×

Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2017 аз 28 ноябри соли 2015 № 709

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 ноябри соли 2015, № 709

тасдиқ шудааст

Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2017

1. Барномаи давлатии мусоидат ба шуӯли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2017 (минбаъд - Барнома) мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" ва ба манзури татбиқи Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2011, №277 тасдиқ гардидааст, омода карда шудааст.

2. Барнома хусусияти иҷтимоӣ ва зиддибуҳронӣ дошта, татбиқи он ба таъмин намудани кафолатҳои давлатии иҷтимоӣ, мусоидат ба шуғли шаҳрвандон ва муътадил нигоҳ доштани вазъ дар бозори меҳнати дохили кишвар нигаронида шудааст.

3. Барнома тадбирҳоро оид ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, миёнаравӣ дар бозори меҳнат, рушди касбии захираҳои меҳнатӣ, дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта, мусоидат ба шуғли занон ва ҷавонон, рушди соҳибкории инфиродӣ ва таъмини кафолатҳои давлатии иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ дар бар мегирад.

4. Барнома дар асоси таҳлили нишондиҳандаҳои минтақавию соҳавии бозори меҳнат ва шуғлнокии аҳолӣ, инчунин сифати қувваҳои кории кишвар таҳия гардида, натиҷаи ҷамъбасти барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолии маҳаллӣ мебошад, ки аз тарафи маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ тасдиқ гардидаанд.

1. Вазъи демографӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ

5. Тоҷикистон дар байни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯи суръати афзоиши табиии аҳолӣ яке аз ҷумҳуриҳои пешсаф буда, ба ҳисоби миёна дар як сол афзоиши аҳолӣ 2,2-2,3 фоизро ташкил медиҳад.

6. Давоми солҳои 2010-2014 шумораи аҳолии доимии Тоҷикистон аз 7621;2 то ба 8352,0 ҳазор нафар афзоиш ёфт, ки 9,6 фоизро ташкил медиҳад.

7. Ба ҳолати 1 январи соли 2015 шумораи аҳолии доимии Тоҷикистон 8352,0 ҳазор нафарро ташкил дод, ки аз ин шумора 4224,3 ҳазор нафар (5.0,6 фоиз) мардон ва 4127,7 ҳазор нафар (49,4 фоиз) занон мебошанд.

8. Аз шумораи умумии аҳолии доимии Тоҷикистон 2215,5 ҳазор нафар (26,5 фоиз) дар шаҳр ва 6136,5 ҳазор нафар (73,5 фоиз) дар деҳот ба сар мебаранд.

9. Тақсимоти аҳолии доимии Тоҷикистон дар миқёси ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шумораи аҳолӣ 214,3 ҳазор нафар (2,6 фоиз), Хатлон 2971,5 ҳазор нафар (35,6 фоиз), Суғд 2455,5 хдзор нафар (29,4 фоиз), шаҳри Душанбе 788,7 хдзор нафар (9,4 фоиз) ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1922,0 ҳазор нафарро (23,0 фоиз) ташкил медиҳад.

10. Аз шумораи умумии аҳолии доимии Тоҷикистон 2892,1 ҳазор нафар (34,6 фоиз) аҳолии синну соли аз қобили меҳнат ҷавон, 5046,0 ҳазор нафар (60,4 фоиз) қобили меҳнат ва 413,9 ҳазор нафар (4,9 фоиз) аҳолии аз синну соли қобили меҳнат калон мебошанд.

11. Ҷавонон (аҳолии синну соли 15-29-сола) 2528,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ки ба 50,1 фоизи аҳолии синну соли қобили меҳнат рост меояд. Ба таври дигар, 50,1 фоизи аҳолии қобили меҳнат ҷавонон мебошанд. Тамоюли тағйирёбии аҳолии синну соли қобили меҳнат ва аз қобили меҳнат калонсол тайи солҳои 2010-2014 дар диаграммаи 1 оварда шудааст.

Ниг. ба Диаграммаи 1

ДИАГРАММАИ 1 БАРНОМАИ № 709 АЗ 28.11.2015

12. Тавре ки ба назар мерасад, дар баробари афзоиш ёфтани шумораи аҳолии қобили меҳнат, аҳолии синну соли аз қобили меҳнат калонсол низ мунтазам рӯ ба афзоиш дорад ва дар панҷ соли охир 8,9 фоиз зиёд шудааст. Раванди мазкур гувоҳи он аст, ки айни ҳол тағйироти бебозгашт дар сохтори синнусолии аҳолии Тоҷикистон идома дорад ва ин ҳолат бешубҳа ба бозори меҳнат таъсир мерасонад.

13. Мусаллам аст, ки тайи солҳои охир иқтисодиёти Тоҷикистон тамоюли устувори рушдро касб намудааст ва нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ бемайлон афзоиш доранд.

14. Дар давраи солҳои 2010-2014 ва нимсолаи якуми соли 2015 ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии (минбаъд - ММД) Тоҷикистон аз 24707,1 миллион сомонӣ дар соли 2010 то 45605,2 миллион сомонӣ дар соли 2014 афзоиш ёфта (1,8 баробар), нимсолаи якуми соли 2015 ба 19158,7 миллион сомонӣ расид. Дар назар аст, ки ҳаҷми ММД дар соли 2020 нисбат ба соли 2013 бояд ду баробар зиёд карда шавад (банди 9, фасли 2 Нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №9 аз 27 июли соли 2015).

15. Мувофиқи рақамҳои оморӣ дар нимсолаи якуми соли 2015 ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ дар ММД 13,8 фоиз, маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ 12,7 фоиз, соҳаи сохтмон 12,6 фош, нақлиёт ва алоқа 12,9 фоиз, савдо, хӯроки умумӣ ва таъминоти моддию техникӣ 17,6 фоиз ва андоз аз маҳсулот 14,4 фоизро ташкил намуд. Дар диаграммаи 2 тамоюли тағйирёбии ҳаҷми ММД дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014 ва нимсолаи якуми соли 2015 оварда шудааст.

