Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017 № 32 "Дар бораи Тартиби истеҳсоли ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ, паҳн намудани онҳо, инчунин назорати субъектҳои бачопрасонандаи ин гуна маҳсулоти чопӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби истеҳсоли ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ, паҳн намудани онҳо, инчунин назорати субъектҳои бачопрасонандаи ин гуна маҳсулоти чопӣ

 

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисгон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби истеҳсоли ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ, паҳн намудани онҳо, инчунин назорати субъектҳои бачопрасонандаи ин гуна маҳсулоти чопӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Назорати истеҳсоли ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ ва паҳн намудани онҳо ба зиммаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.

3. Вазорату идораҳо, инчунин муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон:

- эҳтиёҷоти солонаи худро ба ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ ҳамасола то 1 октябр ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд;

- то 1 марти соли 2017 тамоми намудҳои ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъии истеҳсолшуда ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодашавандаро барои бақайдгирӣ ва баҳисобгирӣ ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

4. Ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъие, ки бо тартиби муқарраргардида дар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб ва қайд гирифта нашудаанд, беэътибор дониста мешаванд.

5. Тартиби истеҳсол, истифода ва паҳн намудани ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикнстон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилии он муайян карда мешавад.

6. Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазоратн адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати се моҳ пас аз мавриди амал қарор гирифтани қарори мазкур оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба он чораҳо адешанд.

7. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 майи соли 2003, № 222 "Дар бораи тадбирҳои ташкили истеҳсоли ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгириву ҳисоботи қатъӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 25 январи соли 2017 № 32

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Порядке производства документов и бланков строгого учета и отчетности, их распространение, а также контроль субъектов, производящих такую печатную продукцию

 В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан "Об издательской и полиграфической деятельности" и статьей 51 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1.Утвердить Порядок производства документов и бланков строгого учета и отчетности, их распространение, а также контроль субъектов, производящих такую печатную продукцию (прилагается). 

2. Контроль за производством документов и бланков строгого учета и отчетности и их распространением возложить на Государственный комитет национальной безопасности Республики Таджикистан.

3. Министерствам и ведомствам, а также учреждениям, предприятиям и организациям, независимо от их форм собственности:

- ежегодно до 1 октября представлять в Министерство культуры Республики Таджикистан свою годовую потребность на документы и бланки строгого учёта и отчётности;

- до 1 марта 2017 года представить в Министерство культуры Республики Таджикистан на регистрацию и учет все образцы изготовленной и используемой в Республике Таджикистан полиграфической продукции строгого учета и отчетности.

4. Документы и бланки строгого учета и отчетности, неучтённые и незарегистрированные в соответствующих министерствах и ведомствах Республики Таджикистан в установленном порядке, признаются недействительными.

5. Порядок производства, использования и распространения документов и бланков строгого учёта и отчётности Государственного комитета ноциональной безопасности Республики Таджикистан определяется его внутренними нормативными правовыми актами.

6. Государственному комитету национальной безопасности Республики Таджикистан и Министерству юстиции Республики Таджикистан в трёхмесячный срок после вступления в силу данного постановления принять меры по совершенствованшо законодательства Республики Таджикистан и внесения необходимых, изменений и дополнений в него.

7. Считать утратившим силу постановления Правительства Республики Таджикистан от 13 мая 2003 года, №222 "О мерах по организации производства документов и бланков строгого учета и отчетности".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

 от 25 января 2017 года, № 32