Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2015 № 21 "Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 ва вазифаҳо барои соли 2015"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 ва вазифаҳо барои соли 2015

Дар соли 2014 фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, татбиқи тадбирҳое, ки аз Паёмҳои Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, нишондиҳандаҳои стратегияҳои дарозмӯҳлат ва миёнамӯҳлати миллӣ ва соҳавӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмини иҷрои барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии соҳавию минтақавӣ нигаронида шуда буд.

Соли 2014, новобаста ба вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳон, ноустувории нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонии ашё, коҳишёбии иқтисодиёти шарикони тиҷоратии кишвар ва дигар монеаҳои ҷойдошта, рушди мусбии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар бо таъсис ёфтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ, сатҳи баланди талаботи дохила ва мунтазам афзоиш ёфтани даромадҳои аҳолӣ таъмин карда шуд.

Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар соли 2014 ба 45,6 млрд. сомонӣ баробар гардида, рушди воқеии он 6,7 фоизро ташкил дод. Афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз ҳисоби рушди соҳаи саноат дар сатҳи 105,1 фоиз, кишоварзӣ 104,5 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 125,3 фоиз, савдои чакана 106,5 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 101,0 фоиз таъмин гардид. Сатҳи таваррум ба 7,4 фоиз баробар гардид.

Саҳми бахши хусусӣ дар ташаккули Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мунтазам афзуда, дар соли 2014-ум 64 фоизро ташкил намуд.

Дар давраи ҳисоботӣ татбиқи 54 лоиҳаи сармоягузорӣ бо арзиши умумии лоиҳавии беш аз 11,5 млрд. сомонӣ идома дода шуд.

Ҳаҷми боркашониҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 фоиз афзоиш ёфт.

Гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба соли гузашта 6,6 фоиз, аз ҷумла содирот 3,6 фоиз ва воридот 7,3 фоиз афзоиш ёфт.

Новобаста ба таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти кишвар, иҷроиши Буҷети давлатӣ ба андозаи 102,1 фоиз таъмин ва ба он зиёда аз 13,3 млрд. сомонӣ маблағ ворид гардид.

Иҷрои қисми хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ дар доираи иҷрои воқеии даромадҳои буҷет амалӣ гардида, дар доираи он маблағгузории соҳаи иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт таъмин гардид.

Дар баробари натиҷаҳои бадастомадаи соли 2014 дар фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондиҳандаҳои стратегияҳои дарозмӯҳлат ва миёнамӯҳлати миллӣ ва соҳавӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нишондиҳандаҳои барномаҳои соҳавию минтақавӣ норасоиву камбудиҳо ҷой доштанд. Аз ҷумла, ба пуррагӣ истифода нагардидани иқтидорҳои истеҳсолӣ, имкониятҳои дохилӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, сатҳи нисбатан ками коркарди ниҳоии маҳсулоти содиротшаванда, фаъолияти камсамари корхонаҳои давлатӣ, пурра таъмин нагардидани нақшаи ҷамъоварии баъзе андозҳо, истифодабарии нопурраи тартиби қабулшудаи аз ҳисоб баровардани қарзҳои андози беэътимод ва якчанд омилҳои дигар ба рушди иқтисодиёти кишвар монеъ шуданд.

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва ноил гардидан ба рушди устувори соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2015, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:

- ҷиҳати таъмини рушди мусбии соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ ва нигоҳдории устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, саъю талошҳоро ба истифодаи васеи имкониятҳо ва иқтидорҳои мавҷудаи кишвар барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, таъмини бозори дохила, рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармоя, диверсификатсияи истеҳсолот ва таҳкими имкониятҳои содиротии мамлакат, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона намоянд;

- бо дарназардошти ноустувории вазъи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва вобастагии рушди минбаъдаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз тағйирёбии вазъи иқтисодии давлатҳои минтақа ва шарикони асосии тиҷоратӣ, истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ ва ҷалбшударо барои татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва иҷрои чорабиниҳои тарҳрезинамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд;