Ниг. ба Диаграммаи 2

ДИАГРАММАИ 2 БАРНОМАИ № 709 АЗ 28.11.2015

16. Дар баробари афзоиши ҳаҷми ММД тақсимоти он ба ҳар сари аҳолӣ низ тамоюл ба афзоиш дорад. Танҳо дар давоми солҳои 2010-2014 тақсимоти он ба ҳар сари аҳолӣ аз 3285,8 сомонӣ то 5523,5 сомонӣ ё ба андозаи 1,7 баробар зиёд шудааст.

17. Дар ҳамин радиф даромадҳои пулии аҳолӣ ва хароҷоту пасандозҳои аҳолӣ низ мутобиқан афзоиш ёфтанд.

18. Даромадҳои пулии аҳолӣ давоми солҳои 2010-2014 аз 13256,0 миллион сомонӣ то ба 24196,5 миллион сомонӣ расид, ки афзоиш 1,8 баробар ё 82,5 фоизро ташкил медиҳад.

19. Хароҷот ва пасандозҳои аҳолӣ бошад, аз 13948,5 миллион сомонӣ то ба 33570,1 миллион сомонӣ расид, ки афзоиш 2,4 баробар ё 140,7 фоизро ташкил намуд.

20. Хароҷоту пасандозҳои аҳолӣ дар муқоиса ба даромадҳои пулии аҳолӣ 1,4 маротиба зиёд мебошад.

21. Дар давраи мазкур, инчунин музди меҳнати миёнаи ҳармоҳа низ аз 354,4 сомонӣ то ба 816,3 сомонӣ зиёд шуд, ки афзоиш 2,3 баробар ё 130,3 фоизро ташкил медиҳад. Дар диаграммаи 3 тамоюли тағйирёбии даромадҳои пулии аҳолӣ ва хароҷоту пасандозҳои аҳолӣ барои солҳои 2010-2014 оварда мешавад.

 Ниг. ба Диаграммаи 3

ДИАГРАММАИ 3 БАРНОМАИ № 709 АЗ 28.11.2015

22. Табиист, ки ҳама ин дастовардҳо дар навбати худ ба танзими масъалаҳои бозори меҳнат дар Тоҷикистон робитаи бевосита дорад.

23. Мувофиқи омори расмӣ дар Тоҷикистон давоми солҳои 20102014 щумораи аҳолии машғули кор аз 2233,3 ҳазор нафар дар соли 2014 то 2325,4 ҳазор нафар дар соли 2014 афзудааст, ки суръати миёнаи ҳарсолаи афзояш 0,8-0,9 фоизро ташкил медиҳад.

24. Дар ҳамин давра шумораи аҳолии машғули кор дар бахши воқеии иқтисодиёти кишвар аз 1646,9 ҳазор нафар дар соли 2010 то ба 1682,6 ҳазор нафар дар соли 2014 афзудааст (2,1 фоиз).

25. Аз ҷумла, дар соҳаи кишоварзӣ (бо назардошти моҳиларварӣ) шумораи аҳолии машғули кор дар давоми солҳои 2010-2014 аз 1469,3 ҳазор нафар то ба 1524,2 ҳазор нафар зиёд шудааст (3,7%).

26. Дар соҳаи саноат (саноати истихроҷи маъдан, саноати коркард, қувваи барқ, газ ва таъминоти об) шумораи аҳолии машғули кор дар давраи мадди назар аз 90,1 ҳазор нафар то ба 96,3 ҳазор афзудааст (6,9%).

27. Дар соҳаи сохтмон бошад ин нишондиҳанда аз 72,3 ҳазор нафар то ба 61,9 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст.

28. Дар бахши хизматрасонии иқтисодиёг шумораи аҳолии машғули кор аз 586,4 ҳазор нафар тр ба 642,8 ҳазор нафар (9,6 фоиз) зиёд шудааст.

29. Дар бахши хизматрасонии иқтисодиёт афзоиши шумораи аҳолии машғули кор асосан дар соҳаи маориф, тандурустӣ, миёнаравии молиявӣ,

идораи давлатӣ ва мудофиа, амалиётҳо бо амволи ғайриманқул, савдои яклухт ва чакана ба амал омада, дар соҳаи нақлиёт ва алоқа 3,8 фоиз коҳиш ёфтааст.

30. Дар маҷмӯъ шумораи аҳолии машғули кор ҳам дар бахши воқеӣ ва ҳам дар бахши хизматрасонии иқтисодиёти кишвар тамоюли устувори афзоиш дорад.

31. Аз ин хотир, барои нигоҳ доштани устувории ин тамоюл, зарур аст, ки афзалиятҳои муайяншуда дар Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода шуда, маблағгузории Барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии ТОҷИКИСТОН дар сатҳи зарурӣ таъмин карда шаванд.

32. Татбиқи босамари ин барномаҳо заминаи муҳим дар рушди иқтисоди кишвар мебошад ва барои баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд,

2. Вазъи бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ

33. Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи қувваҳои корӣ аз рӯи баҳои пешакӣ дар моҳи июни соли 2015 2289,0 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 2231,9 ҳазор нафар (97,5 фоиз) дар соҳаҳои иқтисодиёт машғул буда, 57,1 ҳазор нафар расман мақоми бекорӣ гирифтаанд, ки 2,5 фоизи шумораи қувваҳои кориро ташкил медиҳад. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2014 шумораи қувваҳои корӣ 19,3 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст. Шумораи аҳолии машғули кор бошад, аз 2199,4 ҳазор нафар дар нимсолаи аввали соли 2014 то 2218,9 ҳазор нафар дар нимоолаи аввали соли 2015 афзудааст, ки сатҳи афзоиш дар давраи баррасишаванда 0,9 фоизро ташкил медиҳад.

