Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2016 № 331 "Дар бораи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ

Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор", бо мақсади таъмини ҳамкорӣ, танзим ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ таъсис дода шавад.

2. Ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ ва Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1 ва 2).

3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои қарори мазкурро таъмин намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Эмомалӣ Раҳмон

аз 27 июли соли 2016 № 331

ш.Душанбе

 

Замимаи 1

Бо қарари Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "27" июли соли 2016 № 331

тасдиқ шудааст

Ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурип Тоҷикистон (Раиси Шӯро);

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии

Ҷумҳурии Тоҷикистон (муовини Раиси Шӯро).

 

Аъзои Шӯро:

Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Намояндаи бахши хусусӣ (дар мувофиқа);

Котиби масъули Шӯро.

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Совете по координации деятельности проверяющих органов

В соответствии со статьей 5 Закона Республики Таджикистан "О проверках деятельности хозяйствующих субъектов", с целью обеспечения сотрудничества, регулирования и координации деятельности проверяющих органов, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Образовать Совет по координации деятельности проверяющих органов.

2. Утвердить состав Совета по координации деятельности проверяющих органов и Положение о Совете по координации деятельности проверяющих органов (приложения 1 и 2).

3. Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан совместно с министерствами и ведомствами, местными исполнительными органами государственной власти обеспечить исполнение данного постановления.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 27 июля 2016 года, № 331

Приложение 1

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 27 июля 2016 года, №331

Состав Совета по координации деятельности проверяющих органов

Первый заместитель Премьер - министра Республики Таджикистан (Председатель Совета);

Председатель Государственного комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан (заместитель Председателя Совета).

Члены Совета:

Министр юстиции Республики Таджикистан;

Министр финансов Республики Таджикистан;

Министр экономического развития и торговли Республики Таджикистан;

Министр здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан;

Министр промышленности и новых технологий Республики Таджикистан;

Министр внутренних дел Республики Таджикистан;

Министр сельского хозяйства Республики Таджикистан;

Председатель Государственного комитета по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан;

Представитель частного сектора (по согласованию);

Ответственный секретарь Совета.