Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 апрели соли 2016, № 207-7
тасдиқ шудааст
Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он
(қарои Ҳукумати ҶТ аз 9.02.2019 № 64)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он (минбаъд - Тартиб) мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи барқӣ" бо мақсади ба тавозуни истифодабарандагони алоқаи мобилӣ гузаронидани маблағи пулӣ ва танзими пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ таҳия гардидааст (.
2. Риояи талаботи Тартиби мазкур аз ҷониби мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон ҳатмӣ мебошад.
2. Пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ
3. Пайвасткунии муштариён ба шабакаи алоқаи барқӣ бо роҳи бақайдгирии симкортҳо, пайваст кардани воситаҳои мобилии бе симкорт фаъолияткунанда ба шабакаи алоқаи мобилӣ, ҷудокунии хатти алоҳидаи алоқаи маҳаллӣ ва пайвасткунии хизматрасонии интернет ба амал бароварда мешавад .
4. Фаъолияти нуқтаҳои хариду фурӯши симкортҳо мувофиқи иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ба роҳ монда мешавад.
5. Талаботи асосӣ вобаста ба хариду фурӯши симкортҳо ва пайвасткунии муштариён ба шабакаи алоқаи барқӣ.
- фурӯши симкортҳо аз ҷониби операторони хизмати алоқаи барқӣ бевосита ва ё якҷоя бо дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки бо тартиби муқарраршуда ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, мувофиқи иҷозатномаи мақоми ваколатдор ва шартномаҳои ба имзо расонидашуда амалӣ карда мешавад ;
- пайвасткунии муштариён танҳо дар объекту иншоотҳои алоқаи барқӣ, ки ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ мебошанд, бо пешниҳоди шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ анҷом дода мешавад .
6. Пайвасткунии симкортҳои корпоративӣ танҳо бо пешниҳоди шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 ва ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ, бо дарназардошти талаботи банди 5 Тартиби мазкур ва иштироки бевоситаи ҳар як корманди шахси ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ба расмият дароварда мешавад .
7. Пайвасткунии муштариён ба шабакаи алоқаи барқӣ ҳангоми пешниҳоди хизматрасонии алоқаи мобилии бидуни симкорт, пайвасткунии муштариён ба шабакаи алоқаи маҳаллӣ ва хизматрасонии интернет бо риояи талаботи Тартиби мазкур амалӣ карда мешавад .
8. Бо шиносномаи шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ, ки беэътиборанд, ё бидуни қайди маҳалли зисти шахси воқеӣ ё маҳалли буду боши шахси ҳуқуқӣ мебошанд, хариду фурӯши симкортҳо ва пайвасткунии муштариён ба шабакаи алоқаи барқӣ манъ аст .
. Хариду фурӯши симкортҳо ва пайвасткунии шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва гурезаҳо, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат доранд, ба шабакаи алоқаи барқӣ бо пешниҳоди гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шаҳодатномаи гуреза ба расмият дароварда мешавад.
Пайвасткунии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатӣ истиқомат доранд, тибқи ҳуҷҷати дахлдори тасдиқкунандан шахсият ва будубоши қонунии онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муҳлати иҷозати будубош - муҳлати амали раводид, барои шахсоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби бераводид будубоши муваққатӣ доранд - ба муҳлати амали бақайдгирӣ ва барои шахсоне, ки бе бақайдгирӣ ҳуқуқи будубоши муваққатӣ доранд - ба муҳлати мазкур амалӣ карда мешавад .
10. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ махзани ягонаи симкортҳоро ташкил намуда, маълумоти дахлдорро дар бораи муштарӣ дар махзани мазкур нигоҳ медорад.
3. Азнавбақайдгирии симкортҳо
11. Азнавбақайдгирии симкортҳо расмиёти бақайдгирии иловагии симкортҳо буда, бо мақсади таъмини пайвастшавии дуруст, санҷиш ва назорати дурусти истифодабарии онҳо ба роҳ монда мешавад.