34. Аз шумораи умумии аҳолии машғули кор шахсони дар рӯйхатбудаи кироякор дар корхонаҳо новобаста аз шакли моликият дар моҳи июни соли 2015 1083,4 ҳазор нафар ё 48,5 фоюи шумораи умумии аҳолии машғули корро ташкил дод. Шумораи дар рӯйхатбудаи кормандони кироя дар моҳи июни соли 2015 нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 1,3 фоиз ва нисбат ба моҳи майи соли 2015 0,1 фоиз зиёд шудааст.

35. Дар бахши воқеии иқтисодии кишвар шумораи кормандони кироя дар моҳи июни соли 2015 нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 0,1 фоиз кам шуда, 604,8- ҳазор нафарро ташкил намуд. Дар бахши хизматрасонии фаъолияти иқтисодӣ бошад, шумораи кормандони кироя дар давраи баррасишаванда 3,1 фоиз афзуда, 478,6 ҳазор нафарро ташкил дод. Ҳамин тавр, дар нимсолаи аввали соли 2015 55,8 фоизи кироякорон дар бахши воқеии фаъолияти иқтисодӣ ва 44,2 фоиз дар бахши хизматрасонии фаъолияти иқтисодӣ ба қайд гирифта шуданд.

36. Тавре маълум аст, дар ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ ғайр аз кормандода расмӣ қувваи корӣ дар шароити дуҷоякорӣ ва дар асоси қарордоду шартномаҳои дорои хусусияти шаҳрвандию ҳуқуқӣ низ истифода бурда мешавад.

37. Дар моҳи июни соли 2015 дар ин шароит 44,7 ҳазор на шаҳрвандон машғули кор буданд, ки ин нишондиҳанда ба 4,1 фоизи шумораи ҷойҳои ишғолшудаи корӣ рост меояд.

38. Шумораи кормандони дар шароити дар ду ҷо кор кардан ва бо қарордоди дорои хусусияти шаҳрвандию ҳуқуқӣ коркунанда дар бахши воқеии фаъолияти иқтисодӣ 10823 нафар ва дар бахши хизматрасонӣ 33833 нафарро ташкил намуд.

39. Дар қайди мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ охири моҳи июни соли 2015 87,6 ҳазор нафар корҷӯён бо назардошти корҷӯёни соли 2014 мавҷуд буд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,1 фоиз зиёд мебошад. Танҳо дар нимсолаи аввали соли 2015 бошад, ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 41,4 ҳазор нафар корҷӯён барои пайдо кардани ҷойи кор муроҷиат намуданд, ки дар муқоиса ба соли 2014 3,4 фоиз коҳиш ёфтааст. Аз муроҷиаткардаҳо ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 19,3 ҳазор нафарро (46,5 фоиз) занҳо ва 22,2 ҳазор нафарро (53,6 фоиз) шаҳрвандони синни 15-29 сола ташкил медиҳанд, ки ба фаъолияти меҳнатӣ машғул нестанд.

40. Шумораи шаҳрвандоне, ки бори аввал барои пайдо кардани ҷойи кор ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ муроҷиат намудаанд 23,6 ҳазор нафар (56,9 фоиз) ва шахсоне, ки умуман касбу ихтисос надоранд 19,2 ҳазор нафар ё 46,3 фоизро аз корҷӯён ташкил медиҳанд.

41. Ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар охири моҳи июни соли 2015 аз ҷониби ташкилоту муассиса ва корхонаҳо 9,5 ҳазор ҷойҳои кории холӣ пешниҳод шуд, ки аз ин теъдод 4,6 ҳазор ҷойҳои корӣ (46,8 фоиз аз шумораи умумии ҷойҳои кори холии пешниҳодшуда) ба касбҳои коргарӣ рост меояд. Талабот ба ҳар як ҷойи кори холии пешниҳодшуда 9,2 нафарро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2014 33,3 фоиз афзоиш ёфтааст.

42. Дар мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ то охири моҳи июни соли 2015 57,1 ҳазор нафар бекорон расман ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 30,6 ҳазор нафар занон (53,7 фоиз) мебошанд.

43. Сатҳи бекории расман бақайдгирифташуда 2,5 фоизро аз шумораи қувваҳои корӣ ташкил намуд. То охири моҳи июни соли 2015 ҳиссаи бештари бекорони расман ба қайд гирифташуда 49,8 ҳазор нафар ё 87,3 фоизро шахсоне ташкил медиҳанд, ки тайёрии касбӣ надоранд ва муддати тӯлонӣ дар ҷустуҷӯи кор мебошанд. Илова ба ин наздик 36,4 ҳазор нафар ё 63,8 фоизи шаҳрвандони расман мақоми бекорӣ гирифта, маълумоти миёнаи умумӣ ва миёнаи нопурра доранд. Мусаллам аст, ки ин омилҳо боиси пеш омадани мушкилиҳо дар бо кор таъмин шудани ин қабил шаҳрвандон мегардад.

44. Бояд қайд намуд, ки дар муносибатқои меҳнатӣ падидаи номатлуби дигар - бекории пинҳонӣ мебошад. Мувофиқи маълумоти омори расмӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2015 бо ташаббуси роҳбарияти ташкилоту муассиса ва корхонаҳо 9,9 ҳазор нафар шаҳрвандон ба рухсатии маҷбурӣ фиристода шудаанд, ки аз ин шумора 6,8 ҳазор нафар (68,1 фоиз) бе ҳифзи музди кор мондаанд. Инчунин, дар реҷаи ҳафтаи нопурраи корӣ ва рӯзи кории нопурра 0,5 ҳазор нафар кор кардаанд, ки бо назардошти бекории пинҳонӣ, сатҳи расмии бекорӣ 2,9 фоизро аз шумораи қувваҳои корӣ ташкил медиҳад.

