Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони неругоҳҳои хурди барқи обӣ барои солҳои 2016-2020 аз 30 декабри соли 2015 № 795

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "30" декабри соли 2015, № 795

тасдиқ шудааст

БАРНОМАИ АЗ ХУД НАМУДАНИ МАНБАЪҲОИ БАРҚАРОРШАВАНДАИ ЭНЕРГИЯ ВА СОХТМОНИ НЕРУГОҲҲОИ ХУРДИ БАРҚИ ОБӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2016-2020

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тавре маълум аст, дастрасӣ ба энергия асоси рушди иқтисодии ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни замон, масъалаҳои вобаста ба баланд бардоштани эътимодияти дастрасии доимӣ ба энергияи барқ ва гармиро бошиддат ҳал намуда истодааст.

2. Ҳамзамон, қисмати зиёди минтақаҳои дурдасти кишвар, ки одатан маҳалҳои аҳолинишини хурд ва аз ҳамдигар дур ҷойгиршуда доранд, имконияти дастрасӣ ба энергияи барқро надоранд. Дар Барномаи аз худ намудани манбаҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ барои солҳои 2016-2020 (минбаъд - Барнома) аз лиҳози иқтисодӣ фоиданок ва нисбатан самараноки таъмин намудани усули истеъмолкунандагони ин минтақаҳои ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ то соли 2020 пешбинӣ шудааст.

3. Яке аз вазифаҳои асосии Барнома, ин ҷалби сармоя ва фароҳам овардани шароити нисбатан мусоид барои сармоягузорон ҷиҳати васеъ истифода намудани захираҳои гидроэнергетикии дарёҳои хурд, обҳои маҷроӣ ва дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ки дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ мавҷуд мебошанд, ба ҳисоб меравад.

4. Ҳамзамон бо зиёд гардидани шумораи нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ ва ба фаъолият шурӯъ намудани нерӯгоҳҳо бо истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, масъалаи оқилона ва аз лиҳози иқтисодӣ самарабахш идора намудан ва хизматрасонии ин иншоотҳо хеле муҳим арзёбӣ гардида истодааст.

5. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои намудҳои зиёди захираҳои гуногуни манбаъҳои барқароршавандаи энергия мебошад, аз ҷумла:

- энергияи офтобӣ - давомнокии солонаи дурахши офтоб дар ҳудуди ҷумҳурӣ тақрибан 2000 - 3000 соатро дар як сол дар тамоми минтақаҳои кишвар ташкил мекунад. Бо мақсади ваоеъ истифода бурдани энергияи офтоб ва таъмини оилаҳои камбизоат, иншооти тандурустӣ, маориф ва манзилҳои собиқадорони ҷангу меҳнат бо энергияи барқ, бо дасттирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2009-2014 ба 13 ноҳияи дурдаст 2 433 адад дастгоҳҳои офтоби, бо иқтидори 88,7 кВт дастрас карда шуд.

Дар якҷоягӣ бо Бонки Рушди Осиё, Ширкати энергетикии "Вепа"-и Олмон, Ширкати "Глобал Гигаватт"-и Нидерландия ва Ширкати "ZТЕ"-и Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳамкориҳо бобати васеъ истифода намудани лавҳаҳои офтобӣ ба роҳ монда шудааст. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо коршиносони Бонки Рушди Осиё бо мақсади омӯзиши имкониятҳои насби лавҳаҳои офтобӣ дар тамоми минтақаҳои дурдасти кишвар таҳқиқот гузаронид. Бо дарназардошти натиҷаҳои таҳқиқот барои 138 деҳаҳо ҷиҳати насби таҷҳизоти барқии офтобӣ асосноккунии техникию иқтисодӣ омода гардид;

- энергияи шамолӣ - яке аз маъмултарин манбаи барқароршавандаи ғайрианъанавии энергия ба шумор меравад. Самаранок истифода бурдани дастгоҳҳои истеҳсолкунандаи энергия аз ҳисоби шамол танҳо вобаста ба ҳолати суръати муайяни шамол, яъне на камтар аз 5 м/с. имконпазир аст. Бинобар ин, истифода бурдани энергияи шамол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ҳангоми таҳқиқоти ҷиддӣ бо омода намудани асосноккунии техникӣ иқтисодии он мувофиқи мақсад мебошад. Дар ин самт, ба таври таҷрибавӣ дар деҳаҳои Учқул, Мискинобод ва Бунгакиёни ноҳияҳои Шӯрообод ва Файзобод бо ҷалби сармояҳои ташкилотҳои байналмиалӣ, ШСХК "Барқи Тоҷик" ва шахсони воқеӣ 9 дастгоҳҳои истеҳсолкунандаи энергия аз ҳисоби шамол бо иқтидори 5,1 кВт. насб гардидааст,

6. Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ барои. солҳои 2016-2020 ба марҳилаи навбатии зиёд намудани дастрасӣ ба энергияи барқ дар ноҳияҳои дурдасту баландкӯҳ равона гардида, вусъат бахшидан ба рушди иқтисодӣ иҷтимоӣ, васеъ намудани саҳми нн ноҳияҳо дар истиқлолияти озуқавории кишвар, ташкил намудани сайёҳӣ ва фароҳам овардани шароити муосири истироҳат дар ноҳияҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаро дар бар мегирад.

