Тартиби хизматрасониҳои иловагии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони ваколатдор аз 2 июли соли 2015 № 430

Санаи амалкуни: 02.07.2015

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 159 аз эътибор соқит дониста шуд


Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "2" июли соли 2015, № 430

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "2" июли соли 2015, № 430

тасдиқ шудааст

Тартиби хизматрасониҳои иловагии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони ваколатдор

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.04.2017 № 180)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.04.2017 № 180)

1. Тартиби хизматрасониҳои иловагии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони ваколатдор (минбаъд - Тартиб) тартиби расонидани хизматрасониҳои иловагии музднок (минбаъд - хизматрасонӣ) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони ваколатдор, инчунин ҷамъоварӣ ва воридшавии маблағҳоро барои хизматрасониҳои мазкур ва хароҷоти онҳо муқаррар мекунад.

2. Хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ихтиёран ба амал бароварда мешавад. Чунин хизматрасонӣ барои анҷом додани амалиёт вобаста ба барасмиятдарории асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз тарафи кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони ваколатдор сурат мегирад.

3. Хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони ваколатдор дар асоси муроҷиати онҳо анҷом дода мешавад ва дар китоби сабти хизматрасонии иловагии муздноки бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилшаванда дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони ваколатдор ба қайд гирифта мешавад.

4. Пардохти маблағҳои хизматрасонӣ аз ҷониби шахоони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" ва филиалҳои он дар шаҳру ноҳияҳо сурат мегирад. Қабули маблағҳои мазкур аз ҷониби Бонки давлатии амонатгузории "Амонатбонк" ва филиалҳои онҳо дар дилхоҳ ҳолат бо додани шакли муқарраргардидаи расид, ки дар он намуди хизматрасони нишон дода мешавад, амалӣ мегардад.

...


Утратил силу в редакции постановления Правительства РТ от 28.02.2025 №159


Приложение 1

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 июля 2015 года, № 430

Приложение 1

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 июля 2015 года, № 430

ПОРЯДОК дополнительных платных услуг физическим и юридическим лицам в органах записи актов гражданского состояния Министерства юстиции Республики Таджикистан и других уполномоченных лиц

(в редакции постановления Правительства РТ от 04.04.2017г.№180)

(в редакции постановления Правительства РТ от 04.04.2017г.№180)


1. Порядок оказания дополнительных платных услуг физическим и юридическим лицам в органах записи актов гражданского состояния Министерства юстиции Республики Таджикистан и других уполномоченных лиц (далее - Порядок) устанавливает порядок оказания дополнительных платных услуг (далее - услуги) физическим и юридическим лицам в органах записи актов гражданского состояния Министерства юстиции Республики Таджикистан и других уполномоченных лиц, а также сбора и поступления средств за данные услуги и их расходование.

2. Оказание услуг физическим и юридическим лицам осуществляется на добровольной основе. Подобные услуги оказываются для осуществления действий, связанных с оформлением актов гражданского состояния работниками органов записи актов гражданского состояния Министерства юстиции Республики Таджикистан и других уполномоченных лиц.

...