45. Бо назардошти вазъи воқеӣ дар бозори меҳнат ва эҳтимолияти ногузири таъсири буҳрони молиявию иқтисоди ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, танзими масъалаи муносибатҳои меҳнатӣ ва шуғли аҳолӣ нақши аввалиндараҷаро касб менамояд ва хеле муҳим аст, ки тақсимоти аҳолии қобили меҳнат дар соҳаҳои иқтисоди кишвар мақсаднок амалӣ карда шавад.

46. Дар солҳои 2016-2017 афзоиши шумораи аҳолӣ ҳар сол тибқи пешгӯиҳо 2,0-2,3 фоизро ташкил намуда, дар соли 2017 то 8862,5 ҳазор нафар меафзояд, ки ба ташаккули бозори меҳнат таъсири бевосита дорад. Мувофиқи пешгӯиҳо шумораи аҳолӣ дар соли 2017 нисбат ба соли 2014 510,5 ҳазор нафар зиёд мешавад ва дар ин ҳолат шумораи захираҳои меҳнатӣ 406,2 ҳазор нафар ва қувваҳои корӣ 123,5 ҳазор нафар меафзояд.

47. Дар солҳои 2016-2017 ба бозори меҳнат аз ҳисоби хатмкунандагони мактабҳои олӣ 64,4 хдзор нафар, мактабҳои миёнаи касбӣ 24,1 ҳазор нафар, мактабҳои ибтидоии касбӣ 31,8 ҳазор нафар, мактабҳои миёнаи умумӣ 242,6 ҳазор нафар, хатмкунандагон бо маълумоти миёнаи нопурра 345,9 ҳазор нафар, хизматчиёни ҳарбии аз сафи Кувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон озодшуда 31,5 ҳазор нафар, кормандони аз корхонаҳо ихтисоргардида 24,4 ҳазор нафар, шахсони аз маҳбас озодшуда 1,8 ҳазор нафар ворид мегарданд. Теъдоди аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ ғайрифаъол дар ин давра 2883,6 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки ин шумора ба 53,3 фоизи захираҳои меҳнатӣ рост меояд.

48. Солҳои 2016-2017 мувофиқи Барномаи мазкур 495,7 ҳазор нафар шаҳрвандон ба намудҳои гуногуни шуғл фаро гирифта мешаванд. Тавассути мусоидати бевоситаи мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 193,3 ҳазор нафар шаҳрвандон ба шуғл фаро гирифта мешаванд, Аз ин шумора 73,9 ҳазор нафар дар корхонаю ташкилотҳо бо кор таъмин мегарданд, аз ҷумла 60,8 ҳазор нафар аз ҳисоби ҷойҳои кории холӣ, 33,1 ҳазор нафар ба тайёрии касбӣ ва бозомӯзӣ, 10,8 ҳазор нафар ба корҳои муздноки ҷамъиятӣ ҷалб мешаванд. Ҳамзамон ба 6,6 ҳазор нафар шаҳрвандон қарзҳои имтиёзнок барои ташкили соҳибкории инфиродӣ ва ба 11,7 ҳазор нафар кӯмакпулиҳо барои бекорӣ таъин ва пардохт карда мешавад. Малакаҳои касбии 6,0 ҳазор нафар шаҳрвандон бо шаҳодатнома тасдиқ карда мешаванд. Тамоюли тағйирёбии нишондиҳандаҳои шуғли аҳолӣ ва бозори меҳнат дар замимаи 1 оварда шудааст.

3. Вазифаҳои асосӣ ва самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар солҳои 2016-2017

49. Барномаи мазкур ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба сифати барномаи иҷтимоӣ ва зиддибуҳронӣ татбиқ мегардад.

50. Дар робита ба ин, мувофиқи Барномаи мазкур тайи солҳои 2016-2017 ҷунин вазифаҳои асосии сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ муқаррар мегарданд:

- васеъ намудани доираи хизматрасониҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ тавассути роҳандозӣ намудани услубҳои муосир дар раванди мусоидат ба шуғли аҳолӣ;

- таҳия ва татбиқи тадбирҳо ҷиҳати мутобиқсозии фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта ба бозори меҳнати ҷумҳурӣ, ки вурудашон ба давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ манъ шудааст;

- мусоидат намудан дар раванди бокортаъминшавӣ ба шаҳрвандони бекор, корҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути ҷойҳои кории холӣ ва ҷойҳои кории таъсисшаванда дар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ;

- мунтазам арзёбӣ намудани вазъи бозори меҳнат, муайян намудани талаботи корфармоён ба қувваи корӣ тавассути гузаронидани таҳқиқот дар бозори меҳнат;

- таҳия ва татбиқи тадбирҳо оид ба пешгирӣ аз ҳолатҳои ихтисоршавии оммавии кормандон аз ташкилоту муассиса ва корхонаҳо;

- татбиқи маҷмӯи чорабиниҳо ҷиҳати тадриҷан гузаштан аз шуғли ғайрирасмӣ ба шуғли расмӣ ва дар ин замина мусоидат намудан ба афзоиши сатҳи шуғлнокии аҳолӣ;

- гузариш аз нишондиҳандаҳои миқдорӣ ба нишондиҳандаҳои сифатӣ дар раванди таълими касбӣ тавассути роҳандозии барномаҳои муосири таълими касбӣ;

- таъмини ҳамоҳангсозии татбиқи чорабиниҳои сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ бо ҷараёни татбиқи Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030.

51. Ҳамзамон бо ин, тайи солҳои 2016-2017 афзалиятҳои зерини сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ пешбинӣ мешаванд:

- такмил додани қонунгузории ҷорӣ доир ба масъалаҳои танзими бозори меҳнат;

- таҳия ва татбиқ намудани Консепсияи рушди таълими калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- такмил додани системаи ҷамъоварии арқоми омории системаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ;

- таҳия ва дар амал татбиқ намудани механизми муосири ҳамкорӣ бо корфармоён дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо кор таъмин намудани аҳолии бекор;

- амалӣ намудани тадбирҳо ҷиҳати муайянсозии тавозуни воқеии талабот ва пешниҳод ба қувваи корӣ;

- тадриҷан таъмин намудани иҷрои Нақшаи татбиқи Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Тоҷикистон то соли 2020 ва стратегияву барномаҳои консептуалии соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ.

