Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи рушди таълими касбии калонсолони Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи рушди таълими касбии калонсолони Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Маблағгузории татбиқи Барномаи мазкур дар доираи маблағҳои буҷетии пешбинишуда, маблағҳои махсус, маблағҳои бахши хусусӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар манбаъҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, анҷом дода шавад.
3. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ татбиқи Барномаи мазкурро дар мӯҳлатҳои муқарраргардида таъмин карда, аз ҷараёни иҷрои он ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 июли соли 2016 № 268
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Программе развития профессионального образования взрослых Таджикистана на 2016-2020 годы
В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан"
Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Программу развития профессионального образования взрослых Таджикистана на 2016-2020 годы (прилагается).
2. Финансирование реализации настоящей Программы осуществить за счет предусмотренных бюджетных средств, специальных средств, привлечения средств частного сектора, международных организаций и других источников не противоречащих законодательству Республики Таджикистан.
3. Министерствам, ведомствам, местным исполнительным органам государственной власти обеспечить в установленные сроки реализацию настоящей Программы и каждое полугодие представлять информацию о ходе её выполнения в Правительство Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Peспублики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 1 июля 2016 года, № 268