7. Барномаи мазкур дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, татбиқи амалии он имконият медиҳад, ки манбаъҳои барқароршавандаи энергияи аз лиҳози иқтисодӣ фоидаовар самаранок истифода карда шаванд.

8. Истифодаи иқтидори дарёҳои хурду миёнаи ҷумҳурӣ барои сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ бештар аз 30 ҳаз. МВт-ро бо истеҳсоли тақрибаи 100 млрд. кВт.с. энергияи барқи солона ташкил менамояд.

9. Тадриҷан аз худ намудани ин захираҳо имкон фароҳам меорад, ки на танҳо мушкилоти иҷтимоии экологии аҳолии афзоишёбанда қонеъ карда шавад, балки саҳми ин ноҳия: озуқаворӣ ва иқтисодии кишвар зиёд гардонида шавад.

2. БАҲОДИҲИИ ЗАХИРАҲОИ МАВҶУДА ВА ИҚТИДОРИ МАНБАЪҲОИ БАРҚАРОРШАВАНДАИ ЭНЕРГИЯ

10. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аз рӯи шумораи пиряхҳои азим ва дарёҳои куҳӣ, ки аксарияти ҳудуди ҷумҳуриро дар бар мегирад, яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, ин дарёҳо дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ мебошанд. Барои баҳогузории захираҳо ва иқтидори манбаъҳои баркароршавандаи энергия маълумоти гидрологии дарёҳо истифода шуд, доир ба энергияи офтоб, шамол ва геотермалӣ маълумоти мавҷудбудаи метеорологӣ ва нуқтаҳои санҷишӣ гирд оварда шудааст. Аз рӯи баҳодиҳии пешакӣ захираҳои барқароршавандаи энергия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷадвали зерин нишон дода шудааст.

 

Ниг. ба ҷадвал

Захираҳои манбаъҳои барқароршавандаи энергияи Тоҷикистон

 

3. ЗАРУРАТИ ТАҲИЯИ БАРНОМА

11. Айни занон, муносибатҳо дар соҳаи азхудкунӣ ва истифодабарии манбаъхои барқароршавандаи энергия дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия" ба танзим дароварда мешаванд. Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқиро миёни мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ав ҳуқуқӣ дар самти истифодабарии самараноку оқилонаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба танзим медарорад. Қонун асосҳои ҳуқуқию исқтисодиро, ки баҳри боло рафтани сатҳи сарфаҷӯии энергия, кам гаштани таъсири номатлуби он ба муҳити зист ва иқлим, сарфа намудан ва нигоҳ доштани манбаъҳои бақароршавандаи энергия барои наслҳои оянда равона карда шудаанд, муайян менамояд.

Барои аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия як қатор ҳуҷҷатҳо омода карда шудаанд, аз ҷумла:

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия";

- санадҳои зерқонунӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия";

- қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи қоидаҳои таҳия намудани Кадастри давлатии манбаъҳои барқароршавандаи энергия";

- маҷмӯи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва стандартҳои миллии амалкунанда оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия".

12. Дар татбиқи амалии Қонун Ҷумҳурии Тоҷикиотон "Дар бораи истифодаи манбаҳои барқароршавандаи энергия" ва дигар ҳуҷҷатҳои қабулшуда таҷрибаи кофӣ ба даст оварда шуда, заминаи истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия васеъ гардидааст.

13. Татбиқи амалии ҳуҷҷатхри қабулшуда, зарурати такмили минбаъдаи заминаи меъёрии ҳуқуқӣ оид ба азхудкунии манбаъҳои барқароршавандаи энергия беҳтар ба роҳ мондани ташкили истифодабарӣ ва хизматрасонии манбаъҳои барқароршавандаи энергияи мавҷударо иишон дод.

14. Зарурати таҳияи Барнома бо мақсади пешгирӣ намудани норасогиҳои мавҷуда дар раванди сохтмон ва истифодабарии нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ, ки ба зиёд шудани ҳаҷми сармоягузориҳо монеа мешаванд ва ба самаранокии иқтисодии баъзе нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ сохташуда таъсири манфӣ мерасонанд, пеш омадааст.

15. Ҳамзамон, мӯҳлати амали ҳуҷҷатҳои асосӣ барои рушди энергетика дар кишвар ба охир расонида истодааст, аз қабили:

- Консепсияи рушди соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2003-2015;

- Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, ки ҳуҷҷатҳои асосии стартегияи ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, афзалиятҳо ва самтҳои умумии сиёсати давлатро, ки ба ноил гардидан ба рушди боэътимоди иқтисодӣ, осон намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои асосии иҷтимоӣ ва паст намудани камбизоатӣ равона карда шудааст, муайян менамояд. Ҳалли масъалаи зикргардида, равишу усулҳои навро дар вазъи воқеии иқтисодӣ ҳангоми азхудкунии манбаъҳои барқароршавандаи энергия талаб менамояд.

4. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА

16. Мақсади барномаи ин беҳтар намудани сатҳи таъминоти барқи аҳолии минтақаҳои дурдаст ва балндкӯҳ, баланд бардоштани самаранокии иқтнсодшо энергетикии неругоҳҳои хурди барқи обии сохташаванда ва фароҳам овардани шароит ҷиҳатн ба таври фаврӣ хизмат расонидан ба нерӯгоҳҳои хурди барқи обии амалкунанда, таъмир ва истеҳсоли имконпазири қисмҳои эҳтиётии онҳо барои нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ дар Тоҷикистон иборат мебошад.

17. Ҳамчуиин Барнома ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ, рушди ин минтақаҳо ва ҳавасмандгардонии онҳо барои зист дар ин минтақаҳо бо роҳи ташкил намудани системаи таъминот бо нерӯи барқ ва таъмири дастгоҳҳо аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия, баланд бардоштани самаранокии иқтисодин истифодабарии таҷҳизотҳои барқии мавҷуда ва ҷалбн сармоя барои ин иншоотҳо, ҳифзи экологияи ноҳияҳои баландкӯҳ аз буридани ҷангалу буттаҳо барои сӯзишворӣ, рушди сайёҳӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар соҳаи туризм, саҳм дар амнияти озуқавории кишвар тавассути коркарди маҳсулот дар маҳалҳо ва нигоҳдории самараноки онҳо, аз худ намудани боигариҳои табиӣ, сохтмони корхонаҳои истихроҷ ва коркардн канданиҳои фоиданоки маҳаллӣ, таъсисн ҷойҳои нави корӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети ҷумҳурӣ аз ҳисоби рушди иқтисодии ин ноҳияҳо равона карда щудааст.

18. Дар Барномаи мазкур як қатор чорабиниҳои маҷмӯӣ вобаста ба ҳалли вазифаҳои базиммагирифта ва рушди энергетикаи хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои зерин пешбинӣ гардидааст:

- сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ, ки лоиҳаи корӣ, асосноккуиии техникию иқтисодӣ ва сармоягузор доранду сохтмон ва баистифодадиҳии онҳо дар давраи солҳои 2016-2020 ба нақша гирифта шудааст;

- сохтмони иерӯгоҳх,ои хурди барқи обӣ, ки асосноккунии техникию иқтисодӣ доранд ва дар давраи солҳои 2016-2020 ба сармоягузорон пешниҳод карда мешаванд;

- сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ дар иншооти ирригатсионӣ ва обҳои маҷроӣ, ки дорои асосноккунии техникию иқтисодӣ буда, барои пешниҳод ба сармоягузорон дар давран солҳои 2016-2020 пешбинӣ шудаанд;

- омода намудани асосноккунии техникию икгисодӣ ва лоиҳаҳои корӣ бо ҷалби сармоягузорӣ дар давраи солҳои 2016-2020 барои сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ;

- бо ҷалби сармоягузорӣ дар давраи солҳои 2016-2020 насб намудани дастгоҳҳои баркди офтобӣ дар минтақаҳое, ки асосноккунии техникию иқтисодиашон омода шудааст;

- бо ҷалби сармоягузорӣ дар давраи солҳои 2016-2020 омода намудани асосноккунии техникию иқтисодӣ барои дастгоҳҳои истеҳсолкунандаи энергияи барқ бо истифода аз шамол.

5. МУҲИМИЯТИ ҚАБУЛИ БАРНОМА

19. Зарурати аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок истифода бурдани минтақаҳои баландкӯҳ ва дурдасти кишварро метавон танҳо бо таъмини дастрасии аҳолии он, корхонаҳои соҳаи кншварзӣ ва корхонаҳои истеҳсолии маҳаллӣ ба энергияи барқ ба даст овард. Марҳила ба марҳила ноил гардидан ба ин ҳадаф ва ҳалли вазифаҳои Барномаи мазкур имкон медиҳанд, ки ноҳияҳои дурдасте, ки дар онҳо хатҳои интиқоли барқи марказӣ вуҷуд надорад, алоҳида аз системаи умумиҷумҳуриявии энергетикӣ бо нерӯи барқ таъмин гарданд. Омилҳое, ки муҳимияти Барномаи мазкурро баланд мебардоранд, ба бартарафсозии монеаҳо ҳангоми азхудкунии энергетикаи хурд, ки ба онҳо дар раванди корҳои лоиҳакашӣ, сохтмонӣ ва баҳрабардориашон диққат дода шудааст, равона карда мешавад, аз он ҷумла:

- набудани шабакаҳои васеъ оид ба таъмири фаврӣ ва хизматрасонии дастгоҳҳои барқие, ки аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия, барқ истеҳсол менамоянд;

