Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2016 № 53 "Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи маблағҳои дар Буҷети давлатӣ барои рушди фарҳанг пешбинишуда маблағузории татбиқи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020-ро таъмин намоянд.

3. Вазоратҳо, идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба татбиқи нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 тадбирҳои зарурӣ андешанд.

4. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон             Эмомалӣ Раҳмон

аз 9 феврали соли 2016 № 53

ш.Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Государственной программе развития учреждений культуры Республики Таджикистан на 2016-2020 годы

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Государственную программу развития учреждений культуры Республики Таджикистан на 2016-2020 годы (прилагается).

2. Министерству культуры Республики Таджикистан во взаимодействии с министерствами и ведомствами, местными исполнительными органами государственной власти в рамках средств Государственного бюджета, предусмотренных на развитие культуры, обеспечить финансирование реализации Государственной программы развития учреждений культуры Республики Таджикистан на 2016-2020 годы.

3. Министерствам и ведомствам, председателям Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов республиканского подчинения принять необходимые меры по реализации плана мероприятий Государственной программы развития учреждений культуры Республики Таджикистан на 2016-2020 годы.

4. Министерству культуры Республики Таджикистана каждое полугодие представлять Правительству Республики Таджикистана отчет о ходе выполнения плана мероприятий Государственной программы развития учреждений культуры Республики Таджикистан на 2016-2020 годы.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

 от 9 февраля 2016 года, № 53