бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2025 №553 аз эътибор соқит дониста шуд
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 сентябри соли 2002 № 359
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 сентябри соли 2002 № 359
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.01.2012 № 39)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.01.2012 № 39)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Қоидаҳои мазкур, ки мутобиқи Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конвенсия дар бораи авиатсияи байналмилалии гражданӣ таҳия шудаанд, тартиби истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба манфиати иқтисодиёт ва мудофиаи кишвар, бо мақсади қонеъгардонии талаботҳои истифодабарандагони фазои ҳавоӣ, таъмини бехатарии истифодабарии фазои ҳавоӣ муқаррар мекунанд.
2. Дар қоидаҳои мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) "хабардории садамавӣ" - хизматрасонии ҳаракати ҳавоие, ки бо мақсади огоҳкунии хадамот ва ташкилотҳои дахлдор дар бораи ҳавопаймоҳо, ки ба ёрии хадамоти ҷустуҷӯию наҷотдиҳӣ ва расонидани ёрии зарурии ин хадамоту ташкилотҳо эҳтиёҷ доранд;
2) "нуқтаҳои ҳавоӣ" - аэродромҳои дар наздикӣ ҷойгирифта, ташкил ва иҷрои парвозҳое, ки аз онҳо мувофиқа ва ҳамоҳангсозии махсус талаб карда мешавад;
3) "бехатарии истифодабарии фазои ҳавоӣ" - тавсифномаи маҷмӯии тартиби муқарраргардидаи истифодабарии фазои ҳавоӣ, ки қобилияти онро оид ба таъмини иҷрои ҳама навъҳои фаъолият доир ба истифодабарии фазои ҳавоӣ бе таҳдиди ҳаёту саломатии одамон, зарари моддӣ ба давлат, ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ муайян мекунад;
...