- набудани сохтор оид ба баланд бардоштани сатҳи тахассусии ҳайати кормандони хизматрасонии таъмир ва истифодабарии иншоотҳои манбаъҳои барқароршавандаи энергия;

- набудани ташкилотҳои молиявии манфиатдор оид ба ҷудо намудани қарзҳо барои сохтмони иншоотҳои манбаъҳои барқароршавандаи энергия;

- ҳангоми лоиҳакашӣ дарназардошт ва риояи қатъии меъёрҳову қоидаҳои сохтмонӣ ва дигар меъёрҳои ҳуҷҷатгузорӣ. Истифода намудани маълумотҳои расмии Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ;

- ҳатман гузаронидани ташхис ва мувофиқа намудани лоиҳаҳо бо ташкилотҳои дахлдор.

6. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

20. Маъмулан, нерӯгоҳҳои хурди барқии обӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷрои бевоситаи об ва ё як қисми ҷараённ об барои истеҳсоли нерӯи барқ сохта мешаванд. Таҷҳизотҳои барқӣ ва корҳои сохтмонии нерӯгоҳҳои хурдн барқи обӣ арзиши калон надошта, маблаггузориҳои калони дарозмуддатро талаб наменамоянд, Раванди сохтмони иншоотро метавон дар муддати як ё ду сол ба анҷом расонид. Ҳангоми дуруст амалӣ намудани лоиҳа ва баҳрабардории ин нншоотҳо имконияти дар муддати 3-5 сол хароҷоти онро рӯипӯш намудан фароҳам меояд.

Ин омилҳо диққати сармоягузоронро ҷиҳати амалӣ намудани лоиқаҳои мазкур ва маблағгузориҳо ҷалб месозад, Маблағгузории лоиҳаҳои манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон метавонад чунин бошанд:

- буҷетӣ - маблағгузории иншооти энергетикаи хурд аз ҳисоби буҷет, тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷонибӣи вазорату идораҳо, ширкатҳои давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешаванд;

- хусусӣ - дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтмони иншоотҳои хурди энергетик,, шахсони воқеӣ метавонанд иштирок ва маблағгузорӣ намоянд. Айни замон, аз 281 нерӯгоҳҳои хурди барқии обии мавҷуда 196-тоаш аз ҳисоби маблағҳои шахсони воқеӣ сохта шудаанаш аз ҳисоби шудаанд;

- аз ҳисоби маблағҳои худии ШСХК "Барқи Тоҷик" - айни замон баъзе лоиҳаҳои энергетикаи хурд амалӣ шуда, истода, ҳайати кории назораткунандаи фаъолияти иншоотҳо ба ширкат вобастаро доро мебошад. Дар тавозуни ШСХК "Барқи Тоҷик" 16 нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ қарор дорад, ки вобаста ба онҳо маълумоти фаврии шабонарузи гирд оварда мешавад; :

- аз ҳисоби маблағҳои ҶСК "Ширкати помир Энерҷӣ" - Ширкат ба иншооти энергетикаи хурде, ки дар ҳудуди ВМКБ ба Ширкат таалуқ дорад,; роҳбарӣ мекунад. Бо тамоми иншооти новобаста аз шакли моликияташон ҳамкорӣ намуда, да ҳолати ба миён омадани мушкилот кӯмак менамояд;

- маблағгузориҳон бонкӣ (тиҷоратӣ) - Барои сохтмони иншооти хурди энергетикӣ, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, метавон аз қарзҳои имтиёзноки ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва бонкҳо бо пешниҳоли нақшаи - тиҷоратӣ аз ҷониби сармоягузорон истифода бурд.

21. Дар Барнома маблағгузории як қатор иншооти хурди энергетикӣ пешбинӣ гардидааст:

- дар заминаи 1 номгӯи "Иншооти хурди гидроэнергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки лоиҳаҳои корӣ тва сармоягузор дошта, сохтмонашон дар давраи солҳои 2016-2020 пешбинӣ шудааст" оварда шудааст. Ба он 11 нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ, ки дорои лоиҳаи корӣ буда, иқтидори муқарраршудаашон 2855 кВт-ро ташкил медиҳад, ворид карда шудааст;

- дар заминаи 2 "Иншооти хурди гидроэнергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки лоиҳаҳои асосноккунии техникию иқтисодӣ дошта, бо муайян шудани сармоягузор корҳо солҳои 2016-2020 амалӣ мегарданд", оварда шудааст. Ба он 14 нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ бо иқтидори муқарраршудаи 60277 кВт ворид карда шудааст;

- дар замимаи 3 номгӯи "Иншооти хурди гидроэнергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иншоотҳои ирригатсионӣ ва самти ҷараёни об сохташаванда, ки дорои ососноккунии техникию иқтисодии қаблӣ мебошанд ва дар онҳо сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ ба нақша гирифта шуда, ҷиҳати амалӣ намудани сохтмонашон дар давраи солҳои 2016-2020 ба сармоягузорон пешниҳод мегарданд" оварда шудааст. Ба он 17 нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ бо иқтидори 1840 кВт пешбинӣ гардида, ворид карда шудааст;

