Оинномаи Муассисаи давлатии телевизиони "Синамо" аз 28 ноябри соли 2015 № 744

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "28" ноябри соли 2015, № 744

тасдиқ шудааст

Оинномаи Муассисаи давлатии телевизиони "Синамо"

1. Муқаррароти умумӣ

1. Оинномаи мазкур асосҳои фаъолияти ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои фаъоляяти Муассисаи давлатии телевизиони "Синамо"-ро (минбаъд - телевизиони "Синамо") муайян менамояд.

2. Муассиси телевизиони "Синамо" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

3. Муассиса фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кино", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур ба роҳ мемонад.

4. Телевизиони "Синамо", чун шабакаи давлатӣ, барномаҳои худро бо забони давлатӣ, инчунин бо дигар забонҳо дар давоми 24 соат дар як шабонарӯз пахш менамояд.

5. Телевизиони "Синамо" аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ шахси ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад.

6. Телевизиони "Синамо" дорои моликияти давлатӣ бо ҳуқуқи идоракунии амалиётӣ мебошад. Муассиса дар Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобномаҳои буҷетӣ ва махсус дошта, инчунин дорои харҷнома, тавозуни мустақил, мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи Муассиса бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, сароҳанг, нишона, аломатҳои нашрӣ ва молӣ мебошад.

7. Телевизиони "Синамо" ҳуқуқ дорад, ки аз номи худ шартномаҳо бандад, ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиро ба даст оварад, татбиқ намояд, ӯҳдадорӣ гирад, дар суд даъвогар ва ҷавобгар бошад.

8. Телевизиони "Синамо" аз нигоҳи эҷодӣ мустақил аст.

9. Суроғаи ҳуқуқии телевизиони "Синамо": Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод, 25

2. Мақсад ва вазифаҳои асосии телевизиони "Синамо"

10. Мақсади асосии телевизиони "Синамо" аз инҳо иборатанд:

- таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо филмҳои гуногунжанри миллӣ, паҳнкунӣ ва намоиши филмҳо, нигоҳдорӣ ва инкишофи заминаи моддию техникии кино, гузаронидани кинофестивалҳо, иштирок дар кинофестивалҳо ва дигар чорабиниҳои байналмилалии кинематографистон, тайёр намудани мутахассисони соҳа;

- амалӣ намудани чорабиниҳо ҷиҳати рушди минбаъдаи кинои миллӣ, ташаккули талаботи аҳолӣ ба кино, бедор кардани шавқи устувор ба ин намуди санъат, фароҳам овардани шароити зарурии моддию техникӣ барои баланд бардоштани самаранокии кори тарбиявӣ;

- ҷалби васеи табақаҳои гуногуни иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати иштироки фаъолонаи онҳо дар тамошои филмҳо тариқи телевизион ва кинотеатрҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;

- пахши филмҳои миллӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ, сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқии аҳолии мамлакат;

- мусоидат ба равандҳои солими сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси эҳтироми ҳуқуқ ва озодии шахсият, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муайян намудаанд;

- тарғиби самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кино, усулҳои татбиқи он дар асоси такмили фаъолияти касбӣ ва хоҷагидорӣ;

- мусоидат ба рушди кино, дастгирӣ ва тарғиби ташаббусҳо ҷиҳати рушди соҳаи кино, ки ба дӯстиву ҳамкории ҳамаи миллату халқиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд;

- мусоидат ба эҳёи анъанаҳои миллӣ, таҳкими фарҳанги миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ.

