Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2016 № 329 "Дар бораи Барномаи татбиқи Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2016-2024"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи татбиқи Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2016-2024

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади ташкил ва таъмин намудани фаъолияти самараноки системаи томи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва ноил гаштан ба таъсири камтарини радиатсионӣ ба аҳолӣ ва муҳити зист, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи татбиқи Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2016-2024 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида ва дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ, ҳамчунин ҷалби грантҳои хориҷӣ ҷиҳати амалӣ гардонидани Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

3. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол оид ба рафти иҷрои қарори мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Эмомалӣ Раҳмон

аз 257 июли соли 2016 № 329

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Программе реализации Национальной концепции Pecпублики Таджикистан по реабилитации хвостохранилищ отходов переработки урановых руд на 2016-2024 годы

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан", и с целью создания и обеспечения эффективного функционирования целостной системы обращения с радиоактивными отходами, достижения минимального радиационного воздействия на население и окружающую среду, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Программу реализации Национальной концепции Республики Таджикистан по реабилитации хвостохранилищ отходов переработки урановых руд на 2016-2024 годы (прилагается).

2. Соответствующим министерствам и ведомствам, местным исполнительным органам государственной власти в установленном порядке и в пределах предусмотренных средств из государственного бюджета, а также привлечения внешних грантов, принять необходимые меры для реализации данной Программы.

3. Министерству промышленности и новых технологий Республики Таджикистан ежегодно представлять информацию о ходе выполнения данного постановления Правительству Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г. Душанбе, 

от 27 июля 2016 года, № 329