- дар замимаи 4 номгӯи "Иншооти хурди гидроэнергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҷалби сармоягузорон асосноккунии техникию иқтисодӣ ва лоиҳаи кориашонро дар давраи солҳои 2016-2020 омода намудан зарур мебошад" оварда шудааст. Ба он ҳамагӣ 22 иншоот иқтидори муқарраршудаи 30750 кВт ворид карда шудааст;

- дар замимаи 5 рӯйхати "Иншооти афзалиятноки дорои ососноккунии техникию иқтисодӣ барои насб намудани дастгоҳҳои гелии инфиродии фотооэлектрикӣ ва офтобӣ ҷиҳати пешниҳод ба сармоягузорон" оварда шудааст. Ба он, маҷмӯъ 138 иншоот, ки иқтидори муқарраршудаашон 4306,6 кВт-ро ташкил менамояд, ворид карда шудааст;

- дар заминаи 6 "Ҷадвали суръати миёнаи солонаи шамол дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихоб намудан ва омода намудани асоноккунии техникию иқтисодии дастгоҳҳои шамолӣ бо ҷалбӣ сармоягузорон" (метр/сония)" ворид карда шудааст.

7. ЧОРАБИНИҲО ОИД БА ҲИФЗИ ТАБИАТ

22. Ҳангоми омода намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ аз манбаъҳои барқароршавандаи энегия, ба таври ҳатмӣ бояд алоҳида қисмати махсус доир ба ҳифзи муҳити зист (қисмати экологӣ) таҳия ва ба лоиҳа ворид карда шавад. Сатҳ ва пуррагии он ва дигар шартҳо бояд ба талаботи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ арои гирифтани хулосаи ташхиси давлатӣ барои сохтмони иншоот бо истифода аз манбаъхои барқароршавандаи энергия, мутобиқат намоянд. Бо сабаби он, ки рушди энергетикаи хурд дар ноҳияҳоит баландкӯҳу дурдаст пешбинӣ шуда, баъзе аз иншоотҳо дар минтақаи мамнӯъгоҳҳо ва қисми дигар дар минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳи, ки ҳамчун минтақаҳои дори олами бойи ҳайвоноту наботот тафсиф мешаванд, сохта мешаванд, дар ин ҳолат баҳодии таъсир ба муҳити атроф ва натиҷаҳои имконпазири онҳо аз рӯи самтҳои зерин, ба роҳ монда шавад:

- чорабиниҳо вобаста ба муҳофизати замин (хок) олами наботот ва ҳайвонот;

- чорабиниҳо вобаста ба ҳифзи обу манбаъҳои моҳипарварӣ;

- чорабиниҳо вобаста ба хуб нигоҳ доштани вазъи экологӣ, дар минтақаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ.

23. Хусусияти алоҳидаи ҳар як нерӯгоҳва имкони сохтани онро дар минтақаи мамнӯъгоҳҳо ба инобат гирифта, аз ҷониби ташкилотҳои экологӣ вобаста ба татбиқи ин лоиҳаҳо ташхиси экологӣ гузаронида мешавад.

 

Ниг. ба Замимаҳои 1,2,3,4,5,6

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 30 декабря 2015 года, № 795

ПРОГРАММА ОСВОЕНИЯ ВОЗОБНОВЛЯЕМЫХ ИСТОЧНИКОВ ЭНЕРГИИ И СТРОИТЕЛЬСТВА МАЛЫХ ГИДРОЭЛЕКТРОСТАНЦИЙ НА 2016-2020 ГОДЫ

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Известно, что доступ к энергии является основой экономического развития любой страны. Республика Таджикистан, в настоящий момент, интенсивно решает вопросы, связанные с повышением надёжности постоянного доступа к электроэнергии и теплу.

2. Вместе с тем, обширные, высокогорные и труднодоступные районы страны, как правило имеющие небольшие, разрозненные поселения не имеют доступа к электричеству. В Программе освоения возобновляемых источников энергии и строительства малых гидроэлектростанций на 2016-2020 годы (далее-Программа) предложен наиболее эффективный и экономически выгодный способ энергообеспечения потребителей этих регионов республики до 2020 года.

3. Одним из главных задач. Программы является привлечение инвестиций и создание более благоприятных условий инвесторам для широкого использования потенциала гидроэнергетических ресурсов малых рек и водотоков, имеющихся во всех регионах республики и других возобновляемых источников энергии.

4. Вместе с тем, с ростом количества малых гидроэлектростанций и введения их в действия с использованием возобновляемых источников энергий, всё более важным становится вопрос, грамотного и экономически выгодного управления этими объектами.

