Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2016 № 4 "Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018

Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон" ва бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон, инчунин фароҳам овардани шароити иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилӣ барои рушди иҷтимоии ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018 муайян гашта, ҳамзамон вазифадор карда шавад, ки дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати татбиқи Барномаи мазкур дар доираи маблағҳои пешбинишуда тадбирҳои зарурӣ андешад.

3. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо дар асоси Барномаи мазкур барномаҳои маҳаллии рушди иҷтимоии ҷавононро дар доираи имкониятҳои воқеии буҷети маҳаллӣ таҳия намуда, тибқи тартиби муқарраргардида иҷрои онҳоро таъмин намоянд.

4. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои амалишавии Барнома ҳар сол то охири моҳи декабр ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон              Эмомалӣ Раҳмон

аз 13 январи соли 2016 № 4

ш.Душанбе