Қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2017 № 159 "Дар бораи Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии "устод-шогирд" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии "устод-шогирд" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021

 

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии "устод-шогирд" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи маблағҳои дар буҷети давлатӣ барои рушди фарҳанг, илм ва маориф пешбинишуда, инчунин маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва грантҳои фондҳои байналмилалӣ маблағгузории амалисозии Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии "устод-шогирд" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021-ро таъмин намоянд.

3. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии рушди санъати Шашмақом, Фалак ва мактаби суннатии "устод-шогирд" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021 ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 1 апрели соли 2017 № 159

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Государственной программе развития искусства Шашмакома, Фалака и традиционной школы "мастер-ученик" в Республике Таджикистан на 2017-2021 годы

В соответствии со статьей 17 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и статьей 8 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Государственную программу развития искусства Шашмакома, Фалака и традиционной школы "мастер-ученик" в Республике Таджикистан на 2017-2021 годы (прилагается).

2. Министерству культуры Республики Таджикистан во взаимодействии с министерствами и ведомствами, местными исполнительными органами государственной власти в рамках средств, предусмотренных в государственном бюджете на развитие культуры, науки и образования, а также внебюджетных средств и грантов международных фондов обеспечить финансирование реализации Государственной программы развития искусств Шашмакома, Фалака и традиционной школы "мастер-ученик" в Республике Таджикистан на 2017-2021 годы.

3. Министерству культуры Республики Таджикистана каждое полугодие представлять Правительству Республики Таджикистана отчет о ходе выполнения плана мероприятий Государственной программы развития искусств Шашмакома, Фалака и традиционной школы "мастер-ученик" в Республике Таджикистан на 2017-2021 годы.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 1 апреля 2017 года, №159