Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016 № 647 "Оид ба Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

Мутобиқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" бо мақсади ташкили низоми устувори интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои хизмати давлатӣ, фармон медиҳам:

1. Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот татбиқи Низомномаи мазкурро таъмин намоянд.

3. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 майи соли 2009, № 659 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                        Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

10 марти соли 2016 № 647