12. Азнавбақайдгирии симкортҳое, ки то мавриди амал қарор гирифтани Тартиби мазкур ба муштариён барои истифода дода шудаанд, аз ҷониби операторони хизмати алоқаи барқӣ гузаронида шуда, назорати давлатии онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ таъмин менамояд.
13. Бо мақсади гузаронидани азнавбақайдгирии симкортҳо:
а) мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ вазифадор аст:
- назорати таъмини иҷрои талаботи Тартиби мазкурро амалӣ намояд;
- раванди иҷрои азнавбақайдгириро назорат кунад;
- ҳисоботҳои пешниҳоднамудаи операторони хизмати алоқаи барқиро таҳлил намояд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод кунад;
- корхона, муассисаву ташкилотҳои давлатӣ ва шаҳрвандонро 1 моҳ пеш аз оғози азнавбақайдгирӣ тавассути воситаҳои ахбори омма хабардор намояд;
б) операторони хизмати алоқаи барқӣ ӯҳдадоранд:
- хизматрасонии симкортҳоеро, ки бе риояи талаботи Тартиби мазкур мавриди истифодабарӣ қарор доранд, дар рафти азнавбақайдгирӣ қатъ намоянд;
- азнавбақайдгирии симкортҳоро бо иштироки бевоситаи ҳар як муштарӣ бо пешниҳоди шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 бо қайди маҳалли зисти шаҳрванд ё ҳуҷҷатҳои таъсиси шахси ҳуқуқӣ бо зикри маҳалли бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ ба таври ройгон гузаронанд ;
- азнавбақайдгирии симкортҳоро танҳо дар марказҳои хизматрасонии расмии худ гузаронанд;
- истифодабарандагони алоқаи мобилиро тавассути имкониятҳои техникии худ (смс, занги телефонӣ, сомона) 1 моҳ пеш аз оғози азнавбақайдгирӣ хабардор намоянд ;
- вобаста ба риояи талаботи Тартиби мазкур санҷиши дохилиидоравӣ гузаронида, барои риоя нагардидани меъёрҳои он чораҳои дахлдор андешанд ;
- хизматрасонии симкортҳое, ки дар муҳлати 6 моҳ истифода бурда намешаванд, қатъ кунанд ;
- ҳангоми пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ нусхаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшавандаро, аз ҷумла дар шакли электронӣ дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бойгонӣ нигоҳ доранд .
- аз натиҷаи гузаронидани азнавбақайдгирӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ҳисоботи дахлдорро пешниҳод намоянд.
4. Гузаронидани маблағ ба тавозуни истифодабарандагони алоқаи мобилӣ
14. Тартиби ба тавозуни истифодабарандагони алоқаи мобилӣ гузаронидани маблағ бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад :
- гузаронидани маблағ танҳо тавассути кортҳо, терминалҳои хурд ва калон (таҷҳизоти дигар), ки ҳамчун воситаҳои алоқаи барқӣ тибқи талаботи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи барқӣ" мавриди сертификатсия қарор мегиранд, сурат мегирад;
- маблағи супоридашуда бояд фавран ба тавозуни истифодабаранда гузаронида шавад;
- фоиз барои қабули пардохт набояд ситонида шавад.
15. Пешниҳодкунандагони хизматрасонӣ вазифадоранд:
- шартномаи оммавиро байни худ ва муштариён дар нуқтаҳои хизматрасонӣ ва ё дар дохили терминал ҷойгир намоянд;
- ҳар семоҳа ҳисоботи шакли муқарраршударо ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ на дертар аз санаи даҳуми моҳи баъдина пешниҳод намоянд.
16. Шакли ҳисобот бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ аз ҷониби мақомоти омори давлатӣ тасдиқ карда мешавад.
5. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои операторони хизмати алоқаи барқӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки хизматрасонии хариду фурӯши симкортҳоро амалӣ менамоянд
17. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои операторони хизмати алоқаи барқӣ ҳангоми пайвасткунии муштариён ба шабакаи алоқаи барқӣ:
- бо дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои пешниҳоди хизматрасонии хариду фурӯши симкортҳо ва ба шабакаи алоқаи барқӣ пайваст намудани муштариён шартномаи дахлдор ба имзо расонанд;
- назорати дохилии риояи талаботи Тартиби мазкурро мунтазам ба роҳ монанд;
- пайвасткунии муштариёнро ба шабакаи худ танҳо бо талаби шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ, иштироки бевоситаи соҳибони онҳо ва баъди ба расмият даровардани фурӯши симкортҳо ба амал бароранд ;
- хариду фурӯши симкортҳоро танҳо дар объекту иншоотҳои соҳаи алоқа ба роҳ монанд;
- маълумоти дахлдорро дар бораи муштарӣ дар махзани маълумот нигоҳ доранд;
- маълумоти дахлдорро дар бораи муштарӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ соҳаи алоқаи барқӣ пешниҳод намояд;
- ҳангоми аз ҷониби дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки хизматрасонии хариду фурӯши симкортҳоро ба амал мебароранд, риоя нашудани талаботи Тартиби мазкур, шартномаи бо онҳо ба имзо расонидашударо бекор намоянд;
- ҳангоми муроҷиати муштарӣ (дар ҳолати гум ё корношоям шудани симкорт) хизматрасонии симкортро фавран қатъ намояд;
- ҳангоми ошкоркунии ҳолатҳои риоя нашудани талаботи Тартиби мазкур, ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ва мақомоти амнияти миллӣ маълумоти дахлдор пешниҳод намоянд;
- дар ҳолати ба итмом расидани мӯҳлати иҷозати буду боши шаҳрвандони хориҷӣ (шахсони бешаҳрвандӣ, ки маҳалли истиқомати доимиашон Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад), хизматрасонии симкортҳои ҷудошударо қатъ намоянд;
- насби камераҳои мушоҳидавиро дар нуқтаҳои хариду фуруши симкортҳо таъмин намоянд ;
- зиёда аз ду симкортро ба номи як шахс (дар ҳамаи операторони хизмати алоқаи барқӣ) ба расмият надароранд ;
- аз натиҷаи анҷом додани корҳо, ки барои риояи талаботи Тартиби мазкур равона карда шудаанд, ҳар моҳ тариқи хаттӣ маълумот ва ҳисоботи шакли муқарраршударо ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ пешниҳод намоянд .
Эзоҳ: Пайвасткунии симкортхо барои таҷҳизоти ниҳоӣ, ки дар шабакаи интернет барои интиқол, қабул ва коркарди техникӣ истифода мешаванд (ғайр аз телефонҳои мобилӣ), бо бақайдгирии маълумоти дахлдори айниятдиҳандаи таҷҳизот бе маҳдудияти шумора тибқи Тартиби мазкур ба расмият дароварда мешавад .
18. ӯҳдадориҳои дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки хизматрасонии хариду фурӯши симкортҳоро амалӣ менамоянд:
- хариду фурӯши симкортҳоро бо риояи талаботи сархатҳои якум ва дуюми банди 5 Тартиби мазкур ба роҳ монанд;
- дар нуқтаҳои фурӯши симкорт навиштаҷотҳои огоҳкунандаро оид ба пешниҳоди шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ ҷойгир намоянд ;
- маълумот ва ҳуҷҷатҳои дар натиҷаи фурӯши симкортҳо ҷамъовардашударо ба операторони хизмати алоқаи барқӣ ҷиҳати ворид намудан ба махзани маълумот пешниҳод намоянд;
- насби камераҳои мушоҳидавиро дар нуқтаҳои хариду фурӯши симкортҳо таъмин намоянд
- ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ҳисоботи шакли муқарраршударо пешниҳод намоянд.
