Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 № 455 "Дар бораи Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои банди 10 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2015, № 21 "Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 ва вазифаҳои барои соли 2015" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Ҳамоҳангсози Барномаи мазкур Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.

3. Вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷетӣ ва аз ҳисоби дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, барои татбиқи мақсаду вазифаҳои пешбининамудаи Барнома чораҳои зарурӣ андешанд.

4. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷараёни иҷрои Барнома ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Эмомалӣ Раҳмон

аз 28 октябри соли 2016 № 455

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Национальной программе реабилитации инвалидов на 2017 - 2020 годы

В соответствии со статьёй 17 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и во исполнение пункта 10 постановления Правительства Республики Таджикистан от 28 января 2015 года, №21 "Об итогах социально-экономического развития Республики Таджикистан в 2014 году и задачах на 2015 год" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Национальную программу реабилитации инвалидов на 2017 - 2020 годы (прилагается).

2. Координатором настоящей Программы определить Министерство здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан.

3. Министерствам и ведомствам, председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов в рамках предусмотренных бюджетных средств и за счет других источников, не запрещённых законодательством Республики Таджикистан, принять необходимые меры для реализации целей и задач, предусмотренных Программой.

4. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан каждое полугодие информировать Правительство Республики Таджикистан о ходе выполнения Программы.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 28 октября 2016 года, № 455