4. Чорабиниҳои асосии таъмини шуғли аҳолӣ

§1. Таъсиси ҷойҳои нави корӣ

52. Дар солҳои 2016-2017 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 302,3 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода мешаванд.

Аз ҷумла:

- дар корхонаю ташкилотҳои бахши давлатӣ                  - 28,6 ҳазор ҷой;

- дар корхонаю ташкилотҳои бахши коллективӣ               - 38,9 ҳазор ҷой;

- дар корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият     - 58,9 ҳазор ҷой;

- дар корхонаю ташкилотҳои бахши хусусӣ                   - 175,9 ҳазор ҷой;

53. Дар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла соҳаҳои саноат 19,3 ҳазор ҷойҳои нави корӣ, сохтмон 45,6 ҳазор, кишоварзӣ 67,9 ҳазор, нақлиёт ва алоқа 5,5 ҳазор, савдо, хӯроки умумӣ ва таъминоти моддию техникӣ 92,7 ҳазор, дигар соҳаҳо 57,8 ҳазор ва соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ 13,5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд.

54. Таъсиси ҷойҳои нави корӣ давоми солҳои 2016-2017 дар миқёси минтақаҳо ба таври зайл пешбинӣ мегардад:

- Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон                      - 17,5 ҳазор ҷой;

- вилояти Хатлон                                          - 100,6 ҳазор ҷой;

- вилояти Суғд                                            - 82,7 ҳазор ҷой;

- шаҳри Душанбе                                           - 42,5 ҳазор ҷой;

- шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ                            - 58,8 ҳазор ҷой.

Сохтори ташкилию соҳавӣ ва сохтори ташкилию минтақавии таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар замимаҳои 2 ва 3 оварда шудаанд.

§2. Миёнаравӣ дар бозори меҳнат

55. Бо назардошти вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ вазифаи асосии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ин муътадил нигоҳ доштани вазъ дар бозори меҳнати ҷумҳурӣ ва дар ин замина таъмин намудани сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.

56. Дар ҳамин радиф масъалаи баланд бардоштани сатҳи ҳамкорӣ миёни мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва корфармоён, иштироки фаъоли корфармоён дар раванди таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба тайёрии касбӣ фаро гирифтани шаҳрвандон ва бокортаъминшавии аҳолии бекор дар ҷойҳои кории холӣ ба мадди аввал мебарояд.

57. Бо ин мақсад дар доираи амали Барномаи мазкур тадбирҳои зерин пешбинӣ мешаванд:

- такмил додани махзани маълумот оид ба ҷойҳои кории холӣ ва таъмини дастрасии васеи корҷӯён ба ин маълумот;

- васеъ ба роҳ мондани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ оид ба масъалаҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар байни бекорон, корҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатӣ;

- тақвият бахшидани таҷрибаи ташкили ярмаркаҳои соҳавии ҷойҳои кории холӣ.

58. Дар доираи Барнома пешбинӣ мешавад, ки давоми солҳои 2016-2017 аз ҷониби корфармоён новобаста аз шакли ташкияию ҳуқуқӣ ва моликият ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ мутаносибан 30104 ва 30646 ҷойҳои кории холӣ (вакансия) пешниҳод мешавад, дар ин замина 720 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил карда мешавад ва тавассути роҳхатҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ давоми ин солҳо 60,7 ҳазор шаҳрвандони бекор ба шуғл ҷалб карда мешаванд.

§3. Мусоидат ба шуғли аҳолии дар бозори меҳнат рақобатнопазир

59. Барои Тоҷикистон, ки дорои захираҳои изофии қувваҳои корӣ мебошад масъалаи рушди касбии захираҳои меҳнатӣ аҳамияти хоса дорад ва таҳияву татбиқи тадбирҳо оид ба мутобиқсозии раванди таълим ва таҳсилоти қасбӣ ба талаботи воқеии бозори меҳнат, аз ҷумла роҳандозӣ намудани шаклу услубҳои инклюзивии таълими касбӣ ва дар ин замина фароҳам овардани шароит барои бо кор таъмин шудани аҳолии дар бозори меҳнат осебпазир яке аз афзалиятҳои асосӣ дар Барномаи мазкур ба ҳисоб меравад.

60. Ба табақаи осебпазири аҳолӣ дар бозори меҳнат асосан волидайни танҳо ва серфарзанд, ки дар тарбияашон фарзандони маъюб доранд, шахсони аз муассисаҳои ҷазои ҷиноӣ ва табобати маҷбурӣ озодшуда, маъюбон, шахсоне, ки аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳарбӣ аз хизмати ҳарбӣ рухсат шудаанд, дохил мешаванд ва барои бо кор таъмин намудани онҳо дар доираи Барномаи мазкур имтиёзҳои зерин пешбинӣ мегардад:

- роҳандозӣ намудани таълими касбии инклюзивӣ барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ дар марказҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ; - банд намудани ҷойҳои махсуси корӣ (квотаҳо);

- мусоидат дар ташкили фаъолияти инфиродӣ тавассути таъсиси ҷойҳои кори иловагӣ бо роҳи ҷудо намудани қарзҳои хурди имтиёзнок; - хизматрасонии машваратӣ тавассути роҳнамоии касбӣ.

61. Дар баробари ин тадбирҳо, таъсис додани ҷойҳои кории субсидияшуда барои ин табақаи аҳолӣ дар фаъолияти минбаъда тадриҷан амалӣ мешавад.

62. Дар амал татбиқ намудани имтиёзҳби пешбинигардида имконият фароҳам меорад, ки давоми амали Барнома дар маҷмӯъ 5,6 ҳазор нафар шаҳрвандонӣ ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёзманд, бо ҷойи кор таъмин карда шаванд.

