Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017 № 49 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, № 377 "Дар бораи ставкаҳои боҷҳои гумрукии содиротӣ" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар ном, матн ва замимаи қарор калимаҳои "ставкаҳои", "Ставкаҳои", "Ставкаи" ва "Ставка" мутаносибан ба калимаҳои "меъёрҳои", "Меъёрҳои", "Меъёри" ва "Меъёр" иваз карда шаванд;

- дар замимаи қарор:

- бандҳои 4, 5, 6 мутаносибан бандҳои 1, 2, 3 ва бандҳои 1, 2, 3 мутаносибан бандҳои 4, 5, 6 ҳисобида шаванд;

- банди 7 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

 

*ҷадвал

 

- бандҳои 7, 8, 9, 10, 11, 12, 13 ва 14 мутаносибан бандҳои 8, 9, 10, 11, 12,13,14 ва 15 ҳисобида шаванд;

- эзоҳ бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Эзоҳ: Маблағи боҷи содиротӣ барои нахи пахта бо тартиби муқаррарнамудаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 2003, № 223 "Дар бораи такмили механизми истеҳсол ва фурӯши пахта" ҳисоб ва пардохта мешавад.".

2. Ба Низомномаи ташкили кори истеҳсол, коркард ва фурӯши пахта, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 2003, № 223 "Дар бораи такмили механизми истеҳсол ва фурӯши пахта" тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар бандҳои 13, 15 ва 16 калимаи "андозҳои" ба калимаҳои "андоз ва боҷҳои гумрукии" иваз карда шавад;

- дар банди 15 калимаҳои "андоз аз фурӯши нахи пахта" ба калимаҳои "боҷи содиротӣ" ва калимаҳои "Кодекси андози" ба калимаҳои "Кодекси гумруки" иваз карда шаванд;

- дар сархати дуюми банди 18 калимаҳои "бонки хизматрасон" ба калимаҳои "Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шуда, сархати сеюм хориҷ карда шавад.

3. Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии байниидоравӣ ва дохилиидоравии дахлдорро ба муқаррароти қарори мазкур мутобиқ намоянд.

4. Вобаста ба уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Умумиҷаҳонии Савдо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани боҷи содиротӣ барои нахи пахта бо тартиби муқарраргардида Котиботи Созмони мазкурро огоҳ намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 25 январи соли 2017 № 49

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 июня 2014 года, №377 "О ставках вывозных таможенных пошлин" следующие изменения и дополнения:

- в приложении постановления:

- пункты 4, 5, 6 соответственно считать пунктами 1, 2, 3 и пункты 1, 2, 3 считать пунктами 4, 5, 6;

- дополнить пунктом 7 следующего содержания:

*таблица

- пункты 7, 8, 9, 10, 11, 12, 13 и 14 соответственно считать пунктами 8, 9, 10, 11, 12, 13, 14 и 15;

- дополнить примечанием следующего содержания:

"Примечание: Сумма экспортной пошлины для хлопка-волокна исчисляется и оплачивается в соответствии с порядком, определенным постановлением Правительства Республики Таджикистан от 15 мая 2003 года, №223 "О совершенствование механизма производства и реализации хлопка".".

2. Внести в Положение об организации работ по производству, переработке и реализации хлопка, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 15 мая 2003 года, №223 "О совершенствование механизма производства и реализации хлопка", следующие изменения:

- в пунктах 13, 15 и 16 слово "налогов" заменить словами "налогов и таможенных пошлин";

- в пункте 15 слова "налога с продажи хлопка-волокна" заменить словами "экспортной пошлины" и слово "Налоговым" заменить словом "Таможенным";

- в абзаце втором пункта 18 слова "обслуживающего банка" заменить словами "Главного управления центрального казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан" и абзац третий исключить.

3. Министерствам экономического развития и торговли, сельского хозяйства и Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан привести соответствующие межведомственные и внутриведомственные нормативные правовые акты в соответствие с требованиями настоящего постановления.

4. В связи с обязательствами Республики Таджикистан перед Всемирной торговой организацией, Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить Секретариат указанной организации о введении таможенной пошлины на экспорт хлопка-волокна.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г. Душанбе, 

от 25 января 2017 года, № 49