5. Республика Таджикистан обладает значительными потенциальными возможностями по многим видам возобновляемых источников энергий, таких как:

- солнечная энергия - годовая продолжительность солнечного сияния на территории республики колеблется от 2000 до 3000 часов в году. В целях широкого использования солнечной энергии, обеспечении малоимущих семей, объектов здравоохранения, народного образования, жилья ветеранов войны и труда, при поддержке Правительства Республики Таджикистан в 2009-2014 годах было доставлено в 13 отдалённых районов 2433 единиц солнечных установок с общей установленной мощностью 88,7 кВт. Для широкого использования солнечных панелей, ведется совместная работа с Азиатским Банком Развития, Энергетической Компанией "Депа"-Германии, Компанией "Глобал Гигават" - Нидерландии и Компанией "ZTE"- Китайской Народной Республики.

Министерство энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан совместно с экспертами Азиатского Банка Развития провели обследование с целью изучения возможности установки солнечных панелей во всех отдалённых районах страны. С учетом результатов обследования для установки солнечных панелей, по 138 селам были подготовлены технико-экономические обоснования;

- энергия ветра - является одним из наиболее известным нетрадиционным возобновляемым источником энергии. Эффективность использования установок по переработке энергии ветра возможно за счет её скорости, при скорости ветра не менее 5 м/сек. Поэтому, использование энергии ветра в Таджикистане целесообразно осуществлять только при тщательной обследовании и его технико-экономического обоснования. В этом направлении, в виде эксперимента, в селах Учкул, Мискинабад и Бунгакиён Шуроободском и Файзабадском районах с привлечением инвестиций международных организаций, ОАХК "Барки Точик" и физических лиц установлено 9 ветровых установок, общей установленной мощностью 5,1 кВт.

6. Программа освоения возобновляемых источников энергии и строительства малых гидроэлектростанций на 2016-2020 годы, направлена на очередной этап по увеличению доступа к электроэнергии в труднодоступных и отдаленных районах страны, и включает в себя ускорение экономического и социального развития, увеличение возможностей вклада этих районов в продовольственную независимость страны, организации туризма и создание современных условий отдыха, в этих экологически чистых отдаленных районах.

7. Данная Программа была разработана в соответствии с поручением Правительства Республики Таджикистан, практическая реализация которой позволит экономически эффективно использовать потенциал возобновляемых источников энергии.

8. Возможности вовлечения потенциала малых и средних рек республики, для строительства малых ГЭС, составляет более 30 тыс. МВт, с годовой выработкой электроэнергии порядка 100 млрд. кВт. час/год.

9. Последовательное освоение этих ресурсов, позволит не только решать социальные и экологические проблемы растущего населения, но и значительно увеличить вклад этих районов в продовольственную безопасность и экономику страны.

2. ОЦЕНКА ИМЕЮЩИХСЯ РЕСУРСОВ И ПОТЕНЦИАЛА ВОЗОБНОВЛЯЕМЫХ ИСТОЧНИКОВ ЭНЕРГИИ

10. Таджикистан занимает ведущее место в Центральной Азии по количеству крупных ледников и горных рек, покрывающих практически всю территорию республики и эти реки обладают значительным гидроэнергетическим потенциалом. Для оценки ресурсов и потенциала возобновляемых источников энергии были использованы гидрологические данные рек, солнечной ветровой, геотермальной энергии, собраны данные по существующим метеостанциям и постам наблюдения. По предварительным подсчетам, потенциал ресурсов возобновляемых источников  энергии в Республике Таджикистан показан  нижеуказанной таблице.

*таблица

3. НЕОБХОДИМОСТЬ РАЗРАБОТКИ ПРОГРАММЫ

11. В настоящий момент взаимоотношения в области освоения  использования возобновляемых источников энергии на территории Республики Таджикистан регулируются Законом Республики  Таджикистан "Об использование возобновляемых источников энергии". Данный Закон регулирует правовые отношения, возникающие между государственными органами, физическими и  юридическими лицами в сфере рационального и эффективного использования  возобновляемых источников энергии. Закон определяет правовые и экономические основы, обеспечивающие повышение уровня энергосбережения, снижение уровня антропогенного воздействия на окружающую среду и климат, экономию ж сохранение не восстанавливающих и источников энергии для будущих поколений.

Подготовлен целый ряд документов  для освоения возобновляемых источников энергии, в том числе:

 - Закон Республики Таджикистан "Об использовании возобновляемых источников энергии";

 - подзаконные акты к Закону Республики Таджикистан "Об использовании  возобновляемых источников энергии";

- постановление Правительства Республики Таджикистан "Об утверждении  правил ведения Государственного кадастра возобновляемых источников энергии";

- сборник нормативных правовых актов и действующих национальных стандартов по возобновляемых источников энергии".

12. Накоплен опыт практического применения вышеназванного Закона и других принятых документов и расширилась базa использования возобновляемых источников энергии.