§4. Мусоидат ба шуғли ҷавонон

63. Дар доираи Барнома барои бо шуғл таъмин намудани ҷавонон дар давраи татбиқи он тадбирҳои зерин амалӣ мешаванд:

- мусоидат намудан дар таъмини ҷавонон бо ҷойи кор аз ҳисоби ҷойҳои кори холии мавҷуда (30,9 ҳазор нафар);

- расонидани хизмати роҳнамоии касбӣ ва маслиҳатию машваратӣ (26,6 ҳазор нафар);

- сафарбар намудани ҷавонон ба курсҳои кӯтоҳмуҳлати тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ мувофиқи касбу ихтисосҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар (23,8 ҳазор нафар);

- ҷалби ҷавонон дар иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок (6,8 ҳазор нафар);

- дастгирии ташаббусҳои ҷавонон дар ташкили фаъолияти соҳибкории хурду миёна тавассути ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ба онҳо (3,6 ҳазор нафар);

- дастгирии иҷтимоии ҷавонон тавассути таъин ва пардохти кумакпулиҳо барои давраи бекорӣ (9,4 ҳазор нафар);

- роҳандозӣ намудани тадбирҳо дар самти тарбияи ҳуқуқии ҷавонон доир ба масъалаҳои бозори меҳнат.

64. Давоми солҳои 2016-2017 тавассути татбиқи ин тадбирҳо 101,1 ҳазор нафар ҷавонон ба намудҳои гуногуни шуғл фаро гирифта мешаванд.

§5. Мусоидат ба шуғли занон

65. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010 № 269 "Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20112020" дар доираи Барнома барои ба шуғл ҷалб намудани занон тадбирҳои зерин пешбинӣ мешаванд:

- мусоидат намудан дар таъмиии занон бо ҷои кори доимӣ аз ҳисоби ҷойҳои кори холии мавҷуда (29,7 ҳазор нафар);

- фарогирӣ ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ аз рӯи ихтисосҳои ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат (17,2 ҳазор нафар);

- дастгирии ташаббусҳои занон дар пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва худиштиғол (2,9 ҳазор нафар);

- ҷалб намудани занон ба корҳои ҷамъиятии музднок (4,5 ҳазор нафар);

- дастгирии иҷтимоии занон тавассути таъин ва пардохти кӯмакпулиҳо барои давраи бекорӣ (6,2 ҳазор нафар);

- ҷалби қувваи кории занон ба рушди ҳунарҳои мардумӣ;

- гузаронидани корҳои машваратию маслиҳатӣ оид ба роҳнамоии касбӣ (15,8 ҳазор нафар);

- ба роҳ мондани фаъолияти иттилоотӣ ва тарбияи ҳуқуқии занон.

66. Ҳамагӣ мувофиқи Барнома тайи солҳои 2016-2017 76,3 ҳазор нафар занон ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб карда мешаванд. Нишондиҳандаҳои

Барнома дар самти бо кор таъмин намудани бекорон, аз ҷумла шахсони дар бозори меҳнат осебпазир дар замимаҳои 4 ва 5 оварда шудаанд.

§6. Дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ

67. Дар натиҷаи таъсири бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба давлатҳои асосии қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ, соли ҷорӣ аз ҷониби ин давлатҳо дар қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки боиси коҳиш ёфтани муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон гардид.

68. Дар баробари ин, бо сабаби риоя накардани низоми муҳоҷират дар давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ, воридоти як қисм аз муҳоҷирони меҳнатӣ ба ин давлатҳо манъ гардид ва эҳтимолияти бозгашти теъдоди муайяни муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ватан дар назар аст.

69. Мувофиқи маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2015 аз ҳудуди ҷумҳурӣ 336 625 нафар шаҳрвандон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки аз ин шумора 331 253 нафар (98,4 фоиз) ба Федератсияи Россия мебошад.

70. Дар ҳамин давра аз муҳоҷирати меҳнатӣ 187 468 нафар шаҳрвандон ба Тоҷикистон баргаштаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,6 фоиз зиёд мебошад.

71. Дар баробари ин, мувофиқи маълумоти расмӣ воридоти 306 404 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон - муҳоҷирони меҳнатӣ ба қаламрави Федератсияи Россия манъ карда шудааст ва дар айни замон 24000 нафари онҳо аз ҷониби мақомоти муҳоҷирати кишвар ба қайд гирифта шудаанд.

72. Эҳтимол меравад, ки бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ватан дар солҳои оянда низ афзоиш меёбад ва аз ин хотир дар Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2017 тадбирҳои мушаххас оид ба дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ пешбинӣ шудаанд.

73. Аз ҷумла, дар солҳои 2016-2017 аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта тадбирҳои зерин амалӣ мешаванд:

- мусоидат намудан дар таъмини муҳоҷирони меҳнатии бозгашта бо ҷойи кор аз ҳисоби ҷойҳои кори холии мавҷуда (3,0 ҳазор нафар);

- омодасозии касбӣ, такмили тахассус ва бозомӯзӣ аз рӯи касбу ҳунарҳои мутобиқ ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ (6,3 ҳазор нафар);

- ҷалби муҳоҷирони бозгашта ба Ватан дар иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок (2,3 ҳазор нафар);.

- дастгирии ташаббуси муҳоҷирони бозгашта дар ташкили фаъолияти соҳибкории хурду миёна тавассути чудо намудани қарзҳои имтиёзнок ба онҳо (1,5 ҳазорнафар);

- хизматрасонии машваратӣ ва ҳуқуқӣ.

74. Давоми солҳои 2016-2017 дар доираи чорабиниҳои Барнома дар маҷмӯъ ба 13,1 ҳазор нафар муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта хизматрасонӣ анҷом дода мешавад.

