Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Низомномаи докторантура аз рӯйи ихтисос ва Стандарти давлатии докторантура аз рӯйи ихтисос
Мутобиқи моддаҳои 8 ва 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунaд:
1. Низомномаи докторантура аз рӯйи ихтисос, замимаи он ва Стандарти давлатии докторантура аз рӯйи ихтисос тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон", Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ иҷрои Низомнома ва Стандарти мазкурро таъмин намоянд.
3. Дипломи дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос ва дипломи дараҷаи илмии номзади илм баробарарзиш дониста шаванд.
4. Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2012, № 127 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи докторантура аз рӯи ихтисос" ва аз 3 августи соли 2013, № 341 "Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (докторантура)" аз эътибор соқит дониста шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 25 феврали соли 2017 № 93
ш.Душанбе