- ҷиҳати дар амал татбиқ намудани шаклу усулҳои муосири идоракунӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд;

- ҷиҳати дастгирй ва рушди бахши хусусӣ, таъмини шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии ташаббусҳои соҳибкорон масъулияти роҳбарони сохтору мақомоти давлатиро баланд бардоранд;

- иҷрои саривақтӣ ва босифати консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатиро таъмин намоянд;

2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор фаъолияти гурӯҳи кории доимоамалкунандаи зиддибӯҳрониро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монад, ҷиҳати пешгирии таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ тамоюлу таҳаввулоти дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ идомаёбанда, бахусус вазъи кишварҳоеро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо робитаи зичи иқтисодию тиҷоратӣ дорад, мавриди таҳлили доимӣ қарор дода, мунтазам ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои таҳлилӣ ва таклифҳо манзур намояд;

- якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳо бо дарназардошти захираву имкониятҳои мавҷуда дар самти татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ ва сармоягузорӣ, барномаҳои давлатӣ ва барномаву нақшаи чорабиниҳо барои ҳар як вилоят ва шаҳру ноҳия чораҷӯӣ намуда, дар семоҳаи аввали соли 2015 ҳисоботи татбиқи онҳоро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

- ҷиҳати баланд бардоштани рақобатнокии иқтисодиёти миллӣ ва ба таври назаррас зиёд кардани саҳми бахши хусусӣ, алалхусус дар соҳаи истеҳсолӣ то охири нимсолаи аввали соли 2015 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои мушаххас пешниҳод намояд;

- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва ҷалби кӯмаки техникии шарикони рушд вазъи иқтисодиёти ғайрирасмиро ҳаматарафа таҳлил намуда, вобаста ба роҳҳои бозории кам кардани он ва беҳтар намудани баҳисобгирии оморӣ то охири соли 2015 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои мушаххас пешниҳод намояд;

- бо дарназардошти дар соли 2015 ба охир расидани мӯҳлати амали ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор корҳоро дар самти натиҷагирии татбиқи ҳадафҳои миллӣ тақвият бахшида, оид ба арзёбии онҳо чораҳои зарурӣ андешад ва ҳисоботи татбиқи стратегияҳои мазкурро дар нимсолаи якуми соли 2015 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

- масъалаи дастгирии молистеҳсолкунандагони ватаниро дар доираи талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мавриди омӯзиш қарор дода, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои мушаххас манзур намояд;

- якҷоя бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ҷорӣ намудани барномаи нави давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкуниро таъмин намояд;

- якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд нақша ё барномаи махсуси пешгирии таъсири омилҳои бӯҳрониро тарҳрезӣ намуда, ҷиҳати дастгирии Буҷети давлатӣ ва маблағгузории лоиҳаҳои фавқулодда, ки ба дастгирии бахшҳои иҷтимоӣ, энергетика ва кишоварзӣ равона шудаанд, сарчашмаҳои маблағгузорӣ дарёфт намояд;

- якҷоя бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагии соҳаҳои иқтисодиёти мамлакатро мунтазам таҳлил карда, ҷиҳати беҳтар намудани робитаҳои байникорхонавию байнисоҳавӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;

- якҷоя бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон сабабҳои аз фаъолият бозмондани корхонаҳои саноатӣ ва коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро муайян намуда, доир ба ҳалли мушкилот ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои мушаххас манзур намоянд;

- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор натиҷаи татбиқи барномаҳои соҳавӣ ва минтақавиро аз нуқтаи назари дурнамоҳои рушди иқтисодии мамлакат мунтазам арзёбӣ намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ҷараёни иҷрои онҳо маълумоти муфассал ва воқеӣ манзур намояд.