18(1). Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хариду фурӯши симкортҳои ширкатҳои хориҷӣ ва фурӯши симкортҳои ширкатҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирифташуда дар ҳудуди давлати хориҷӣ манъ аст
6. Ҳукуқ ва ӯҳдадориҳои истифодабарандагони алоқаи мобилӣ
19. Истифодабарандагони алоқаи мобилӣ дорои ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои зерин мебошанд :
- бо операторони алоқаи барқӣ шартнома ба имзо расонанд;
- алоқаи мобилиро бо пешниҳоди шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ соҳиб шаванд ;
- дар ҳолати гум кардан ё корношоям шудани симкорт фавран оператори алоқаи барқии дахлдорро хабардор намоянд;
- алоқаи мобилиро ба дигар шахс барои истифода надиҳанд ;
20. Ноболиғон аз синни 16 бо ризояти хаттии падару модар ё намояндагони дигари қонунӣ метавонанд бо пешниҳодн шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 симкортро ба номи худ дастрас намоянд. Падару модар ва намояндагони дигари қонунӣ уҳдадоранд истифодаи симкортро аз ҷониби фарзандони ноболиғ ва ё шахсони таҳти васоят ва парастории онҳо қарордошта назорат баранд .
7. Муқаррароти хотимавӣ
21. Дигар талаботе, ки дар Тартиби мазкур муқаррар нагардидааст, бо шартномае, ки байни операторони хизмати алоқаи барқӣ ва пешниҳодкунандаи хизматрасониҳои зикргардида ба имзо расонида мешаванд, ба танзим дароварда мешавад.
22. Барои риоя накардани Тартиби мазкур шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 апрели соли 2016, № 207-7
тасдиқ шудааст
Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он
1. Муқаррароти умумӣ
1. Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он (минбаъд - Тартиб) мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи барқӣ" бо мақсади танзими пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ таҳия гардидааст.
2. Риояи талаботи Тартиби мазкур аз ҷониби мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон ҳатмӣ мебошад.
2. Пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ
3. Тартиби омода намудани симкортҳо:
- симкортҳо мувофиқи рақамгузории ҷудокардашуда, аз ҷониби дорандаи иҷозати истифодабарии рақамгузорӣ омода карда мешаванд;
- рақамгузории симкортҳо ва истифодабарии захираҳои рақамгузорӣ бо иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ба роҳ монда мешавад.
4. Фаъолияти нуқтаҳои хариду фурӯши симкортҳо мувофиқи иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ба роҳ монда мешавад.
5. Талаботи асосӣ вобаста ба хариду фурӯши симкортҳо ва пайвасткунии муштариён ба шабакаи алоқаи барқӣ.
- фурӯши симкортҳо аз ҷониби операторони хизмати алоқаи барқӣ бевосита ва ё якҷоя бо дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки бо тартиби муқарраршуда ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, мувофиқи шартномаҳои ба имзо расонидашуда амалӣ карда мешавад;
- пайвасткунии муштариён танҳо дар объекту иншоотҳои алоқаи барқӣ, ки ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ мебошанд, бо пешниҳоди шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (корти идентификатсионӣ) ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ анҷом дода мешавад.
6. Пайвасткунии симкортҳои корпоративӣ танҳо бо пешниҳоди шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (корти идентификатсионӣ) ва ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ, бо дарназардошти талаботи банди 5 Тартиби мазкур ва иштироки бевоситаи ҳар як корманди шахси ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ба расмият дароварда мешавад.
7. Пайвасткунии муштариён ба шабакаи алоқаи барқӣ ҳангоми пешниҳоди хизматрасонии алоқаи мобилии бидуни симкорт, пайвасткунии муштариён ба шабакаи алоқаи маҳаллӣ ва хизматрасонии интернет бо риояи талаботи банди 5 Тартиби мазкур амалӣ карда мешавад.
8. Бо шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (корти идентификатсионӣ) ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ, ки беэътиборанд, ё бидуни қайди маҳалли зисти шахси воқеӣ ё маҳалли буду боши шахси ҳуқуқӣ мебошанд, хариду фурӯши симкортҳо ва пайвасткунии муштариён ба шабакаи алоқаи барқӣ манъ аст.