 13. Практическое применение принятых документов, показало необходимость  дальнейшего совершенствования нормативной правовой базы по освоению возобновляемых источников энергии, улучшению организаций эксплуатации и обслуживания уже действующих возобновляемых источников энергии.

14. Необходимость разработки Программы вызвана актуальностью преодоления имеюющихся недостатков в процессе строительства и эксплуатации малых гидроэлектростанции, что сдерживают рост инвестиций и препятствует экономической эффективности некоторых уже построенных малых гидроэлектростанций.

15. Вместе с тем заканчивается срок действия основополагающих документов в области развития страны и энергетики, таких как:

- Концепция  раввития отраслей топливно-энергетического комплекса Республики Таджикистан на период 2003- 2015 годов;

- Национальная стратегия Республики Таджикистан для периода до 2015 года, которая является основным стратегическим документом страны и определяет приоритеты и общие направления государственной политики, ориентированные на достюкение устойчивого и экономического роста, облегчение доступа населения к базовым социальным услугам и снижения бедности. Выполнение подчеркнутых задач требует новых  подходов и решению вопросов, в реальной экономической обстановке при освоении возобновляемых источников энергии.

4. ЦЕЛЬ И ЗАДАЧИ ПРОГРАММЫ

16. Целью Программы является повышение электрэнергообеспечения населения отдаленных и высокогорных районов, повышение экономической и энергетической эффективности вводимых в работу малых электростанций и создание условий по оперативному обслуживанию существующих малых электростанций, их ремонту, а также возможному производству оборудования для МГЭС в Таджикистане.

17. В том числе, Программа направлена на улучшение социального положения населения, развитие этих регионов, и привлекательность проживания в этих районах путем обеспечения электроэнергии и ремонта оборудования за счет возобновляемых источников энергии, повышения экономической эффективности использования существующего электрооборудования и привлечения инвестиций для этих сооружений, защиты экологии высокогорных районов от вырубки лесов и кустарников для топлива, развития туризма и повышения качества обслуживания в сфере отдыха, вклада в продовольственную безопасность страны, путём переработки продукции на местах и эффективного её сохранения, освоения природных богатств, создание предприятий по добыче и переработке местных полезных ископаемых, создание новых рабочих мест и увеличения бюджета страны за счет экономического развития этих районов.

18. В настоящей Программё предусматривается комплекс мероприятий по решению поставленных задач и развитию малой энергетики в Республике Таджикистан, по следующимим направлениям:

- строительство малых гидроэлектростанций, имеющих рабочие проекты, технико-экономические обоснования и инвесторов, намеченные к строительству и пуску в эксплуатацию, на период 2016-2020 годы;

- строительство малых гидроэлектростанций, по которым имеются технико-экономические обоснования для предложений инвесторам в 2016-2020 годах;

- строительство малых гидроэлектростанции, на ирригационных сооружениях и водотоках, по которым имеются технико-экономические обоснования предусмотренные для предложения инвесторам на период 2016-2020 годов;

- подготовка технико-экономических обоснований и рабочих проектов с привлечением инвестиций на период 2016-2020 годов, для строительства малых гидроэлектростанций;

- установка солнечных электрических установок на местах, по которым разработаны технико-экономические обоснования, с привлечением инвестиций на период 2016-2020 годов;

- подготовка технико-экономических обоснований для ветровых установок, с привлечением инвестиций на период 2016-2020 годов.

5. АКТУАЛЬНОСТЬ ПРИНЯТИЯ ПРОГРАММЫ

19. Необходимость расширения интенсивного, экономически эффективного использования высокогорных труднодоступных районов страны, можно решить только обеспечив доступ населения, предприятий сельского хозяйства и местных промышленных предприятий к электроэнергии. Поэтапное достижение целей и решение задач данной Программы позволят увеличить снабжение электроэнергией отдаленных и труднодоступных районов, в которых отсутствуют централизованные линии электропередач, обеспечив электроэнергией отдельно от общереспубликанской энергосистемы. Факторы, которые повышают актуальность данной Программы, направлены на устранение барьеров на пути освоения малой энергетики, на которые обращено внимание в процессе проектирования, строительства и эксплуатации малых гидроэлектростанций, среди них:

- отсутствие разветвлённой сети по оперативному ремонту и обслуживанию энергоустановок, производящих энергию от возобновляемых источников энергии;

- отсутствие структуры по повышению квалификации обслуживающего персонала по ремонту и эксплуатации объектов возобновляемых источников энергии;

- отсутствие финансовых организаций, представляющих интерес по предоставлению кредитов на строительство объектов возобновляемых источников энергии;

- при проектировании учитывать и строго соблюдать строительные нормы и правила, и другие нормативные документации. Использование официальных данных Гидрометеослужбы;

- обязательное проведение экспертизы и согласование проектов, с соответствующими организациями.

