Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2016 № 144 "Дар бораи Барномаи давлатии тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ барои солҳои 2016-2020"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ барои солҳои 2016-2020

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои Барномаи мазкур дар доираи маблағҳои ҳамасола дар Буҷети давлатӣ барои нигоҳдории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пешбинишаванда, маблағҳои махсуси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар сарчашмаҳои хусусии маблағгузорӣ чораҳои таъсирбахш андешад;

- якҷоя бо вазорату идораҳое, ки дар тобеияташон муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доранд, ҳамасола Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро барои таҳсил дар дохил ва хориҷи кишвар, бо дарназардошти талаботи иқтисодиёти миллӣ ва Барномаи мазкур, таҳия ва барои мувофиқа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

3. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон, ташкилоту корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ, инчунин иттиҳодияҳои корфармоён ҷиҳати татбиқи Барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд ва ҳангоми таҳияи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ муқаррароти онро ба инобат гиранд.

4. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти иҷрои Барномаи мазкур ҳар сол то 1 январ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 марти соли 2016 № 144

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Государственной программе подготовки специалистов с высшим профессиональным образованием на 2016-2020 годы

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Государственную программу подготовки специалистов с высшим профессиональным образованием на 2016-2020 годы (прилагается).

2. Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан:

- совместно с соответствующими министерствами и ведомствами принять действенные меры по выполнению указанной Программы в рамках средств, ежегодно предусматриваемых для содержания учреждений высшего профессионального образования в Государственном бюджете, специальных средств высших учебных заведений и других частных источников финансирования;

- совместно с министерствами и ведомствами, имеющих в своём ведомстве учреждения высшего профессионального образования, с учетом потребностей национальной экономики и данной Программы, ежегодно разрабатывать План приема студентов в учреждения высшего профессионального образования и представлять Правительству Республики Таджикистан для согласования.

3. Соответствующим министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов, учреждениям высшего профессионального образования, независимо от их формы собственности и подчиненности, государственным и негосударственным организациям и предприятиям, а также объединениям работодателей, принять необходимые меры по реализации данной Программы и учитывать его положения при разработке государственных прогнозов, концепций, стратегий и программ социально-экономического развития.

4. Министерству образования и науки Республики Таджикистан ежегодно до 1 января представлять информацию в Правительство Республики Таджикистан о ходе выполнения настоящей Программы.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г. Душанбе, 

от 31 марта 2016 года, №144