Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, № 429
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикнстон қарор мекунад:
Ба Тартиби кори комиссияҳои давлатии қабул, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, № 429 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:
- банди 24 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"24. Дар ҳолате, ки агар манзилҳо ва хонаҷоҳои дохилӣ - берунии ошёнаҳои поёнӣ мутобиқи шартҳои шартномаи пудратӣ дар асоси тиҷоратӣ фурӯхта шаванд, ба истифода қабул намудани хонаҳои истиқоматӣ бе пардози дохилӣ ва тақсимоти ҳуҷраҳои дохили манзилҳо тавассути минбаъд ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавию харҷномавӣ иҷозат дода мешавад. Дар шартномаи пудратӣ бояд талаботи техникии фармоишгар оид ба дараҷаи омодагии ҳуҷраҳои барои савдо пешбинишуда, ки аз тарафи моликони оянда пурра омода карда мешаванд, номгӯи корҳо, ҳаҷм, арзиш ва мӯҳлати анҷоми онҳо, аз тарафи фармоишгар муайяншуда ба назар гирифта шавад. Биноҳои бе пардози дохилиҳуҷрагӣ ва тақсимоти ҳуҷраҳои дохилии манзилҳо тибқи замимаҳои 3, 4 ва 5 амалӣ карда мешаванд." (замима мегардад);
- банди 26 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"26. Пас аз ба истифода қабул шудани иншоотҳои дар банди 24 Тартиби мазкур дарҷгардида фармоишгар ва моликон барои ба охир расонидани корҳои пардозгарии ҳуҷраҳо дар мӯҳлати дар шартномаи тарафайн муқарраргардида ҷавобгар мебошанд.";
- дар банди 61 зербанди г) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"г) ҷиҳати иҷрои банди 24 Тартиби мазкур корҳои сохтмонию пардозии дохилиҳуҷравиро зери назорат қарор диҳад.";
- замимаи 2 дар таҳрири нав ифода карда шавад (замима мегардад);
- замимаи 6 бо мазмуни зайл илова карда шавад (замима мегардад).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 марти соли 2016 № 153
ш.Душанбе
Ниг. ба Замимаҳо
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 июля 2015 года, №429
В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Внести в Порядок работы государственных приёмочных комиссий, их права и обязанности, утверждённый постановлением №429 Правительства Республики Таджикистан от 2 июля 2015 года следующие изменения и дополнения:
- пункт 24 изложить в следующей редакции:
"24. Допускается принимать в эксплуатацию жилые дома без внутренней отделки и разделения внутриквартирных помещений, в случае если квартиры и встроено-пристроенные помещения нижних этажей реализуются на коммерческой основе в соответствии с условиями договора подряда, с последующим внесением соответствующих изменений и дополнений в проектно - сметную документацию. Договором подряда должны быть учтены технические условия заказчика по степени готовности квартир и помещений, предназначенных для коммерческой реализации, доводимых до полной готовности будущими владельцами, перечню работ, их объёмам, стоимости, срокам завершения, установленных заказчиком. Помещений без внутренней отделки и внутриквартирного разделения осуществляется согласно приложениям 3, 4 и 5" (прилагается);
- пункт 26 изложить в следующей редакции:
"26. После приёмки объекта в эксплуатацию заказчики и собственники объектов, указанных в пункте 24 настоящего Порядка, несут ответственность за завершение работ по отделке помещений в установленные сроки согласно договора подряда.";
- в пункте 61 дополнить подпункт г) следующего содержания:
"г) во исполнение пункта 24 настоящего Порядка устанавливает контроль за строительными и отделочными работами внутри помещений.";
- приложение 2 изложить в новой редакции (прилагается);
- приложение 6 дополнить следующим содержанием (прилагается).
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 31 марта 2016 года, № 153
* Приложение