§7. Мутобиқсозии қувваҳои корӣ ба талаботи бозори меҳнат

75. Суръати баланди афзоиши табииӣ аҳолӣ дар Тоҷикистон ва дар ин замина воридшавии шумораи афзоишёбандаи насли ҷавон ба бозори меҳнат, феълан фарогирии пурраи онҳоро ба таҳсилот ва таълими касбӣ тақозо менамояд.

76. Бар замми ин, таҳлили миқдорӣ ва сифатии сатҳи маълумотнокии бекорон дар миқёси ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки дар айни замон сатҳ ва сифати таҳсилот ва таълими касбӣ беҳбудиро тақозо менамояд, зеро ин омил барои бокортаъминшавии аҳолӣ нақши асосӣ дорад. Дар ҷадвали 1 нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва сифатии сатҳи маълумотнокии бекорон оварда мешавад.

Ҷадвали 1

77. Бо назардошти вазъи мавҷуда ва аҳамияти муҳим доштани рушди касбии захираҳои меҳнатӣ дар доираи Барнома тадбирҳои зерин амалӣ мешаванд:

- таҳкими ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии "Маркази таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таълим";

- таҳия ва татбиқ намудани барномаҳои муосири таълими касбӣ дар заминаи стандартҳои касбӣ;

- ҷалби корфармоён дар раванди таълими касбӣ;

- такмил додани механизми роҳбаладии ҳар як таҳсилгиранда аз давраи қабул ба маркази таълими касбӣ то хатми муассиса ва таъмин шудан бо ҷойи кор;

- пайваста гузаронидани тадқиқот оид ба муайянсозии талабот ба малакаҳои касбӣ;

- ташкили раванди шадодатномакунонии малакаҳои касбии шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатӣ;

-  мустаҳкам ва васеъ намудани заминаҳои моддию техникӣ ва таълимии муассисаҳои таълими касбӣ тавассути чалби сармоягузориҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ.

78. Давоми солҳои 2016-2017 дар натиҷаи татбиқи Барнома 33.1 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ фаро гирифта мешаванд (Замимаи 6). Дар баробари ин малакаҳои касбии 6,0 ҳазор нафар шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ бо шаҳодатнома тасдиқ карда мешаванд.

§8. Хизматрасонии машваратӣ ва дастгирии молиявии шаҳрвандони бекор дар рушди соҳибкории хурду миёна

79. Бо мақсади таъмини суботи иҷтимоию иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии шаҳрвандон раванди дастгирии ташаббуси соҳибкории онҳо нақши арзанда дорад.

80. Ҳадафи асосии ин тадбир ба дастгирии молиявии шаҳрвандони бекор равона гардида, он барои таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ ва бокортаъминкунии шаҳрвандони бекор, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргаштае, ки вурудашон ба ҳудудӣ кишварҳои қабулкунандаи қувваи корӣ маън гардидааст, имконият фароҳам меорад.

81. Аз ин лиҳоз бо мақсади дастгирии минбаъдаи ин раванд дар Барномаи мазкур амалӣ намудани тадбирҳои зерин пешбинӣ мегарданд:

- таҳким бахшидан ба фаъолият дар дастгирӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна дар байни шаҳрвандони бекор;.

- татбиқ намудани шаклҳои муосири раоонидани хизматҳои машваратӣ дар ташкили раванди фаъолияти соҳибкории хурду миёна;

- амалӣ намудани тадбирҳо барои дастгирии молиявии ташаббусҳои соҳибкории шаҳрвандони бекор дар бахши истеҳсолӣ, хизматрасони ба аҳолӣ ва тиҷорат;

- таҳия ва татбиқ намудани механизми муосири назорат, истифодаи мақсаднок ва гардиши маблағҳои барои рушди соҳибкорӣ пешбинишуда;

- дастгирии афзалиятноки шаҳрвандони бекор аз ноҳияҳои дурдаст ва кӯҳистон барои гирифтани қарзҳои имтиёзнок ҷиҳати ташкили соҳибкорӣ.

82. Давоми солҳои 2016-2017 тавассути татбиқи чорабиниҳои пешбинишуда 6,6 ҳазор нафар шаҳрвандон ба соҳибкорӣ ҷалб карда мешаванд (Замимаи 7).

§9. Ташкили корҳои ҷамъиятии музднок

83. Ташкил ва гузаронидани корҳои ҷамъиятии-музднок барои бо шуғли муваққатӣ ҷалб намудани аҳолии бекор тадбири хеле муассир буда, дар фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо васеъ истифода мешавад. Аз ин хотир масъалаи тавсеа бахшидан ба фаъолият дар амалӣ намудани ин тадбири фаъол аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ пайваста иқдомҳо сурат мегиранд.

84. Дар ҳамин радиф барои таҳкими фаъолият дар ин самт тайи солҳои охир қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011 № 121 "Дар бораи тасдиқи Номгӯи корҳои ҷамъиятӣ", ки иҷрои 53 номгӯи корҳои ҷамъиятиро пешбинӣ менамояд ва аз 2 марти соли 2013 № 106 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005 № 93", ки ҳаҷми иловапулиро барои иҷрои корҳои ҷамъиятӣ ба андозаи 50 фоизи ҳадди ақали музди меҳнат муқаррар менамояд, ба тасвиб расиданд.

85. Бо мақсади идома додани сиёсати фаъол дар танзими масъалаи бокортаъминкунии шаҳрвандони бекор ва корҷӯӣ, тавассути ташкил ва гузаронидани корҳои ҷамъиятии музднок дар доираи Барнома давоми солҳои 2016-2017 ҷалб намудани 10,8 ҳазор шаҳрвандон ба иҷрои ин корҳо пешбинӣ шудааст (Замимаи 8).

§10. Дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон ҳангоми бекорӣ

86. Бо мақсади дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон зимни ихтисоршавӣ аз корхонаҳо ва инчунин шаҳрвандоне, ки собиқаи корӣ надоранду ба дастгирии иҷтимоӣ ниёз доранд дар доираи Барномаи мазкур таъин ва пардохти кӯмакпулиҳо дар давраи бекорӣ пешбинӣ шудааст.

