дар минтақаҳо ва шаҳри Душанбе марказҳои диспансерӣ фаъолият дошта бошанд ҳам, онҳо ба талаботи тибби варзишии муосир ҷавобгӯ нестанд, зеро дар онҳо табибони варзишӣ фаъолият намекунанд.

21. Дар баробари ин, мушкилоти дигар дар самти боз ҳам беҳтар кардани инфрасохтор ва заминаи моддию техникии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, аз ҷумла мавҷуд набудани дастрасӣ ба иншооти варзишӣ, ҳамчунин иншооти хусусии варзиши ба табақаи миёнаи аҳолӣ, таҳияи барномаҳои таълимии тарбияи ҷисмонӣ барои муассисаҳои таҳсилотии томактабӣ, миёнаи умумӣ, касбӣ ва олии касбӣ, норасоии лавозимоти варзишӣ дар муассисаҳои варзишӣ, ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, маҳалҳо ва ҷойҳои истироҳатӣ ва ғайраҳо то ҳанӯз эҳсос мегарданд.

22. Бинобар ин, рушди минбаъдаи соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш андешидани чораҳои иловагии маҷмӯиро тақозо намуда, таҳия, қабул, банақшагирӣ ва маблағгузории Барномаи мазкур аз ҳисоби буҷети давлатӣ муҳим мебошад.

3. ҲАДАФ ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ БАРНОМА

23. Ҳадафи Барнома - рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, дастрасии он барои аҳолӣ, оммавигардонии варзиш, таъмини самаранокии машғулиятҳои ҷисмонии аҳолӣ ва бо ин васила пайдо намудани наврасону ҷавонони болаёқат барои расидан ба натиҷаҳои баланди варзишӣ дар сатҳи мусобиқаҳои байналмилалӣ мебошад.

24. Барои расидан ба ҳадафҳои аввалиндараҷа ва муҳим зарур аст, ки вазифаҳои асосии зерин зина ба зина амалӣ карда шаванд:

- ташкил ва рушди инфрасохтори соҳаи варзишии ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ;

- таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

- ташкили клубҳо ва бахшҳои варзишӣ дар низоми мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф;

- табдил додани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба ҳаракати оммавӣ ва як қисми муҳими ҳаёти аҳолӣ;

- боз ҳам баланд бардоштани самаранокии низоми тарбияи ҷисмонӣ байни аҳолӣ;

- такмили минбаъдаи сифати омодагардонии кадрҳо, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси онҳо (таъмини соҳа бо кадрҳои баландихтисос);

- такмили низоми чорабиниҳои варзишии интихобӣ барои мукаммал гардонидани дастаҳои мунтахаб аз рӯи намудҳои варзиш, роҳандозӣ намудани раванди мутобиқ ба талаботи муосири омодакунии тими мунтахаб аз рӯи намудҳои варзиш ба мусобиқаҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;

- таъмини соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо маводи илмию методӣ ва дар заминаи илми муосири варзиш ба роҳ мондани азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси мураббиёни мактабҳои варзишӣ;

- мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таъмин бо лавозимоти варзишӣ ва ба роҳ мондани назорати тиббӣ ва таъмини хизматрасонии тиббӣ ба шахсоне, ки бо варзиши касбӣ машғул ҳастанд;

- густариш ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва мукаммалгардонии низоми тайёр намудани варзишгарони касбӣ бо мақсади иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Бозиҳои олимпӣ;

- бештар намудани чорабиниҳои варзишӣ байни бонувону кӯдакон, ташкили чорабиниҳои варзишӣ барои маъюбон ва шахсони дорои имконияташон маҳдуд;

- бо мақсади иҷрои вазифаҳои Барнома ва таъмини оммавияти варзиш ба таври васеъ ташвиқ намудани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тавассути воситаҳои ахбори омма.

4. МАНБАЪҲОИ МОЛИЯВӢ

25. Маблағгузории нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барнома дар солҳои 2017-2021 дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ барои мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои дар амалигардонии Барнома иштироккунанда, ҳамчунин аз ҳисоби дигар маблағҳои ғайрибуҷетӣ, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.

5. НАЗОРАТИ ИҶРОИ БАРНОМА

26. Назорати иҷрои Барнома аз ҷониби Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Замимаи 2