Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Оид ба ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, № 430
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Банди 8 Тартиби хизматрасониҳои иловагии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони ваколатдор, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, № 430 "Дар бораи Тартиб ва андозаи пардохти хизматрасониҳои иловагии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони ваколатдор" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"8. Маблағҳои аз хизматрасонӣ воридгардида барои мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони ваколатдор равона гардида, инчунин маблағҳои аз ҳисоби хизматрасонии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот воридгардида бо назардошти шумораи аҳолии то 10 ҳазор нафар ба андозаи 50 фоиз, аз 10 ҳазор то 20 ҳазор нафар ба андозаи то 40 фоиз, аз 20 ҳазор то 30 ҳазор нафар ба андозаи 30 фоиз ва аз 30 ҳазор нафар зиёд ба андозаи 25 фоиз барои мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии онҳо истифода бурда мешаванд. Маблағҳои аз хизматрасонии намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа воридшуда пурра ба суратҳисоби махсуси онҳо гузаронида мешавад.
Дастурамал оид ба ташаккул ва истифодабарии маблағҳои аз хизматрасонии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот воридгардида, аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 4 апрели соли 2017 № 180
ш.Душанбе