Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ барои солҳои 2016-2020
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, эиергетика ва захираҳои об, молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик", Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Помир Энерҷӣ" ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои татбиқи Барномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
3. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- роҳбарии умумии татбиқи Барнома, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Помир Энерҷӣ"-ро амалӣ намояд;
- маълумоти аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо вобаста ба рафти иҷрои Барномаи пешниҳодшударо ҷамъбаст ва таҳлил намуда, ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои ҳисобот пешниҳод намояд.
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2009, № 73 "Дар бораи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ обӣ дар давраи солҳои 2009-2020" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 декабри соли 2015 № 795
ш.Душанбе
Барнома дар матни русӣ оварда шудааст