Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998, № 306
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Банди 35 Низомномаи тартиби иҷозатдиҳӣ барои идораи воситаҳои нақлиёт ва ба шаҳрвандон додани асноди ронандагӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998, № 306 тасдиқ шудааст, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"35. Шаҳодатномаи ронандагӣ ва талони баҳисобгирии қоидавайронкунӣ иваз карда мешавад:
- барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, аз ҷониби воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонии Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа.
Шаҳодатномаи ронандагӣ ва талони баҳисобгирии қоидавайронкунӣ ба он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди ариза (Замимаи №6), маълумотномаи тиббӣ дар хусуси коршоям будани ронанда барои идоракунии воситаҳои нақлиёти категорияҳои дахлдор, варақаи ронандагӣ ё тасдиқномаи Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати корҳои дохилие, ки шаҳодатномаи ронандагиро додааст, дар хусуси гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ иваз карда мешаванд.
Шаҳодатномаи ронандагӣ ва талони баҳисобгирии қоидавайронкунӣ ба он берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди ариза, маълумотномаи тиббӣ дар хусуси коршоям будани ронанда барои идоракунии воситаҳои нақлиёти категорияҳои дахлдор ва шаҳодатномаи ронандагӣ иваз карда мешаванд.
Тартиби иваз кардани шаҳодатномаи ронандагӣ ва талони баҳисобгирии қоидавайронкунӣ ба он аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ ва муасссисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва намунаи ариза аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 15 декабри соли 2015 № 756
ш.Душанбе