6. ФИНАНСИРОВАНИЕ ПРОГРАММЫ

20. Обычно малые гидроэлектростанции в Республике Таджикистан строятся на прямом использовании стока или части стока для выработки электроэнергии. Электрооборудования и строительные работы малых гидроэлектростанций имеют небольшую стоимость и не требует крупного долговременного финансирования. Процесс сооружения объекта может быть завершён в течение года или двух лет. При правильном осуществлении проекта и эксплуатации этих объектов их окупаемость может быть завершена в течение 3-5 лет.

Эти факторы, привлекают инвесторов на реализации данных проектов и вложения инвестиций. Финансирование проектов возобновляемых источников энергии в Таджикистане, может быть:

- бюджетным - бюджетное финансирование объектов малой энергетики осуществляется за счет бюджета в соответствии с поручениями Правительства Республики Таджикистан министерствами и ведомствами, государственными компаниями, центрами по реализации проектов и международными организациями;

- частным - в соответствии с законодательством Республики Таджикистан, в строительстве объектов малой энергетики, физические лица могут участвовать и вложить собственные средства. В настоящий момент, из 28 Существующих малых гидроэлектростанции, 196 электростанции построены за счёт физических лиц.

- за счет собственных средств ОАХК "Барки Точик" - в настоящий момент осуществляются некоторые проекты малой энергетики и содержит персонал, контролирующий работу объектов, которые относятся к Компании. На балансе ОАХК "Барки Точик" числится 16 малых гидроэлектростанции, по которым составляется суточная оперативная информация;

- за счет средств ОАО "Памирская энергетическая компания" - Компания руководит объектами малой энергетики, принадлежащими компании на территории ГБАО. Сотрудничает со всеми объектами малой энергетики, независимо от формы собственности, а при возникающих проблемах оказывает помощь;

- банковским (коммерческим) финансированием - для строительства объектов малой энергетики в соответствии с законодательством Республики Таджикистан, можно использовать льготные кредиты коммерческих и некоммерческих организаций, международных финансовых институтов и банков, при предоставлении инвестором приемлемого бизнес-плана.

21. В Программе предусмотрено финансирование ряда объектов малой энергетики:

- в приложении 1 приводится перечень "Объекты малой гидроэнергетики Республики Таджикистан, имеющие рабочих проектов и инвесторов, строительство которых намечено на период 2016-2020 годы". Включено 11 малых гидроэлектростанции, с установленной мощностью 2855 кВт;

- в приложении 2 приводится перечень "Объекты малой гидроэнергетики Республики Таджикистан, по которым имеются проекты технико-экономических  обоснований для реализации строительных работ  на период 2016-2020 годов.  Включено 14 малых ГЭС с установленной  мощьностью 60277 кВт;

- в приложении 3 приводится перечень "Объекты малой гидроэнергетики Республики Таджикистан на ирригационных сооружениях и водотоках, по  которым имеются предварительное технико - экономические обоснования,  намеченные к строительству малых гидроэлектростанции, для реализации строительных работ на период 2016-2020 годов". Включено 17 малых гидроэлектростанции, с установленной мощноностью  1840 кВт;

- в приложении 4 приводится перечень "Объекты малой гидроэнергетики  Республики Таджикистан, по которым необходимо с привлечением инвестиций  разработать технико-экономические обоснования и рабочих проектов на период  2016-2020 годов. Включено всего 22 объектов, установленной мощностью 30750 кВт;

- в приложении 5 приводится список  "Приоритетные объекты, имеющие технико-экономические обоснования, по  установке индивидуальных фотоэлектрических гелиоустановок, для предложения инвесторам. Всего включено 138 объектов, с установленной мощностью 4306,6 кВт;

  - в приложении 6 приводится таблица "Среднемесячная скорость ветра, по намеченным объектам, для подбора и подготовки технико-экономических  обоснований по ветровым установкам и с привлечением инвестиции".

7. ПРИРОДООХРАННЫЕ МЕРОПРИЯТИЯ

22. При подготовке проектной документации для строительства малых гидроэлектростанций из возобновляемых источников энергии, в обязательном порядке должен быть отдельно разработан раздел об охране окружающей среды  (экологический раздел) и введён в проект. Его уовень, полнота и другие условия  должны соответствовать установленным законодательством требованиям, для  получения заключения государственной экспертизы на строительство объекта с использованием возобновляемых источников энергии.  Поскольку развитие малой энергетики предусмотрено в высокогорных, труднодоступных районах, и некоторые из них возможно будут сооружены на территории заповедных зон, другие будут находиться в горно-предгорных зонах, характеризующихся, как  участки с наиболее интересным растительным и животным миром, оценку воздействия на окружающую среду и возможные последствия необходимо  выполнить по следующим основным направлениям: 

- мероприятия по охране почв, растительного и животного мира;

- мероприятия по охране вод и рыбоохранные мероприятия;

- мероприятия по улучшению экологической обстановки в зонах строительства малых гидроэлектростанций.

23. Принимая во внимание индивидуальность каждой станции и возможность ее строительства в заповедных зонах, на реализации этих проектов со стороны экологических организаций проводится, экологическая экспертиза.

*Приложения 1-6