Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2002, № 359
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба "Қоидаҳои истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 2002, № 359 тасдиқ гардидаанд, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар банди 2 сархати 52 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"52) "фосилаи кӯтоҳкардашудаи эшелонкунонии амудӣ (RVSM)" фосилаи эшелонкунонии амудӣ, ки дар доираи аз эшелони парвози 290 то эшелони парвози 410 барои эшелонкунонии ҳавопаймоҳо, ки барои парвоз бо истифодаи RVSM иҷозат доранд, истифода мешавад";
- сархатҳои 52, 53, 54 ва 55 мутаносибан сархатҳои 53, 54, 55 ва 56 ҳисобида шаванд;
- сархати 57 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"57) "эшелони парвоз" - сатҳи фишори доимии атмосферӣ, ки ба бузургии муқарраршудаи фишор 760,0 мм сутуни симоб (1013,2 гектопаскал) мансуб буда, аз дигар чунин сатҳҳо дар масофаи бузургии фосилаи фишори муқарраргардида воқеъ мебошад";
- банди 16 бо мазмуни зайл ифода карда шавад:
"16. Сарҳади минтақаи Душанбегии Низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- нуқтаи ҷуғрофии 3927.5 арзи шимолӣ 07339.3 тӯли шарқӣ, минбаъд аз рӯи сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Халқии Хитой то нуқтаи ҷуғрофии 3714.1 арзи шимолӣ 07452.7 тӯли шарқӣ, минбаъд аз рӯи сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон то нуқтаи ҷуғрофии 3711.1 арзи шимолӣ 06747.4 тӯли шарқӣ, минбаъд аз рӯи сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии ӯзбекистон то нуқтаи ҷуғрофии 4013.7 арзи шимолӣ 07058.1 тӯли шарқӣ, минбаъд аз рӯи сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон то нуқтаи ҷуғрофии 3927.5 арзи шимолӣ 07339.3 тӯли шарқӣ";
- дар банди 18 калимаҳои "Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "операторони алоқа дар мувофиқа бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- дар сархати якум банди 21 калима ва рақами "баландии 8100 м" ба калимаҳои ва рақами "эшелони парвози 290" иваз карда шаванд;
...