- дар асоси таҳлили мунтазами вазъи бозори меҳнати ҷумҳурӣ ва бо дарназардошти талаботи воқеӣ ба касбу ихтисосҳои зинаҳои таҳсилоти касбӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи шуғлнокии аҳолӣ, якҷоя бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намудани ихтисосҳои афзалиятнокро дар доираи фармоишҳои давлатӣ оид ба тайёр намудани кадрҳои дорои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ ба инобат гирад.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷоя бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати пешгирии хавфҳои эҳтимолии фискалӣ ва паст намудани таъсири манфии омилҳои беруна ба иқтисодиёти кишвар барои иҷро гардидани нишондиҳандаҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015, дарёфти сарчашмаҳои нави даромад ва васеъ кардани манбаъҳои мавҷудаи он, таъмини иҷрои саривақтии ӯхдадориҳои иҷтимоии давлат, хизматрасонии қарзи беруна ва маблағгузории соҳаҳои иқтисоди миллӣ мунтазам тадбирҳо андешида, доир ба кам кардани бақияпулиҳои андоз ва воридоти пурраи маблағҳо ба Буҷети давлатӣ чораҷуӣ намояд.

- якҷоя бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №155 "Дар бораи Тартиби аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимод аз рӯи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо" чораҳои иловагӣ андешад;

- якҷоя бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати нигоҳ доштани манбаъҳои мавҷудаи андози иҷтимоӣ ва дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ, аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор шаффоф нишон додани музди меҳнати коргарони кироя ва кам намудани бақияи қарзи андози иҷтимоӣ чораҳои таъсирбахш андешад;

- якҷоя бо Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати мӯътадил нигоҳ доштани мувозинати бозори асъор, дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани захираҳои байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистон ва бозоргир будани бонкҳои тиҷоратӣ тадбирҳои зарурӣ андешад;

- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор эҳтимолияти пайдошавии хавф ба ҷараёни ташаккулёбии Буҷети давлатиро мавриди таҳлил қарор дода, ҳангоми зарурат бо дарназардошти риояи ӯҳдадориҳои иҷтимоии давлат ҷиҳати ворид намудани тасҳеҳот ба Буҷети давлатӣ барои соли 2015 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод манзур намояд.

4. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаю барномаҳои рушди соҳаи саноати мамлакат, бахусус таъсиси корхонаҳои нав ва муҷаҳҳазгардонии корхонаҳои амалкунанда бо технологияҳои муосир ва истеҳсоли молҳои рақобатпазири ба содирот нигаронидашуда чораҷӯӣ намояд;

- барои рушди соҳаҳои нави саноат дар заминаи технологияҳои нав, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ ва биотехнологияҳо якҷоя бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои илмию таълимӣ пайваста чораҷӯӣ намояд;

- якҷоя бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини эҳтиёҷоти хоҷагиҳои кишоварзӣ бо нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо дар заминаи ба роҳ мондани истеҳсоли онҳо дар корхонаҳои ватанӣ тадбирҳои зарурӣ андешад;

- якҷоя бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи соҳаи саноати хӯроквориро таҳлил намуда, доир ба зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот дар соҳа то охири нимсолаи аввали соли 2015 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои мушаххас манзур намояд;

- бо мақсади афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии кишвар, истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ ва иқтидорҳои соҳа, дастгирии давлатии корхонаҳои саноати коркард ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, якҷоя бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъмини амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб ва нақшаи ҷойгиркунии фармоишҳои давлатӣ ва мудофиавиро дар нимсолаи аввали соли 2015 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор дар доираи имкониятҳои воқеии кишвар ҷиҳати таъмини рушди минбаъдаи соҳаи саноат, бахусус соҳаҳои истеҳсолӣ, бо мақсади афзун намудани иқтидори содиротӣ ва воридотивазкунандаи кишвар барои коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми ватанӣ чораҷӯӣ намояд.

5. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- бо мақсади суръат бахшидан ба ҷараёни корҳои лоиҳакашӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои сохтмони иншооти афзалиятноки энергетикӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои нави барқии хурду бузург, хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ, инчунин азхудкунии конҳои нави нафт ва газ якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор тавассути истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷетии ба соҳа ҷудогардида чораҷӯӣ намояд;

- якҷоя бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби бештари сармоягузориҳои мустақим ба соҳаи энергетика ва дар ин замина татбиқи лоиҳаҳои бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, тақсимот ва интиқоли қувваи барқ лоиҳаи барномаи давлатии рушди соҳаро дар нимсолаи аввали соли 2015 таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

- якҷоя бо Хадамоти зиддинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати танзими раванди интиқоли сӯзишворию равғанҳои молидании ба кишвар воридшаванда ва пешгирии болоравии беасоси нархи онҳо дар бозорҳои кишвар дар доираи тавозуни индикативии воридоти маҳсулоти нафтӣ чораҷӯӣ намояд;

- якҷоя бо Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" дар самти бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта, истифодаи сарфакорона ва самараноки захираҳои энергетикӣ, дар асоси ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам, баланд бардоштани фаъолияти самараноки шабакаҳои барқӣ, инчунин амалӣ намудани тадбирҳои судманд ҷиҳати паст кардани талафоти технологии нерӯи барқ чораҳои қатъӣ андешад.

6. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор татбиқи саривақтии лоиҳаҳои амалкунандаи соҳаи нақлиётро таъмин намуда, ҷиҳати дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои амалисозии лоиҳаҳои роҳи оҳани минтақавӣ, ки имкониятҳои ҳамлу нақли кишварро афзун менамояд, тадбирҳои иловагӣ андешад;

- бо мақсади тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ мондани назорат ва идоракунии бехатарии парвозҳо, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор вобаста ба таҷдид ва такмили сохтори батанзимдарорӣ ва назорат дар соҳаи авиатсия ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди мувофиқашуда манзур намояд.

7 . Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар, кам намудани таъсири омилҳои беруна ба бозори истеъмолии мамлакат, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва зиёд намудани ҳиссаи он дар бозорҳои дохила тадбирҳои таъхирнопазир андешад;

- ҷиҳати истифодаи самараноки обу замин, дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ба роҳ мондани кишти тухмии зироатҳои ба шароити камобӣ тобовар чораҷӯи намояд;

- бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзии ниёзи аввалия ва истифодаи самараноки маблағҳои мақсадноки барномаҳои соҳаи кишоварзӣ, барои ворид намудани тухмиҳои ба иқлими кишвар мутобиқ ва ташкили селексияи минбаъдаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешад;

- ҷиҳати бо дастгирии воқеӣ фаро гирифтани хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои агросаноатӣ тавассути дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои иттилоотию машваратӣ, иҷораи мустақим ва молиявии (люинг) техникаи кишоварзӣ, пешбарӣ ва ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ ва технологияҳои муосиру самараноки кишоварзӣ, инчунин тухмиҳои хушсифат ва нуриҳои минералӣ чораҳои таъхирнопазир андешад;

- якҷоя бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани истифодабарандагони бемасъулияти заминро мавриди баррасӣ қарор дода, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намояд.

8. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо дарназардошти вазъу талаботи бозори меҳнати дохилию хориҷӣ, ҷиҳати таъсис додани ҷойҳои нави корӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, барои тайёр намудани мутахассисони дорои касбҳои коргарии ба талабот ҷавобгӯ, бо курсҳои кӯтоҳмуддати касбӣ фаро гирифтани шаҳрвандон ва бо ҷои корӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар ва хориҷа таъмин намудани онҳо чораҳои таъхирнопазир андешида, фаъолияти биржаҳои меҳнатиро тақвият бахшад;

- якҷоя бо Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати пардохти саривақтии маошу нафақа ва стипендияву кӯмакпулиҳо, паст намудани шиддати қарздории маош, сари вақт ҷамъ овардани андози иҷтимоӣ, танзими омори шуғли аҳолӣ ва таъсиси бештари ҷойҳои нави корӣ чораҳои зарурӣ андешад;

- бо мақсади пешгирии таъсири манфии шуғли ғайрирасмӣ ба иқтисодиёти кишвар ва таъмини ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон, якҷоя бо Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ тақвият бахшад.

9. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- бо дарназардошти гузаштан ба шакли нави қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири нав таҳия намуда, то моҳи майи соли 2015 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

- бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии кишвар, низоми таълимро дар муассисаҳои мазкур такмил дода, ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ пайваста чораҷӯӣ намояд;

- бо мақсади ба рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти мамлакат равона намудани мавзӯъҳои таҳқиқотҳои илмӣ, рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар ҳамбастагӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ чораҷӯӣ намояд;

- якчоя бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси бо муассисаҳои томактабӣ фаро гирифтани теъдоди бештари кӯдакон, аз ҷумла тавассути истифодаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди мушаххас манзур намояд;

- бо мақсади ташаккули низоми нави тарбияи беруназмактабии хонандагон ва ба талаботи муосир мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, лоиҳаи "Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти иловагии хонандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020"-ро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

10. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар доираи Нақшаи стратегӣ оид ба ислоҳоти минбаъдаи маблағгузории соҳаи тандурустӣ барои солҳои 2015-2018 ва бо мақсади ҷалби бахши хусусӣ ба раванди хизматрасониҳои тиббӣ, якҷоя бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи тиб ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои мувофиқашуда манзур намояд;

- вобаста ба пешгирии паҳншавии бемориҳои сирояткунанда тадбирҳои таъхирнопазир андешад;

- бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва ҳавасмандгардонии мутахассисони тиб ва пешгирии ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯй овардани духтурони баландихтисос, низоми музди меҳнати соҳаи тандурустиро мавриди таҳлил қарор дода, ҷиҳати таҷдиди назар намудани он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;

- дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд лоиҳаи "Барномаи миллии солимгардонии маъюбон барои солҳои 2015-2020"-ро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, бо мақсади дастгирии давлатии маъюбон ва бо шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо, якҷоя бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъмини амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бо фармоишҳои давлатӣ фаро гирифтани корхонаҳои истеҳсолӣ, ки дар онҳо шумораи бештари кормандонро маъюбон ташкил менамоянд, чораҷӯи намояд;

- якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ корҳоро дар самти татбиқи механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат тақвият бахшида, барои марҳила ба марҳила фаро гирифтани тамоми ноҳияҳои ҷумҳурӣ чораҷӯӣ намояд.

11. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҷиҳати таъмини рушди устувори муассисаҳои фарҳангӣ дар марҳилаи нави пешрафти ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар, тамоюлоти ҷаҳонишавии фарҳанг тавассути таҷдиди инфрасохтор, таҳкими заминаи рақобатпазири моддию техникӣ, тарбияи кадрҳои соҳа ва ба ин васила мусоидат намудан ба раванди эҷодиёти халқ, татбиқи самарабахши нерӯи фарҳангӣ ва маънавии ҷомеа тадбирҳои амалӣ андешад;

- барои дар сатҳи баланди касбию бадеӣ доир намудани тамоми чорабиниҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ имкониятҳои моддиву маънавӣ, донишу таҷрибаи мутахассисон ва аҳли фарҳангро самаранок равона намуда, иҷрои босифати барномаҳои давлатиро вобаста ба рушди фаъолияти китобдорӣ, компютерикунонии китобхонаҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ, ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, рушди мусиқии касбӣ пурра таъмин намояд;

- барои ҷалби тамошобин ба театр ва эҳёи маърифати театрравии ҷомеа, махсусан ҷавонону наврасон чораҳои мушаххас андешида, ҷиҳати баланд бардоштани завқи китобхонӣ миёни ҷомеа корҳои тарғиботиву ташфиқотиро мунтазам роҳандозӣ намояд;

- оид ба таҳияи номинатсияҳои намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик ҷиҳати ворид намудан ба "Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ва баргузории таҳқиқоти сотсиологӣ оид ба омӯзиши ниёзҳои фарҳангии табақаҳои гуногуни аҳолӣ чораҷӯӣ намояд.

12. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷоя бо Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистои ҷиҳати аз байн бурдани мухолифат дар қонунгузории амалкунанда, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти меъёрэҷодкунии вазорату идораҳо, аз ҷумла дар самти таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои хусусияти умумиҳатмӣ, инчунин механизми иҷрои қонунҳои қабулшуда тадбирҳои иловагӣ андешад;

- бо мақсади пешгирӣ намудани қонунвайронкуниҳои андоз, якҷоя бо вазорату идораҳо ҷиҳати такмил додани муқаррароти Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 апрели соли 2015 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои мувофиқашуда пешниҳод намояд.

13. Ба Бонки миллии Тоҷикистон тавсия дода шавад, ки:

- ҷиҳати таъмини афзоиши мӯътадили нишондиҳандаҳои асосии пулӣ, афзун намудани дороиҳои бонкӣ ва дар сатҳи мӯътадил нигоҳ доштани меъёри таваррум тавассути фишангҳои асосии пулӣ, аз ҷумла меъёри бозтамвил, тадбирҳои зарурӣ андешад;

- бо мақсади таъмини фаъолияти мунтазами бозори дохилии асъор ва суботи низоми молиявии кишвар, дар самти таъмини устуворӣ ва қобилияти харидории пули миллӣ, танзиму назорати иҷрои меъёрҳо ва тартибу анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешад;

- ҷиҳати соддагардонии раванди қарздиҳӣ ва ҳуҷҷатгузории он, инчунин дастрасии бештари соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ба захираҳои қарзӣ чораҷӯӣ намояд;

- ислоҳотро дар низоми бонкдории кишвар идома дода, ҷиҳати ба таври васеъ ҷорӣ намудани хизматрасонии электронӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ ва назорати пардохтпазирии онҳо мунтазам чораҷӯӣ намояд;

- бо мақсади истифодаи самараноки захираҳои қарзӣ якҷоя бо ташкилотҳои қарзии кишвар ҷиҳати кам кардани ҳаҷми қарзҳои батаъхиррасида ва беэътимод, инчунин ба гардиш ворид намудани онҳо тадбирҳои иловагӣ андешад;

- ҷиҳати дар сатҳи мӯътадил нигоҳ доштани меъёри таваррум, таъмини суботи низоми бонкӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба тавозуни пардохт сиёсати самараноки пуливу қарзӣ ва асъориро тавассути фишангҳои асосии пулӣ, аз ҷумла меъёри бозтамвил татбиқ намояд;

- бинобар эҳтимолияти давом ёфтани фишорҳои қурбӣ, ҷиҳати аз беқурбшавӣ нигоҳ доштани пули миллӣ чораҳои зарурӣ андешида, оид ба вазъи рушди минбаъдаи бозори ҷаҳонии асъор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам маълумоти таҳлилӣ пешниҳод намояд.

14. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷоя бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати пурра фаро гирифтани баҳисобгирии оморӣ ва муҳосибавии истеҳсоли маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ, инчунин роҳ надодан ба бозҳисобии дубораи нишондиҳандаҳои оморӣ ва таҳрифкорӣ чораҳои зарурӣ андешад;

- якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати бо баҳисобгирии пурраи оморӣ фаро гирифтани фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ чораҷӯӣ намояд.

15. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти соҳибкорӣ, ки аз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон бармеояд, чораҷӯӣ намуда, то 30 марти соли 2015 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои мушаххас пешниҳод намояд;

- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати тезонидани ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби ҳарчӣ бештари соҳибкорон ба ин раванд чораҷӯӣ намояд;

- оид ба зиёд намудани саҳми сармоягузории мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар то охири семоҳаи якуми соли 2015 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои мушаххас пешниҳод намояд;

- дар самти муаррифии имкониятҳои кишвар ва ҷалби бештари сармоягузориҳо, аз ҷумла бо роҳи беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ мунтазам чораҷӯӣ намояд;

- ба фаъолияти Комиссияи байниидоравӣ оид ба дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва ҳимояи бозори дохилӣ суръат бахшад;

- ҷиҳати ноил гаштани агентиҳои иҷроия ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба мақсаду вазифаҳои гузошташуда ва азхудкунии мақсаднок, сифатнок ва саривақтии воситаҳои молиявӣ, инчунин аз ҷониби онҳо қатьиян риоя гардидани талаботи қонунгузорӣ оид ба ҳисоботдиҳӣ, хариди мол, кор ва хизматрасонӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешад.

16. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои қонунвайронкунӣ оид ба истифодаи замин ва таъмини шаффофияти раванди тақсимоти он дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ чораҷӯӣ намуда, назоратро дар самти ҳифз ва самаранок истифода намудани заминҳо пурзӯр намояд.

17. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳдории партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ, бахусус партовҳои радиоактивӣ ва корхонаҳои сохтмону саноати кӯҳкорӣ, ҳолати партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба атмосфераро таҳти назорат гирифта, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҷиҳати беҳтар намудани вазъи экологӣ чораҳои зарурӣ андешад.

18. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади пешгирии падидаҳои ифротгароӣ, фаҳш ва зӯроварӣ дар ҷомеа, корҳоро дар самти танзими фаъолияти шабакаҳои пахшкунандаи барномаҳои телевизионӣ, инчунин фурӯши маҳсулоти видеоии тарғибгари чунин падидаҳо пурзӯр намояд.

19. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати барқарору таъмир намудани насосҳои обкашӣ, шабакаҳои обёрӣ ва иншооти гидротехникӣ, тоза намудани заҳкашу заҳбурҳо ва омодагии ҳамаҷониба барои таъмин намудани кишоварзон бо оби полезӣ дар мавсими кишти зироатҳои соли 2015 тадбирҳои зарурӣ андешад.

20. Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҷиҳати мӯътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозорҳои кишвар аз ҳисоби захираҳои давлатӣ ярмаркаи фурӯши маҳсулоти мазкурро ба таври доимӣ ташкил намояд;

- барои фароҳам овардани шароити муосири нигоҳдории захираҳои зарурии маводи озуқа ва таъмини муназзами бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хӯрокворӣ дар давраи тирамоҳу зимистон корҳоро дар самти сохтмон ва барқарорсозии анборҳои нигоҳдории меваю сабзавот дар пойтахти кишвар, маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақвият бахшад;

- бо мақсади афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, бахусус хӯрокворӣ, якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Иттифоқи "Тоҷикматлубот" ҷиҳати аз ҳисоби маҳсулоти корхонаҳои ватанӣ харидорӣ намудани захираҳои моддии давлатӣ, инчунин барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо молистеҳсолкунандагони ватанӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешад.

21. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҷиҳати беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, баланд бардоштани самаранокии фаъолият тавассути васеъ намудани манбаъҳои мавҷуда ва дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ, кам кардани хароҷоти андозсупорандагон ҳангоми иҷрои ӯхдадориҳои андозӣ, беҳтар намудани хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон, таъмини татбиқи пурраи стандартҳои ягонаи давлатии хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, алалхусус ҳангоми қабули ҳисоботҳои андозӣ тадбирҳои зарурӣ андешад;

- якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезни Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати такмили қонунгузории андоз дар қисмати андозбандии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;

- бо истифода аз чораҳои мубориза бар зидди саркашӣ аз пардохти андозҳо ва усулҳои алтернативии андозбандӣ ҷиҳати сари вақт рӯёнидани маблағн андозҳои ҳисобшуда чораҷӯӣ намуда, бо мақсади ситонидани бақияи қарзи андозҳо ва роҳ надодан ба пайдоиши қарзҳои нави андозӣ талаботи қонунгузории амалкунандаро татбиқ намояд.

22. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои тарғиботиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба такмили қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ ва низоми раводиддиҳӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои мушаххас пешниҳод намояд.

23. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва ҳуқуқии ҷавонон, паст кардани сатҳи бекоршавии ақди никоҳи оилаҳои ҷавон, зӯроварӣ дар оила, ҳалли масъалаҳои гендерӣ ва иҷрои сифатноки санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ин раванд қабулгардида тадбирҳои иловагӣ андешад;

- ҷиҳати пешгирии вайроншавии оилаҳо ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занону кӯдакон тадбирҳои зарурӣ андешида, доир ба такмил додани қонунгузории амалкунанда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои мувофиқашуда пешниҳод намояд;

- корҳои итгилоотию маърифатиро бо гурӯҳҳои осебпазири занон, бахусус занони маъюб, бесаробон, оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва хушунатшудагон тавсеа бахшида, якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати дастрасии онҳо ба кӯмакҳои иҷтимоии давлат, инчунин ба шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо тадбирҳои иловагӣ андешад;

- шаффофияти тақсим ва истифодаи самараноки грантҳои барои занон ҷудошударо таъмин намуда, ҷиҳати ҷалби занони хонашин ба шуғл, коҳиш додани пошхӯрии оилаҳо, худкушӣ, афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ миёни занон ва дар маҷмӯъ коста гардидани пояҳои ахлоқӣ дар байни занону духтарон тадбирҳои мушаххас андешад.

24. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами давлатҳои мутараққӣ дар мавриди таҳияи лоиҳаҳои замонавии иншоот ва сохтмони онҳо, истифодаи масолеҳи сохтмонии баландсифат, технологияҳои каммасрафи барқӣ, бахусус сатҳ ва сифати сохтмони иншоот мунтазам чораҷӯӣ намояд.

25. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- бо мақсади ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани низоми фаъолияти гумрукӣ, корҳоро дар самти такмили низоми назорати арзиши гумрукӣ ва мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ тақвият бахшида, ҷиҳати иҷрои нақшаи тасдиқгардидаи пардохтҳои гумрукӣ барои соли 2015 тадбирҳои зарурӣ андешад;

- бо мақсади ҷорӣ намудани технология ва барномаҳои муосири коркарди электронии маълумот, соддагардонии расмиёти барасмиятдарории гумрукӣ ва таъмини шаффофияти он ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои низоми "Равзанаи ягона" ва "Истгоҳи ягона"-ро ҷоннок намояд.

26. Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва бартараф намудани рақобати носолими субъектҳои хоҷагидор, бахусус пешгирии болоравии беасоси нархҳо дар бозорҳои кишвар, риояи талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ ва қоидаҳои нархгузориро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.

27. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- вобаста ба ҷоннок намудани фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии "Почтаи Тоҷик", ба меъёрҳои муқарраргардида ҷавобгӯ намудани хатҳои алоқаи нурию нахии берун аз марказҳои маъмурӣ гузаронидашуда ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар соҳаи алоқа, алалхусус дар деҳот тадбирҳои мушаххас андешад;

- якҷоя бо Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро оид ба танзими мӯҳтавои маводи сомонаҳои интернетӣ таҳия ва то 1 июни соли 2015 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

28. Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати васеъ намудани имкониятҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар соҳаи саноати кишвар ва дар ин замина афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, иқтидорҳои содиротӣ ва воридотивазкунанда тадбирҳои иловагӣ андешад.

29. Агентии хизмати давлатии назди Презвденти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ихтисосмандии хизматчиёни давлатӣ, курсҳои кӯтоҳмуддати тахассусӣ ташкил намуда, барои ҷалби бештари мутахассисони ҷавон ва баландихтисос ба хизмати давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешад.

30. Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ҷиҳати аз ҷониби корхонаю ташкилотҳои буҷетӣ ва корхонахои азими саноатӣ пардохт гардидани маблағи нерӯи барқи истифодашуда, кам намудани талафоти техникӣ, инчунин татбиқ гардидани лоиҳаҳои инфрасохтории соҳа тадбирхои зарурӣ андешад.

31. Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор то охири соли 2015 ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва васеъ намудани татбиқи дастовардҳои илми кишоварзӣ дар истеҳсолот лоиҳаи "Барномаи давлатии рушди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020"- ро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

32. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ якҷоя бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" ҷиҳати ҳалли мушкилоти дар маҳал ҷойдошта, бахусус мушкилоти дорои аҳамияти иҷтимоӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

33. Вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо аз ҷараёни иҷрои қарори мазкур ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 28 январи соли 2015 № 21

ш.Душанбе