Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2015 № 673 "Дар бораи Консепсияи низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Консепсияи низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади беҳтар намудани раванди таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва сиёсати таҳлили таъсири танзимкунӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Консепсияи низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдор оид ба таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.

3. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор дар мӯҳлати ду моҳ лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи таъсис додани сохтори дахлдор, инчунин маблағгузорӣ ва ташкили фаъолияти онро тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

4. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии худ Гурӯҳи корӣ оид ба гузаронидани таҳлили таҷрибавии таъсири танзимкуниро бо ҷалби мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор ва коршиносони мустақил таъсис диҳад.

5. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" оид ба гузаронидани таҳлили таҷрибавии таъсири танзимкунӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

6. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои муқаррароти Консепсияи мазкур ҳар шаш моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

аз 18 ноябри соли 2015 № 673

ш.Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Концепции системы анализа регуляторного воздействия в Республике Таджикистан

В соответствии со статьей 13 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и в целях улучшения процесса разработки нормативных правовых актов и политики анализа регуляторного воздействия, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Концепцию системы анализа регуляторного воздействия в Республике Таджикистан (прилагается).

2. Определить Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан уполномоченным органом по анализу регуляторного воздействия в Республике Таджикистан.

3. Национальному центру законодательства при Президенте Республики Таджикистан совместно с Министерством финансов Республики Таджикистан и соответствующими министерствами и ведомствами в течение двух месяцев в установленном порядке разработать и представить в Правительство Республики Таджикистан проект нормативного правового акта о создании соответствующей структуры, а также финансированию и организации её деятельности.

4. Национальному центру законодательства при Президенте Республики Таджикистан создать под своим руководством Рабочую группу по проведению пилотного анализа регуляторного воздействия с привлечением специалистов соответствующих министерств, ведомств и независимых экспертов.

5. Национальному центру законодательства при Президенте Республики Таджикистан, Агентству по стандартизации, метрологии, сертификации и торговой инспекции при Правительстве Республики Таджикистан, Государственному учреждению "Фонд поддержки предпринимательства при Правительстве Республики Таджикистан" принять необходимые меры по проведению пилотного анализа регуляторного воздействия.

6. Национальному центру законодательства при Президенте Республики Таджикистан каждые шесть месяцев представлять информацию об исполнении положений указанной Концепции.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 18 ноября 2015 года, № 673