9. Пайвасткунии шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрвандӣ, ки маҳалли истиқомати доимиашон Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад, вобаста ба мӯҳлати иҷозати буду боши онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
10. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ махзани ягонаи симкортҳоро ташкил намуда, маълумоти дахлдорро дар бораи муштарӣ дар махзани мазкур нигоҳ медорад.
3. Азнавбақайдгирии симкортҳо
11. Азнавбақайдгирии симкортҳо расмиёти бақайдгирии иловагии симкортҳо буда, бо мақсади таъмини пайвастшавии дуруст, санҷиш ва назорати дурусти истифодабарии онҳо ба роҳ монда мешавад.
12. Азнавбақайдгирии симкортҳое, ки то мавриди амал қарор гирифтани Тартиби мазкур ба муштариён барои истифода дода шудаанд, аз ҷониби операторони хизмати алоқаи барқӣ гузаронида шуда, назорати давлатии онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ таъмин менамояд.
13. Бо мақсади гузаронидани азнавбақайдгирии симкортҳо:
а) мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ вазифадор аст:
- назорати таъмини иҷрои талаботи Тартиби мазкурро амалӣ намояд;
- раванди иҷрои азнавбақайдгириро назорат кунад;
- ҳисоботҳои пешниҳоднамудаи операторони хизмати алоқаи барқиро таҳлил намояд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод кунад;
- корхона, муассисаву ташкилотҳои давлатӣ ва шаҳрвандонро 1 моҳ пеш аз оғози азнавбақайдгирӣ тавассути воситаҳои ахбори омма хабардор намояд;
б) операторони хизмати алоқаи барқӣ ӯҳдадоранд:
- хизматрасонии симкортҳоеро, ки бе риояи талаботи Тартиби мазкур мавриди истифодабарӣ қарор доранд, дар рафти азнавбақайдгирӣ қатъ намоянд;
- азнавбақайдгирии симкортҳоро бо иштироки бевоситаи ҳар як муштарӣ бо пешниҳоди шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (корти идентификатсионӣ) бо қайди маҳалли зисти шаҳрванд ё ҳуҷҷатҳои таъсиси шахси ҳуқуқӣ бо зикри маҳалли бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ ба таври ройгон гузаронанд;
- азнавбақайдгирии симкортҳоро танҳо дар марказҳои хизматрасонии расмии худ гузаронанд;
- истифодабарандагони симкортҳоро тавассути имкониятҳои техникии худ (смс, занги телефонӣ, сомона) 1 моҳ пеш аз оғози азнавбақайдгирӣ хабардор намоянд;
- аз натиҷаи гузаронидани азнавбақайдгирӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ҳисоботи дахлдорро пешниҳод намоянд.
4. Гузаронидани маблағ ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо (муштариён)
14. Тартиби ба тавозуни истифодабарандагони симкортҳо (муштарӣ) гузаронидани маблағ бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:
- гузаронидани маблағ танҳо тавассути кортҳо, терминалҳои хурд ва калон (таҷҳизоти дигар), ки ҳамчун воситаҳои алоқаи барқӣ тибқи талаботи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи барқӣ" мавриди сертификатсия қарор мегиранд, сурат мегирад;
- маблағи супоридашуда бояд фавран ба тавозуни истифодабаранда гузаронида шавад;
- фоиз барои қабули пардохт набояд ситонида шавад.
15. Пешниҳодкунандагони хизматрасонӣ вазифадоранд:
- шартномаи оммавиро байни худ ва муштариён дар нуқтаҳои хизматрасонӣ ва ё дар дохили терминал ҷойгир намоянд;
- ҳар семоҳа ҳисоботи шакли муқарраршударо ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ на дертар аз санаи даҳуми моҳи баъдина пешниҳод намоянд.
16. Шакли ҳисобот бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ аз ҷониби мақомоти омори давлатӣ тасдиқ карда мешавад.
5. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои операторони хизмати алоқаи барқӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки хизматрасонии хариду фурӯши симкортҳоро амалӣ менамоянд
17. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои операторони хизмати алоқаи барқӣ ҳангоми пайвасткунии муштариён ба шабакаи алоқаи барқӣ:
- бо дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои пешниҳоди хизматрасонии хариду фурӯши симкортҳо ва ба шабакаи алоқаи барқӣ пайваст намудани муштариён шартномаи дахлдор ба имзо расонанд;
- назорати дохилии риояи талаботи Тартиби мазкурро мунтазам ба роҳ монанд;
- пайвасткунии муштариёнро ба шабакаи худ танҳо бо талаби шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (корти идентификатсионӣ) ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ, иштироки бевоситаи соҳибони онҳо ва баъди ба расмият даровардани фурӯши симкортҳо ба амал бароранд;
- хариду фурӯши симкортҳоро танҳо дар объекту иншоотҳои соҳаи алоқа ба роҳ монанд;
- маълумоти дахлдорро дар бораи муштарӣ дар махзани маълумот нигоҳ доранд;
- маълумоти дахлдорро дар бораи муштарӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ соҳаи алоқаи барқӣ пешниҳод намояд;
- ҳангоми аз ҷониби дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки хизматрасонии хариду фурӯши симкортҳоро ба амал мебароранд, риоя нашудани талаботи Тартиби мазкур, шартномаи бо онҳо ба имзо расонидашударо бекор намоянд;
- ҳангоми муроҷиати муштарӣ (дар ҳолати гум ё корношоям шудани симкорт) хизматрасонии симкортро фавран қатъ намояд;
- ҳангоми ошкоркунии ҳолатҳои риоя нашудани талаботи Тартиби мазкур, ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ва мақомоти амнияти миллӣ маълумоти дахлдор пешниҳод намоянд;
- дар ҳолати ба итмом расидани мӯҳлати иҷозати буду боши шаҳрвандони хориҷӣ (шахсони бешаҳрвандӣ, ки маҳалли истиқомати доимиашон Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад), хизматрасонии симкортҳои ҷудошударо қатъ намоянд;
- ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ҳисоботи шакли муқарраршударо пешниҳод намоянд.
18. ӯҳдадориҳои дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки хизматрасонии хариду фурӯши симкортҳоро амалӣ менамоянд:
- хариду фурӯши симкортҳоро бо риояи талаботи сархатҳои якум ва дуюми банди 5 Тартиби мазкур ба роҳ монанд;
- дар нуқтаҳои фурӯши симкорт навиштаҷотҳои огоҳкунандаро оид ба пешниҳоди шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (корти идентификатсионӣ) ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ ҷойгир намоянд;
- маълумот ва ҳуҷҷатҳои дар натиҷаи фурӯши симкортҳо ҷамъовардашударо ба операторони хизмати алоқаи барқӣ ҷиҳати ворид намудан ба махзани маълумот пешниҳод намоянд;
- ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ҳисоботи шакли муқарраршударо пешниҳод намоянд.
6. Ҳукуқ ва ӯҳдадориҳои истифодабарандагони симкортҳо
19. Истифодабарандагони симкортҳо дорои ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои зерин мебошанд:
- бо операторони алоқаи барқӣ шартнома ба имзо расонанд;
- симкортро бо пешниҳоди шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (корти идентификатсионӣ) ё ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ соҳиб шаванд;
- дар ҳолати гум кардан ё корношоям шудани симкорт фавран оператори алоқаи барқии дахлдорро хабардор намоянд;
- симкортро ба дигар шахс барои истифода надиҳанд;
20. Падару модар ва шахсоне, ки падару модарро иваз мекунанд, метавонанд симкортро барои истифодабарии фарзандони ноболиғ дастрас намоянд. Падару модар ва шахсоне, ки падару модарро иваз мекунанд истифодаи симкортро аз ҷониби фарзандони ноболиғ назорат мебаранд. Ба шахсони маъюб ва шахсони маҳдудияти фаъолияти ҳаётидошта, намояндагони қонунии онҳо симкортро барои истифодабарии онҳо назорат менамоянд.