11. Барои амалӣ намудани мақсадҳои зикршуда телевизиони "Синамо" вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад:

- тавассути барномаҳои телевизиони "Синамо" тарғиб ва татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол, фурӯш ва паҳн намудани маҳсулоти аудиовизуалӣ, филмҳои супоришӣ ва рекламавӣ;

- пешниҳоди хизматрасонии дизайнерии телевизионӣ;

- ташкили бойгонии аудио ва видео (филмотека, видеотека, фонотека);

- дар асоси шартнома амалӣ намудани ҳамкории дуҷонибаи (бисёрҷонибаи) эҷодӣ, истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ бо ташкилотҳои телевизион ва радио;

- амалӣ намудани дигар намудҳои фаъолияти истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, молиявие, ки ба мақсаду вазифаҳои телевизиони "Синамо" мутобиқ буда, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

3. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои телевизионии "Синамо"

12. Телевизиони "Синамо" ҳуқуқ дорад:

- дар дохил ва хориҷи кишвар тибқи тартиби муқарраргардида дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунгоҳҳои мухбирони худро таъсис диҳад;

- фаъолияти намояндагӣ ва миёнравиро дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф амалӣ намояд;

- дар асоси барномаҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ фаъолияти рекламавиро ба амал бароварда, даромадро аз ин намуди фаъолият барои рушди телевизиони "Синамо" равона созад;

- тибқи тартиби муқарраргардида барнома ва маҳсулоти аудиовизуалии худро дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар паҳн намояд, эълону рекламаҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои ватанӣ ва хориҷиро пахш кунад ва муомилоти дигарро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур мухолиф нестанд, амалӣ гардонад;

- иттиҳодияҳои нави эҷодиро дар телевизиони "Синамо" таъсис диҳад.

13. Телевизиони "Синамо" ӯҳдадор аст:

- талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи воситаҳои ахбори омма риоя намояд;

- супоришу дастурҳои муассис ва мақоми ваколатдори онро мувофиқи тартиби муқарраргардида ба иҷро расонад;

- аз рӯи ӯҳдадориҳои худ бо маблағи пулие, ки дар тавозуни мустақили худ дорад, ҷавобгар бошад;

- ҳангоми истифодаи восита ва маводи аудиовизуалӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи моликияти зеҳниро, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, риоя намояд.

4. Идоракунии телевизиони "Синамо"

14. Идоракунии телевизиони "Синамо" тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур амалӣ карда мешавад.

15. Роҳбари бевоситаи телевизиони "Синамо" Директор аст, ки ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

16. Мақоми олии идоракунии телевизиони "Синамо" Шӯрои маъмурӣ мебошад, ки ба ҳайати он Директор, муовини якум ва муовини ӯ (аз рӯи вазифа), инчунин роҳбарони зерсохторҳо ва дигар кормандони масъул дохил мешаванд. Шумора ва аъзои Шӯрои маъмуриро бо пешниҳоди Директор Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва тасдиқ мекунад.

17. Муассис:

- Директорро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;

- сохтор ва Оинномаи телевизиони "Синамо"-ро тасдиқ ва дар ҳолати зарурӣ ба он тағйирот ворид мекунад;

- масъалаҳои азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии телевизиони "Синамо"-ро ҳал менамояд.

18. Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- фаъолияти касбии телевизиони "Синамо"-ро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ ва назорат мекунад;

- бо пешниҳоди Директор муовинони ӯро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;

- аъзои Шӯрои маъмурии телевизиони "Синамо"-ро бо пешниҳоди Директор тасдиқ ва аз ҳайати он хориҷ менамояд.

19. Шӯрои маъмурӣ тибқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

- муайян кардани шакл, низом ва принсипҳои пардохти ҳаққи меҳнат ва дигар намудҳои даромади кормандон;

- пешниҳоди таклифҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оиннома.

20. Қарорҳои Шӯрои маъмурӣ бо фармоиши Раиси Шӯро-Директори телевизиони "Синамо" ба расмият дароварда мешаванд.

