Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017 № 90 "Дар бораи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019

 

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия дастурамал ва қоидаҳоро доир ба амалӣ намудани Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019 таҳия ва тасдиқ намояд.

3. Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, молия, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо ҷалби шарикон оид ба рушд амалӣ намудани Барномаи мазкурро дар шаҳрҳои Сарбанд, Норак, Турсунзода, Истаравшан, ноҳияҳои Данғара, Панҷ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Спитамен, Ашт, Шуғнон, Рашт, Шаҳринав, Варзоб, Файзобод идома дода, аз 1 январи соли 2017 тавсеаи амалӣ намудани ҳамин Барномаро дар шаҳри Истиқлол ва ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин ва Рӯшон таъмин намоянд.

4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Варзоб, Шаҳринав, Рашт ва Файзобод дар доираи маблағҳои барои соҳаи тандурустӣ пешбинигардида амалӣ намудани Барномаи мазкурро таъмин намоянд.

5. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии техникии амалӣ намудани Барномаро таъмин намуда, аз натиҷаи амалӣ намудани он ҳар сол то 20 декабр ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 25 феврали соли 2017 № 90

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Программе государственных гарантий по обеспечению населения медико-санитарной помощью в пилотных районах Республики Таджикистан на 2017-2019 годы

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Программу государственных гарантий по обеспечению населения медико-санитарной помощью в пилотных районах Республики Таджикистан на 2017-2019 годы (прилагается).

2. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан совместно с министерствами экономического развития и торговли, финансов разработать и утвердить инструкцию и правила по реализации Программы государственных гарантий по обеспечению населения медико-санитарной помощью в пилотных районах Республики Таджикистан на 2017-2019 годы.

3. Министерствам здравоохранения и социальной защиты населения, финансов, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, Хатлонской и Согдийской областей, городов и районов республиканского подчинения с привлечением партнеров по развитию продолжить реализацию данной Программы в городах Сарбанд, Нурек, Турсунзаде, Истаравшан, Дангаринском районе, Пянджском районе, Мир Сайид Алии Хамадони районе, районе Спитамен, Аштском, Шугнанском, Раштском, Шахринавском, Варзобском, Файзабадском районах и с 1 января 2017 года обеспечить расширение данной Программы в городе Истиклол, Кухистони Мастчохском, Ховалингском, Рушанском районах и районе Шамсиддина Шохина.

4. Исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, Хатлонской и Согдийской областей, города Турсунзаде и Варзобского, Шахринавского, Раштского и Файзабадского районов обеспечить реализация Программы в рамках средств, предусмотренных для сектора здравоохранения.

5. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан обеспечить координацию и техническую поддержку реализации Программы и о результатах её реализации ежегодно до 20 декабря представить информацию в Правительство Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 25 февраля 2017 года, № 90