Тартиби истифодаи ҳудудҳои минтақаҳои объектҳои ҳарбӣ ва дигар ҳудудҳои реҷавӣ дар доираи ҳудудҳои шаҳр ва шаҳракҳо бо дарназардошти қоидаҳои сохтмонӣ, меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ аз 31 марти соли 2016 № 148

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "31" марти соли 2016, № 148

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "31" марти соли 2016, № 148

тасдиқ шудааст

Тартиби истифодаи ҳудудҳои минтақаҳои объектҳои ҳарбӣ ва дигар ҳудудҳои реҷавӣ дар доираи ҳудудҳои шаҳр ва шаҳракҳо бо дарназардошти қоидаҳои сохтмонӣ, меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби истифодаи ҳудудҳои минтақаҳои объектҳои ҳарбӣ ва дигар ҳудудҳои реҷавӣ дар доираи ҳудудҳои шаҳр ва шаҳракҳо бо дарназардошти қоидаҳои сохтмонӣ, меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ (минбаъд - Тартиб) тибқи моддаи 39 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, тартиби истифодабарии ҳудудҳои минтақаҳои объектҳои ҳарбӣ ва дигар ҳудудҳои реҷавиро дар доираи ҳудудҳои шаҳр ва шаҳракҳо бо дарназардошти қоидаҳои сохтмонӣ, меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

2. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода карда мешаванд:

- объектҳои махсус - нуқтаҳои идоракунии давлат ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар объектҳое, ки фаъолияти мақомоти давлатиро дар замони осоишта ва ҷанг таъмин менамоянд;

- объектҳои ҳарбӣ - қисмҳои ҳарбӣ, мавзеъҳои ҷангии қӯшунҳо, нуқтаҳои идоракунӣ, полигонҳо, шӯъбаҳои алоқа, пойгоҳҳо, анборҳо ва дигар иншооти таъиноти ҳарбӣ;

- объектҳои таҳти низом - объектҳои махсус ва ҳарбӣ, ташкилотҳое, ки барои фаъолияти онҳо чораҳои иловагии амниятӣ муқаррар гардидаанд;

- сервитут - ҳуқуқи маҳдудшудаи (гарони) истифодабарии молу мулки шахси дигар ё маҳдудияти қисмани ҳуқуқи соҳибмулк дар муносибатҳои муайяни тибқи қонун муқарраршуда;

- хати сурх - сарҳади бо ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ муқарраршуда, ки ҳудуди бинову маҳаллаҳо ва дигар қисмати сохтори банақшагириро аз кӯчаву майдон ва хиёбонҳои маҳалҳои аҳолинишин ҷудо мекунад;

- хатҳои танзими иморатсозӣ - сарҳадҳои сохтмонӣ, ки ҳангоми ҷойгиркунии бино ва иншоот бо фосила аз хатҳои сурх ё аз сарҳади қитъаи замин бо ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ муқаррар мешаванд;

...

Утверждён

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 31 марта 2016 года, №148 

Утверждён

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 31 марта 2016 года, №148 

Порядок использования территорий зон военных объектов и иных режимных территорий в пределах городской и поселковой черты с учетом строительных правил, градостроительных норм и правил

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок использования территорий зон военных объектов и иных режимных территорий в пределах городской и поселковой черты с учетом строительных правил, градостроительных норм и правил (далее - Порядок) разработан в соответствии со статьей 39 Градостроительного кодекса Республики Таджикистан и определяет порядок использования территорий зон военных объектов и иных режимных территорий в пределах городской и поселковой черты с учетом строительных правил, градостроительных норм и правил в Республики Таджикистан.

2. В настоящем Порядке использованы следующие основные понятия:

- специальные объекты - пункты управления государством и Вооруженными Силами Республики Таджикистан, а также другие объекты, обеспечивающие функционирование государственных органов в мирное и военное время;

- военные объекты - войсковые части, боевые позиции войск, пункты управления, полигоны, узлы связи, базы, склады и другие сооружения военного назначения;

- режимные объекты - специальные и военные объекты, организации, для функционирования которых установлены дополнительные меры безопасности;

- сервитут - ограниченное,(обременительное) право пользования чужим имуществом или частичное ограничение права собственника при определенных отношениях, установленное законом;

- красная линия - устанавливаемые градостроительной документацией границы, отделяющие территории зданий, микрорайонов и других элементов планировочной структуры от улиц, площадей и проспектов населенных пунктов;

- линии регулирования застройки - границы застройки, устанавливаемые градостроительной документацией при размещении зданий и сооружений с отступом от красных линий или от границ земельного участка;

...