21. Директор:

- дар муносибат бо Муассис ва мақомоти давлатӣ, пахшкунанда, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, инчунин дар суд ва дигар ҳолатҳо телевизиони "Синамо"-ро намояндагӣ мекунад;

- шартномаҳои меҳнатӣ мебандад, ваколатномаҳо медиҳад, молу мулки дар ихтиёрдоштаро идора мекунад, рӯйхати мансабҳоро тасдиқ мекунад, фармоишҳо мебарорад;

- ба кори Шӯрои маъмурӣ ва фаъолияти ҳамарӯзаи кормандон роҳбарӣ мекунад;

- иҷрои нақшаҳои ҷориву дурнамо ва фармоишҳои худро таъмин менамояд;

- тибқи қонунгузорӣ кормандонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;

- дар назди Муассис вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти телевизиони "Синамо" ҷавобгар мебошад.

5. Молу мулки телевизиони "Синамо"

22. Молу мулки телевизиони "Синамо"-ро фондҳои асосӣ ва молу мулки дигар ташкил медиҳанд. Арзиши молу мулки телевизиони "Синамо" дар тавозуни алоҳидаи мустақили он инъикос меёбад.

6. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии телевизиони "Синамо"

23. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии телевизиони "Синамо" тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "28" ноябри соли 2015, № 744

тасдиқ шудааст

Сохтори Муассисаи давлатии телевизиони "Синамо"

Ҳайати маъмурият

1. Маъмурият

Директор -1

Муовини якуми директор -1

Муовини Директор оид ба корҳои техникӣ -1

Саркоргардон -1

2. Бахши иқтисод ва баҳисобгирии муҳосибавӣ

Сармуҳосиб -1

Муҳосиб (хазинадор) -1

Муҳосиб -1

3. Бахши баҳисобгирии кадрҳо,таъминоти ҳуқуқӣ ва қоргузорӣ

Мудири бахш -1

Ҳуқуқшинос -1

4. Бахши тиҷорат ва реклама

Мудири бахш -1

Муҳосиб (хазинадор) -1

Ҳайати эҷодӣ

5. Шӯъбаи барномаҳои иттилоотию таҳлилӣ

Сармуҳаррир -1

Муҳаррири варзида -1

Коргардони дараҷаи олӣ -1

Муҳаррир -1

6. Шӯъбаи филмҳои миллӣ

Сармуҳаррир -1

Муҳаррири варзида -1

Коргардони дараҷаи олӣ - 1

Муҳаррир -1

7. Шӯъбаи филмҳои тасвирӣ

Сармуҳаррир -1

Муҳаррири варзида -1

Коргардони дараҷаи олӣ -1

Муҳаррир -1

8. Шӯъбаи дубляж ва филмҳои хориҷӣ

Сармуҳаррир -1

Муҳаррири варзида -1

Коргардони дараҷаи олӣ -1

Муҳаррир -1

9. Идораи наворбардорон, тасвирбардорон ва коргардонҳои овоз

Сардори идора -1

Тасвирбардори дараҷаи олӣ -2

Тасвирбардори дараҷаи 1 -2

Наворбардори дараҷаи олӣ -2

Наворбардори дараҷаи 1 -2

Коргардонҳои овози дараҷаи олӣ -1

Коргардонҳои овози дараҷаи 1 -1

Ҳайати техникӣ

10. Идораи таҷҳизоти студиявӣ

Сардори идора -1

Сардори баст - 3

Муҳандиси пешбар - масъули эфир -3

Муҳандиси дараҷаи II -3

Механики дараҷаи II -3

11. Шӯъбаи студияи сайёри телевизионӣ

Мудири шӯъба -1

Сардори баст -1

Муҳандиси пешбар -1

Муҳандиси кран -1

12. Шӯъбаи танзим ва банаворгирии берун аз студия

Мудари шӯъба -1

Сардори баст -1

Муҳандиси барномасоз -1

Танзимгар - 3

13. Шӯъбаи энергетикӣ ва равшанидиҳии махсус

Мудири шӯъба - муҳандис -1

Барқчӣ -1

Равшангар-2

14. Бахши корҳои ороишию басаҳнагузорӣ

Мудири бахш -1

Дуредгар -1

Декоратор -1

15. Шӯъбаи нақлиёт

Мудири шӯъба -1

Ронанда - 3

16. Бахши хоҷагӣ

Мудири бахш -1

Фаррош -2