Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2017
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2017 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои саривақтӣ ва пурраи чорабиниҳои Барномаи мазкурро таъмин намоянд.
3. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷараёни иҷрои Барномаи зикршуда ҳар семоҳа ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
4. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раванди иҷрои ҳамин Барнома ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 28 ноябри соли 2015 № 709
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Государственной программе содействия занятости населения Республики Таджикистан на 2016-2017 годы
В соответствии со статьей 13 Закона Республики Таджикистан "О содействии занятости населения" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Государственную программу содействия занятости населения Республики Таджикистан на 2016-2017 годы (прилагается).
2. Министерству труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан, министерствам, ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов республиканского подчинения обеспечить своевременное и полное выполнение мероприятий данной Программы.
3. Министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов республиканского подчинения о ходе выполнения настоящей Программы ежеквартально представлять информацию в Министерство труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан.
4. Министерству труда, миграции и занятости населения Республики Таджикистан каждое полугодие представлять информацию Правительству Республики Таджикистан о ходе реализации данной Программы.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 28 ноября 2015 года, № 709