87. Дар заминаи ин тадбир давоми солҳои 2016-2017 ба 11,7 ҳазор нафар шаҳрвандон, ки аз ташкилоту муассисаҳо ихтисор мешаванд, ё шаҳрвандони бекоре, ки собиқаи корӣ надоранду ба чунин дастгирии иҷтимоӣ ниёз доранд, кӯмакпулиҳо барои давраи бекорӣ таъин ва пардохт карда мешавад (Замимаи 9).

88. Илова ба ин, дар Барнома тадбирҳо оид ба пардохти маблағҳои иловагӣ дар асоси қарори Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳар як нафар аъзои оилаи корношоями шаҳрвандони бекор ва расонидани ёрии моддӣ барои дафни шаҳрвандони расман мақоми бекорӣ дошта, ки кӯмакпулӣ мегирифтанд, низ ба назар гирифта шудааст.

§11. Такмили фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ

89. Давраи татбиқи Барнома ба замоне рост меояд, ки буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ идома дорад ва дар ин шароит муътадил нигоҳ доштани вазъ дар бозори меҳнат ва таъмини дастгирии иҷтимоии аҳолӣ барои ҳар як давлат масъалаи хеле муҳим мебошад.

90. Дар робита ба ин хеле муҳим аст, ки мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ фаъолияти густурда ва самарабахшро бо роҳ монад.

91. Барои ноил гардидан ба ин мақсад дар доираи Барномаи мазкур ҷиҳати таҳкими фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ тадбирҳои зерин пешбинӣ мегарданд:

- мақсаднок, самарабахш ва суроғавӣ истифода намудан аз маблағҳои пешбинишуда барои татбиқи Барнома;

- пайваста баланд бардоштани сатҳи тахассуси касбии кормандони мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва пурзур намудани иқтидори техникии он;

- истифода аз таҷрибаи пешқадам ва роҳандозии хизматрасониҳои муосир дар фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ;

- такмил додани системаи ҷории ҷамъоварӣ ва коркарди омори давлатӣ ва соҳавии бозори меҳнат;

- ҷалб намудани шарикони рушд дар танзими масъалаҳои бозори меҳнат.

5. Натиҷаҳои иҷрои чорабиниҳои Барнома дар солҳои 2016-2017

92. Пешбинӣ мегардад, ки тавассути татбиқи чорабиниҳои Барнома дар солҳои 2016-2017:

- дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз ҳисоби манбаъҳои гуногун 302,3 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ва барқарор карда мешаванд;

- дар ҷойҳои кории холии ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ пешниҳодгашта 60,7 ҳазор нафар корҷӯён бо кор таъмин мегарданд, аз ҷумла тавассути банд намудани ҷойҳои корӣ (квота) 5,6 ҳазор нафар шаҳрвандони ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёзманд, бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд;

- 33,1 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор, корҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ аз рӯи касбҳои мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат фаро гирифта мешаванд;

- 11,7 ҳазор бекорон кӯмакпулӣ барои бекорӣ мегиранд;

- малакаҳои касбии 6,0 ҳазор шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ бо шаҳодатнома тасдиқ карда мешаванд;

- 10,8 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор ва корҷӯён ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар мешаванд;

- ба 6,6 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор қарзҳои имтиёзнок барои ташкили корҳои фардӣ пешниҳод мегардад;

- ба 13,1 ҳазор муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан бозгашта хизматрасонии иҷтимоӣ анҷом дода мешавад;

- 720 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида мешавад;

- ба 51,2 ҳазор нафар шаҳрвандон оид ба масъалаҳои шуғл хизматҳои маслиҳатӣ ва машваратӣ расонида мешавад;

- вобаста ба имконият дар сатҳи ҷумҳурӣ ду маротиба пурсиши корфармоён барои муайян намудани талабот ва пешниҳод ба қувваи корӣ гузаронида мешавад;

- мониторинги ҷараёни татбиқ ва натиҷаи чорабиниҳои Барнома дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ гузаронида мешавад;

- системаи ҷамъоварӣ ва коркарди омори давлатӣ ва соҳавии бозори меҳнат ташаккул меёбад.

93. Дар натиҷаи татбиқи чорабиниҳои Барнома шумораи аҳолии машғули кор ҳар сол ба ҳисоби миёна 1;0-1,1 фоиз меафзояд ва имконият фароҳам меояд, ки дар ин муддат 495,7 ҳазор нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 193,3 ҳазор нафар бевосита тавассути мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ ҷалб карда шаванд.

6. Татбиқи Барнома ва назорати иҷрои он

94. Маблағгузории чорабиниҳои Барнома аз ҳисоби бахши суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, буҷетҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маблағҳои корфармоён ва ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ амалӣ мегардад.

95. Ҳаҷми умумии буҷети Барнома 35769,8 ҳазор сомониро ташкил дода, интизор меравад, ки аз он:

- 31170,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби бахши суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа;

- 4599,8 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷетҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маблағҳои корфармоён ва самоягузории ватанию хориҷӣ маблағгузорӣ карда мешавад (Замимаи 10).

96. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати тағйирёбии ғайримунтазираи вазъи бозори меҳнат маблағҳои пешбинишударо аз рӯи самтҳо ва чорабиниҳои Барнома қисман аз нав тақсим менамояд.

97. Дар буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол барои татбиқи чорабиниҳои Барнома маблағҳо пешбинӣ карда мешаванд.

98. Масъулини таъмини иҷрои Барнома вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд, ки ҷараёни иҷрои онро ҳар семоҳа дар ҷаласаҳои ҷамъбастӣ баррасӣ намуда, аз натиҷаи он ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷамъбаст ва пешниҳоди минбаъда дар ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот ирсол менамоянд.

99. Назорати иҷрои Барномаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо анҷом медиҳанд.

Замимаҳои 1-10